БАҲРИ УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР САҲМГУЗОР БОШЕМ! 

 Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон сохта, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро тақозо менамояд. Вобаста ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки соли сипаригардида Вазорати корҳои хориҷии ИМА яке аз донишгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия” (тарҷума аз арабӣ: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо) -ро бо қарори худ ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ эълон намуда, эътироз баён намуда буд. Дар шарҳи қарори вазорати мазкур омадааст, ки ин “донишгоҳ” бо  Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он – сипоҳи “Қудс”, ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористӣ эътироф шуда буд. Доир ба ин масъала таҳлилҳо собит менамояд, ки давлатҳои ҷаҳон хатмкунандагони онро мутахассис ва хатмкардаи донишгоҳ гумон карда, ба системаи идории худ ба кор мегиранд ё таъқиб намекунанд. Ин ниқоб имкон медиҳад, ки хатмкунандагони ин “донишгоҳ” дар тамоми ҷаҳон паҳн шаванд ва миссияи махсуси худро иҷро кунанд. Бо баробари қайд кардан бамаврид аст, ки воқеан бештари масъулони бахши идеологии Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд,  хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо мебошанд. Имрӯз ба ҳамагон аён шудааст, ки онҳо на танҳо дар дохили кишвари мо амалҳои террористӣ содир намудаанд, инчунин  дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намуда, дар натиҷа садҳо нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Мутаассифона, то ҳанӯз ҳастанд афроде, ки бо сабукандешӣ, тангбинӣ ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ шомил шуда, ҳамагуна муқаддасоти инсониро зери по кунанд. Чунончӣ танҳо дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар аъзо ва тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шуданд.Аз ҷумла: “Ҳизби наҳзати ислом”(ҲНИ)- 17нафар, “Бародарони мусалмон”- 148 нафар; “Давлати исломӣ” -39нафар ;“Гурӯҳи 24”- 8 нафар ;; “Ансоруллоҳ”-8нафар ; “Ал-қоида”-3нафар ; ва “Ҳаракати Толибон” -1 нафар.  Бо баробари ин бояд қайд кард,ки хиёнаткорони миллат, наҳзатиёни фирорӣ ,роҳбари собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ санаи 15 апрели соли равон дар нишасти маҷозии донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардурӯғи худро давом дод. Албатта мо мардуми Тоҷикистон аз ношукурӣ ва бадхоҳии Кабирӣ хуб огоҳ ҳастем ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии вай бовар наҳоем кард. Мо амалу рафтории наҳзатиёнро маҳкум мекунем!

Хулоса, имрӯз моро зарур аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  дар бораи ин масоил ва  маркази бузурги ифротгароиву таблиғотӣ баъзе маълумотҳо дошта,  фарзандони худро аз он дур нигоҳ доранд. Бояд ёдовар шуд, ки бо назардошти гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақлид намудан ба фарҳанги бегонаву бегонапарастӣ, давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи давлатии ҷавонон эътибори махсус медиҳанд. Бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандории ҷавононро бештар ба корҳои роҳбарикунандаи идоракунии давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Боиси, қайд аст, ки имрӯзҳо созмону ташкилоти ҷавонон чун таҳкимбахши сутуни давлат миллатамон баҳри пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон саҳмгузор мебошад. Ҷавонон имрӯз чун узви ҷомеа дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатдориамон ба мисли илм, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ғамҳориҳои Пешвои маҳбуби миллат ҷавонон бояд аз дируза имрӯз  бештар масъулиятшинос бошанд ва бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош намоянд.   Бо баробар ин набояд фаромӯш кард, ки мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро худро аз даст надода, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ пешгирӣ намоем ва  баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

 

 

Абдусмадова Х., муаллимаи калони

кафедраи назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *