БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

 

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эктремизму терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн кардааст, ки он хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан таҳдид эҷод менамояд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз сиёсати риёкорона, муғризона ва дурӯягӣ аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат, бахусус байни пайравони дини ислом тавлиди ҷараёнҳои тундрав, аз қабили экстремистӣ дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки солҳои охир хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасад. Масалан 10 майи соли равон афроди бераҳми беномус ташкилоти террористии айни ҳол номаълум бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Ҷумҳурии ҳамсояи  мо Афғонистон воқеъ дар мактаби марказии шаҳри Қобул амали навбатии террористӣ содир намудааст. Дар натиҷаи ин гуна амалҳои номатлуб ва муҳорибаи беадолатона аксар мардуми оддӣ зарар мебинанд ва ин навбат низ беш аз 85 нафар ҷавондухтарон ба ҳалокат расида, беш аз 150 нафарашон захмин шудаанд. Ин ҳодисаи барои халқу миллати афғон ва умуман ба мусалмонон хос набударо сахт маҳкум карда, даъват менамоем, ки имрӯз ҳар як шаҳрвандони афғонро зарур аст, аз  падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзанд.

Бо назардошти ҳолати имрӯза ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият бурдан ҷиҳати ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош варзидан талаботи замон аст. Дар иртибот ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо таклифу ташаббуси сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳ менамояд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

                                         Бобоев Б.Ё., сармутахассиси шуъбаи

                                                        кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *