ҲАР КӢ ПО КАҶ МЕНИҲАД, ХУНИ ДИЛ МО МЕХӮРЕМ…

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кӯтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт. Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.
Маҳз ба шарофати фарҳангу таҳаммулгароии мардуми тоҷик, кишвар аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдат ва сулҳу суботи устувор ноил гардид ва пойдевори кохи бузурги ваҳдат гузошта шуда, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Аммо, мутассифона, ҳоло ҳам ҳастанд гуруҳҳои алоҳида ва ашхоси гумроҳшуда, ки даст ба амалҳои ношоиста мезананд ва амалҳои онҳо боиси норомию ноамнии кишвар мегардад.
Ахиран Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) зимни изҳорот оид ба авзои охири Бадахшон таъкид менамояд, ки дар ҳаводиси рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ панҷ корманди давлатӣ маҷруҳ шудаанд.
Ба гузориши КДАМ, ки тариқи телевизиони “Бадахшон” нашр шуд, дар ин қазия се хизматчии КДАМ, як корманди мақомоти умури дохилӣ ва корманди прокуратура маҷруҳ гардида, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Ростӣ баъд аз огаҳӣ ёфтанамон аз вазъияти шаҳри Хоруғ, ки ба миён омадааст, беихтиёр абёти Соиб вирди забон шуд, ки мегӯяд:
Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.
Дар баробари оромиву осудагие, ки дар кишвар барқарор гардидааст ва миллати тоҷик ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил намуданд, аз амали нобихрадонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшон ва лидерони ғайрирасимии он чӣ гуна метавон хулосабарорӣ кард?!
Воқеан ҳам, ба ҷуз носипосӣ ба халқу миллат ва ношукрӣ чӣ ҳам метавон гуфт! Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед!
Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки корҳои ношоиста мекунанд. Ҷавонон, бояд худшиносу худогоҳ бошанд ва фирефтаи афкори бегонагон нагарданд.
Мо бояд ба қадри сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ расем, ба маҳалбозию иғвогарӣ хотима бахшида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона меҳнат намоем.

Д. ҲОМИДОВА,
мутахассиси таъбу
нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *