Илм – фурӯғи маърифат

Бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имрӯз озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” байни донишҷӯёни курсҳои гуногуни донишкада аз рӯйи номинатсияҳои математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.

IMG_1719
IMG_1720
IMG_1730
IMG_1733
IMG_1737
previous arrow
next arrow

Чорабинии мазкур даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” мебошад. Дар озмун зиёда аз 60 нафар донишҷӯён аз фанни математика ва зиёда аз 40 нафар аз рӯйи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ қувваозмоӣ намуданд. Устодон – мутахассисони соҳа корҳои хаттии  донишҷӯёнро тафтиш намуда, ғолибонро ба даври дуюм, ки даври шаҳрӣ мебошад, сафарбар менамоянд.

Дар назар аст, ки ин гуна озмун аз рӯйи номинатсияҳои ҷуғрофия ва биология рӯзҳои наздик дар донишкада ташкил ва гузаронида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *