Рўзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба вазъи вилояти мухтори Кўхистони Бадахшон навиштаҳои иғвоангез ва бардурўғу пур аз тўҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд, ба чашм мерасанд. Онҳо дар дохил ва берун аз мамлакат бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд, ки мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андозанд. Рӯйдодҳои охир собит месозад, ки аз тарафи саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ) дар вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон бо ҳар васила ҷалб намудани ҷавонон барои содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ; қочоқи маводи мухаддир, истифодаи силоҳи оташфишон боз хатарҳои нав ба навро ба миён овардаанд.
Баҳри равшани андохтани ба масъалаи матраҳшуда бо боварии комил метавон гуфт, мардумони Кўҳистони Бадахшон ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо ва амалҳои ГМҶ-ро махкум карда истодаанд. Дар робита ба дархосту муроҷиат ва аризаҳои хаттии сокинони вилоят, бахусус бо дастгирии ҳамаҷонибаи сокинони шаҳри Хоруғ ситоди байниидоравии ВМКБ таъсис дода, тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардиданд. Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғр саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Прокуратураи вилоятӣ омада, худро дар назди қонун гунаҳкор ҳисобида, ба истилоҳи ҳуқуқшиносон «Огоҳии расмӣ» ба онҳо эълон шуд. Инчунин як қатор ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои дахлдор ҳозир шуданд..
Бо боварии комил метавон гуфт,ки мардуми шарифи Кўҳистони Бадахшон аз рўйдодҳои имрўза хулосаи худро бароварда, ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб минбаъд низ тадбирҳои саривақтӣ хоҳанд андешид. Бо баробари ин, таъкид кардан бамаврид аст,ки яке аз роҳҳои пешгирии ин ҳолат сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарибияи фарзанд”қабул гардидааст. Мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд равона карда шудааст.
Мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон нисбати тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки дар интиҳо онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ шомил мешаванд. Бо назардошти вазъияти баамаломада зарур бояд шуморид, ки баҳри амали намудани қонуни мазкур дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд.
Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шабонарӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамояд. Аз ин рў, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандўсӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида дар самти тарбияи фарзанди хеш бо ифтихору қадрдонӣ кўшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат баста, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд.
Хулоса, аз масъалаи матраҳгардида имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Файзулло Мамадҷонов,
котиби Шӯрои олимони ДИС ДДТТ