МАКРУ ДАСИСАҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Имрӯзҳо роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ барои ташвиқу таблиғи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Бадхоҳони давлату миллат имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи фиреб ҳаргуна камбудиҳои ночизи ҷомеаро чанд баробар зиёд карда, бо ин роҳ мехоҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва суботи ҷомеаро таъмин мекунад, ба чашми мардум бадному гунаҳкор нишон диҳанд. Чунончӣ, ин навбат яке аз думравони ТТЭ ҲНИ афроде бо номи Абдураҳмон ки имрӯз дар шаҳри Милани Италия паноҳ ёфта, тибқи дастури хоҷагонаш дар барномаи ифротиаш оид ба қазияи Бадахшон суханҳои беасосу бемантиқаш мехоҳад, ки ҳаёти осоиштаи вилояти Бадахшонро халалдор намуда, вазъиятро дар кишвар ноором кунанд. Ягона роҳ барои фаъолияти думравони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки онҳо аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Ин афрод асосан ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Бадхоҳони миллат, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд.
Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии бадхоҳони миллат огоҳ созем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *