Паёми табрикотии директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну кормандони донишкадаро табрику таҳният гуфта, барои Шумо ва аҳли оилаатон саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва ҳама хушбахтию хушрўзиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Иди саиди Фитр дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фазилатҳои ин моҳи муборак бамаврид таъкид намуданд: «Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рўзадорӣ моҳи озодагии рўҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад”.

Дар ин рўзҳои хуҷаставу пурбаракат аҳли ҷомеа бояд ба хайру эҳсонкорӣ машѓул гардида, дастгири ятимону бепарасторон бошанд. Анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як сокини ватандўсти кишвар маҳсуб мешавад.

Бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон баракоти рўзгор, сарбаландию сарфарозӣ, шодию нишот ва дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва ҷавонон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Иди саиди Фитр муборак!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *