Дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон, ҷамъоварии силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятии муташаккил ситоди байниидоравӣ маълумоти муфассал дода, намояндагони баландмартаби мақомоти қудратӣ иброз доштанд, ки то охирин силоҳро аз мардум нагиранд ва волоияти қонунро таъмин нанамоянд, фаъолияти хешро идома хоҳанд дод. Албатта, бо роҳи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, имрӯзҳо роҳбарони сиёсии Бадахшон ҳамин нуктаро хуб дарк карда, саривақт яроқу аслиҳаи худро ба мақомоти дахлдор супориданд ва изҳор доштанд, ки дигар даст ба корҳои ношоиста намезананд.
Оид ба сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ВМКБ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои зиёд дарҷ шуданд. Аксари нигоштаҳо ин сафари бобарори Роҳбари давлатро нек арзёбӣ намуда, мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои гуногунро бар нафъи бошандагони ин минтақаи дурдаст арзёбӣ намуданд. Аммо дар ин миён бархе нотавонбинон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро вобаста барои боз ҳам хубтар гардидани вазъи сиёсии ин минтақа ба таври муғризона қаламдод карданд. Вазифаи ҷонии мо бояд ба аҳли ҷомеа ба дурустӣ фаҳмонем, ки супоришҳои додаи Пешвои муаззами миллат барои тинҷиву ободӣ ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи ободи диёр, ки «Дарвозаи тиллои Тоҷикистон» низ меноманд, нигаронида шудааст.
Нотавонбинону душманони миллат мехоҳанд ба ҳар роҳ вазъи сиёсии кишварро ба чашми оламиён чун миллати ҳақиру залил нишон диҳанд.
Нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба вилояти Бадахшони кӯҳӣ бештар буда, ин ҷо то таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 150 иншооти ҳаётан зарурӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар қиёс ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳама фасли сол вазъи таъминот бо барқ хубтар аст. Ҳоло сарҳади вилоят аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи сарҳадӣ хуб нигаҳбонӣ шуда, ягон қувва наметавонад ба ҳудуди кишвар ворид шавад.
Мавриди зикр аст, ки 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.
Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд.
Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, оромию осудагии Ватан расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат тухми бадию нифоқ ва ҷудоиро кошта, кишвари орому осудаи моро ба гирдоби ҳодисаҳои даҳшатангез равона созанд. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд:
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.
Нодирҷон Ҷалолов,
декани факултети тиҷорат, ҳуқуқ
ва фаъолияти гумрукӣ
номзади илми иқтисод, дотсент