АЗ МАКРУ ДАСИСАҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОГОҲЕМ!

Мо имрӯз хушбахтона соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги шаҳрвандӣ бо кадом роҳ бо талошҳои шабонарузии Сарвари кишвар он хомӯш карда шуд. Воқеан озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Бинобар ин, истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Аммо афсус, ки ҷомеа аз шахсони ношукру хиёнаткор холӣ набудааст, ки як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд ва имрӯз низ аз нияти хабиси худ нагаштаанд.Масалан ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ ва думраваш Гурӯҳи – 24 баъди ошкор шудани ҳадафу мақсад ва ғаразҳои бади онҳо, ягона илоҷ роҳи гурезро пеша гирифтанд ва имрӯзҳо аз хориҷи кишвар истода, мехоҳанд вазъи оромии Ватани азизамонро халалдор созанд. Ягона роҳ барои фаъолияти ТТЭ ҲНИ ,Гуруҳи-24 дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Дар робита ба ин, мо қаблан борҳо зимни суҳбатҳои ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будем ва боз такроран таъкид менамоем, ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, бовар накунед. Баробари ин бояд қайд кард, ки мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24-ро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *