Имрӯз дар ДИС ДДТТ даври якуми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни курсҳои 1-3 ташкил карда шуд.
Ҳайати комиссия иборат аз устодони кафедраи ҷомеашиносӣ – доктори илмҳои таърих, дотсент Алиева Р., дотсент Мирбобоева Т. ва мудири шуъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф. озмунро доварӣ намуданд.
Ҳайати комиссия оид ба зиндагинома, фаъолияти илмию ҷамъиятии аллома академик Бобоҷон Ғафуров, ҷойгоҳи китоби “Тоҷикон” дар баландбардории худшиносии миллӣ, омӯзиш аз таърихи гузашта ва истифодаи он дар рушди ояндаи кишвар ва ғайра бо донишҷӯён саволу ҷавоб намуданд.
Дар ин озмун ҷойҳои намоён насиби донишҷӯёни зерин гардиданд:
Ҷойи аввал – Шарифзод Абӯбакр, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 250108 та
Ҷойи дуввум – Юсупов Абдуразоқ, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 250108 та
Ҷойи савум – Абдуғаниев Насрулло, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 260202 р.
Озмун ҳоло идома дошта, гузаронидани давраҳои дигари он дар назар аст.