БА ФИРЕБУ НАЙРАНГИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ИФРОТГАРО НАБОЯД ФИРЕФТА ШУД!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ доранд, ки аз хуруҷи бемории сироятии короновирус ва вазъи ноустувори иқтисодии мамолик истифода намуда, ҳадафашон ноором сохтани ҷомеаи имрӯза мебошад. Масалан ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи – 24 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, чун солҳои қаблӣ кӯшиш доранд зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд. Ҳадафи аслии ин гуна афрод, ки онҳоро террористон мегӯянд, таҳрибкорӣ ва ба даст овардани сарвартҳои муфт мебошад. Ин андешаҳо бозгӯи онанд, ки ашхоси бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб месозанд ва бо ин васила мехоҳанд, ки сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳою нооромиҳои харобовар ғӯтавар намоянд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки моҳи майи соли 2021 5 нафар ҷавонони гумроҳшудагони дар мӯҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯхи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, (лақабаш Абу Усама Норакӣ) амали номатлубро содир намудаанд. Бо тасдиқ шудани амали ҷинояти мазкур ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Хулоса, бояд донист, ки ин гумроҳшудагон пайравони ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки аз назари ақида, ҳадафҳо аз ДИИШ фарқе надорад. Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки қаблан ба шарофати амали мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмонҳои ҳамкории Шанхай беш аз 288 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва мазҳабӣ-экстремистӣ ифшо карда шуданд. Бо сайъу кӯшишҳои муштарак фаъолияти 78 ячейкаи террористӣ пахш карда шуд, 193 ҷангҷӯ безарар гардонида, зиёда аз 1100 узви созмонҳои байналмилалии террористӣ ва динӣ-экстремистӣ ва шарикони онҳо боздошт шуданд. Аз ин маълумотҳои оморӣ ба хулосае омада кайд менамоем, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд.

 А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *