Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ мо-халқи тоҷик бо шарофати меҳнати софдилона, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар тавонистем дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллии хеш анҷом додем. Пеш аз ҳама озодиву истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ ин орзуи ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷикон буд, ки насиби мо гаштааст.
Вале, мутаассифона, имрӯз нотавонбинони миллат, аз қабили роҳбарону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва Гурухи -24 ин ҳама пешравии кишвари моро нодида мегиранд ва намехоҳанд. Роҳи пешгирифтаи ин бадхохони миллат барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум буда, танҳо ҳамин амалҳои ғайриинсонӣ барояшон роҳат мебахшад. Ин тоифа одамон умуман барои манфиати давлату мардуми кишвар андешаи носолим доранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Имрӯз дар симои роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирию Беҳрузи Тагойзода, аъзои фаъоли Гурӯҳи -24 ва як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд, аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин Кабирию Беҳруз ва умуман ҳаммаслаку думравонаш дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. Бадхоҳони миллат аз дастоварҳои кишвар ба таҳлука афтодаанд!
Хулоса имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва пайровонаш Гурӯҳи-24 аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд. Мо омӯзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.
Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ