Мо, аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки дар чунин як шароити ҳассос онҳо набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бинанд.
Мутассифона, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст, ки гӯё онҳо сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд. Воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.
Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд санаи 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд.
Мо, аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада шукрона аз он мекунем, ки имрўз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромии комил таъмин аст. Бо истифода аз фурсати ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат менамоем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, фирефтаи афкори бегонагон нагарданд, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурўҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоянд.