ЛАЪНАТ БАР ХОИНОНИ НАҲЗАТӢ – ЛАЪНАТ БАР КАБИРӢ!

Ба хотир меояд: баъди мушоҳидаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» маро ба фикр андохт, ки то чӣ андоза инсон барои мақсадҳои нопоки худ расидан ваҳшиёна амал мекунад. Чунин одамон дар кишварҳои хориҷӣ бидуни шарму ҳаё даъвоҳои пуч карда, меҳану миллатро дар арсаи байналмилалӣ сиёҳ мекунанд. Хиёнатҳои роҳбарони Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) бо сардории Муҳиддин Кабирӣ дар таърихи миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯшнашаванданд. Албатта, хоинон аз бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат огоҳӣ ёфта, барои ноил шудан ба пулҳои муфт ватанбизнес мекунанд. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки ватанбизнеси онҳо зуд ва ё дер барҳам мехӯрад ва ҳамаи ватанфурӯшон бо сардории М. Кабирӣ тибқи қонунҳои кишварамон ҷазои худро хоҳанд дид. Онҳо даъвои мусалмонӣ доранд, аммо амалҳояшон ба ягон чаҳорчӯбаи дину одамигарӣ ҷавобгӯ нест. Террористони хиёнатпеша фикри чӣ тавр ташкил кардани нобасомониҳо ва ҷанг дар дохили кишварро доранд. Онҳо аз куштани инсон ягон ваҳму тарс надоранд ва аз куштори ҳазорҳо одамони осоишта ва бисёр чеҳраҳои варзида ягон пушаймонӣ низ надоранд ва ба қавли суханҳои мардумӣ «рӯйҳояшонро бел барин карда», худро чун фаришта мегиранд, ки симои мардумфиребиро ба худ касб мекунанд. Чӣ тавре ки медонем, дар Қуръони маҷид гуфта шудааст, ки гуноҳи куштани як одам баробар ба қатли тамоми инсоният аст. Лекин, ин террористон як нафару ду нафарро не, балки даҳҳо ҳазор нафар одамонро ба қатл расонида, ба кишвари навҷавонамон зарарҳои калон расонида, қариб буд, ки Тоҷикистони азизро ба арсаи нестӣ расонанд. Ба сабаби гуноҳҳои террористон ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, модарону падарон аз сабаби марги ҷигарбандашон доғи фарзандӣ чашиданд, инсонҳои зиёд хушбахтии худро гум карда, солҳои дуру дароз бадбахт шуданд, ки ҳамаи ин меваи амалҳои ТТЭ ҲНИ мебошад. Имрӯзҳо экстремистонро ба ҷои сиёҳкунии миллату давлат ва ҳукумати кишвар зарур аст, ки дар назди Ватану миллат пушаймониву тавба изҳор карда, ба қонунҳои давлатамон ҷавоб гӯянд ва барои гуноҳҳои кардаашон ҷазоҳои сазоворро лоиқ бинанд. Аз мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон хоҳиш дорам, ки ба суханҳои бардурӯғу эҳсоскунандаи хоинон, аз ҷумла, роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки аз тарафи ташкилотҳои бадхоҳи хориҷӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии эктремистиву террористии “Ансоруллоҳ”,“Ихвон-ал-муслимин” (Бародарони мусалмон), “Давлати исломӣ” ва дигарон дастгирии молиявию идеологӣ ва тарғиботиву психологӣ дорад, фирефта нашаванд, худ ва миллатро ба хатар нагузоранд, шукрона аз сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ карда, баҳри шукуфоии Ватани азизамон хизматҳои содиқона намоянд.

КАМОЛОВ Ф.А.-мудири шуъбаи илм ва

инноватсияи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *