БАҲРИ ҲИФЗИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА ПОЙДОРИИ СУБОТИ СИЁСИИИ ҶОМЕА

Рӯйдодҳои охири ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъи сиёсӣ, бахусус дар Афғонистон нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Баробари ин истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишвари хамсояи мо Афғонистон рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор, метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад. Алҳол дар ин кишвар 20 гурӯҳҳои террористӣ ва дигар равияҳои ифротӣ фаъолият доранд. Дар робита ба ин Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ)- ро мисол меорем, зимни гузориши худ Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид оид аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, қайд намудааст, ки бештари ҷангҷӯёни ДИИШ дар замони суқути ҳукумати қаблӣ аз зиндонҳо озод шуданд шудаанд ва хатари терррристӣ дар Афгонистон дар ҳоли рушд аст. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Ин маълумот аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Бо дарназардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бахусус вазъияти баамаломадаи Афғонистон талаб мекунад, ки имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *