МАНФИАТҲОИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ АБАРҚУДРАТ АЁН АСТ!

Терроризм ва экстремизм падидаи манфӣ буда, имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок нинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Имрӯзҳо бе ягон шубҳа ба мушоҳида мерасад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Рўйхати ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, ба садҳо расидааст. Имрӯзҳо вобаста аз вазъи кунуни Афғонистон, аъзоёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) , Ал –Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд ва чил ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд.Баробари ин бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2022 асосан рузҳои ҷумъа дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта мешаванд ва масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ ба уҳда мегирад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки дар давоми нимаи мохои феврал ва асосан моҳи апрели соли ҷорӣ бештар амалҳои террористӣ содир шудаанд,аз ҷумла:
– моҳи феврал бар асари таркиш дар назди масҷиде дар вилояти Бодғиси Афғонистон 8 нафар ҳалок шуда, 20 нафар маҷруҳ гардиданд;
– 19 апрел дар ҳудуди муассисаи таълимии пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул се таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа 25 нафар ба ҳалокат расиданд;
-21 апрели соли равон дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, як таркиш рух дод, ки тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, 4 нафар ба ҳалокат расида, 18 тани дигар дар пайи ин таркиш маҷруҳ шудаанд. Чанд соат пештар аз ин ҳодиса дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳо низ таркиши шадид рух дод. Ҳодисаи мазкур дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, шимоли Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 65 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бинобар ин нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар интиҳои андешаи худ бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст,ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *