Ба фитнаву дуруғи бадхоҳон бовар намекунем!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки: «…дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки миқёси олам пур аз ҳаводисоти сиёсатбозиҳост, ба мисли ҷавонони солҳои наваддуми садаи гузаштаи фирефтаи афкороти бегонагони ифротгаро нагрдида, ба хотири пос доштани як зарра хоки муқаддаси ватан талош намоянд. Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ кишвари худро дӯст доранд ва арзишҳори онро қадр кунанд».

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» – ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд.

Бо боварии том гуфта метавонам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд.

Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед, то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонед. Хушбахтии тамоми милати тоҷик, хосатан насли ҷавон дар он аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои сарвари созандаи кишвари азизамон, Пешвои миллат имрӯз мо ба озодии воқеӣ расидаем. Ва барои ҳифзу ҳимояи ин муқаддасоти кишвар ҷони хешро дареғ наҳоҳем дошт.

О. Қоситов,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *