Изҳороти кафедари иқтисодиёти ҷаҳон оид ба афкори бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас». Марде буд, ки  дилсӯхтаи баҳри халқ таҳдиди куштан шуниду натарсид аз маргаш, мардумро сарҷамъ мекард, биё тоҷик ватан хонаи шумо ҳаст гуфта, ҳарф мезад. Чи қадар мушкилу хатарнок буд ҳамон солҳо. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шудаанд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосерро сазовор гашт. Бузургтарин дастоварди миллати мо ин пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар сартосарии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию  бунёдкорӣ  заминаи  хеле  боэтимод  гузошт.

Имрўз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тақрибан бо 150 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрўз шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрўз ҳамкориҳои пайванд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии  ҷумҳурӣ гардид. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Аммо гурӯҳе аз хориҷи мамлакат истода, нисбати дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо суханҳои носазо ва иттилоотҳои бардурӯғро паҳн менамояндБадхоҳони миллат  акнун бар рӯи сиёҳи худ ниқоби нав ба бар намуда, худро ҳомии озодӣ ва демократия унвон додааст.  Мо фаъолияти ин гуруҳҳои бадхоҳро шадидан маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *