БА ВАТАНИ ҶОНОҶОНАМОН ХИЗМАТИ СОФДИЛОНА НАМОЕМ!

Имрӯзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, бахусус ТТЭ ҲНИ, Гурухи 24 ва дигар гурӯҳҳои пайдо шуданд, ки аз сабабу воқеаи ҳол бехабар бо андешаи нослим нисбат ба руйдодҳоу ҳодисаҳои ҷомеаи имрӯза хулосаҳои нодурустро аз номи халқи тоҷик ҳарф мезананд. Худро “сиёсатмадор” шуморида бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Хоинони миллат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро бо сохтакорӣ баён менамоянд. Боз такрор шавад ҳам таъкидан ба Кабирию Беҳрӯз гуфтанием, ки имруз аз имконияти афзалияти васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, озодии сухан гуфта, ҳарчӣ ба забон орад сухан нагӯяд! Ба андешаи мо ин тоифаи хиёнаткорон аз роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ сар карда, то думраваш Бехрузи Тагойзода, аъзои ҳаракати ифротии Гурӯҳи -24 муаррифии миллати тоҷикро дар барномаҳои телевизионӣ ва умуман ҳаққи аз минбарҳо аз садо баланд карданро надоранд. Хотиррасон менамоем, ки эҳтирому синну сол ва рафтору кирдор ва бо маданияти воло сухан гуфтан воқеан ин одоби муоширати миллати мо аст ва он ба мо аз ниёгонамон мерос мондааст!
Баробар ин қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯз дар шаҳрҳои Федератсияи Россия аксарияти муҳоҷирони кишвар мисли дигар миллатҳо, танҳо як фикру андешаи солим доранд, ки ҳамеша дар Ватани маҳбубашон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад. Чунки дар кишвари хеш фарзандони азизу дилбанд ва умуман хешу ақрабои хеле наздик зиндагӣ доранд, вале бадхоҳони миллат миллат баръакси ин кор амал мекунанд!
Дар интиҳои андешаи худ ба ҳаммиллатони гиромиқадр, муроҷиат менамоем, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *