Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем!

Пешвои мардуми сарфарози тоҷик дар яке аз паёми хеш бо боварии том ба мардуми қавииродаи ориёитабор иброз намуданд, ки: “Ман итминон дорам, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, бонувони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳар як фарди меҳандӯсти кишвар ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат мекунанд ва бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд.

Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем. Ин суханҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ба хотири фазои оромиро ба мардуми мамлакат муҳайё намудан чи қадар абармардони ватанпарвару худогоҳи миллат ҷонфидои намудаанд.

Хоса барои он нафароне хоину ватанфурӯш нишон хоҳем дод, ки мо то чи андоза ватандӯсту меҳанпараст ва хештаншинос ҳастем. Нишон медиҳем, ки мо барои ҳифзу ҳимояи як зарраи ин хоки муқаддаси диёрамон ҳатто аз ҷони хеш гузашт менамоем. Зеро ин марзи муқаддас Ватани мост – модари яктои мост.

А. Қаюмов,

номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *