АМАЛҲОИ АФРОДИ ҶИНОЯТПЕША – МУҲАММАДБОҚИРРО ҚОТЕЪОНА МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Мо қаблан тавассути расонањо хабарӣ огањӣ пайдо намуда будем, ки яке аз аъзои гурӯњи муташаккили ҷиноятии Хоруғу боло, бо номи Маҳмадбоқир Муњамадбоқиров дар шаҳри Хоруғ ба утоқи кории сардори раёсати маорифи Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзов Лутфулло даромада, нисбати сокинони Дарвозу Ванҷ суханони ноҷояву дашном дода, маҳалгароӣ зоҳир намудааст ва ӯро бе ягон асослату кӯб кардаасту аз шаҳри Хоруғ баромада рафтани ӯро талаб намудааст. Ин рафтору гуфтори Муҳммадбоқир нисбати як омӯзгори соҳибмансаб беҳурматист ва ваҳшоният аст!
Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки Муҳаммадбоқир тариқи шабакаи иҷтимоӣ зимни баромадаш худро “қаҳрамон” пиндошта, вобаста ба муносибати дағалонаш доир ба сардори маорифи вилоят сухан намуда, худро бо гуфтаи мардум “мусичаи бегуноҳ” мешуморад. Бояд кайд кард, ки офтобро ҳеҷ гоҳ бо доман пӯшида намешавад ва вакт довар аст , ки аз ҷониби як ҳаммаслашаш бо номи Аловатшоев Амриддин зимни муроҷиаташ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳисобида, иқрор шуда, бо далелҳои асоснок Мухаммадбокирро гунаҳкор ҳисобид. Дар рафти суханрониаш дар алоҳидагӣ зикр намуд, ки ӯдар якҷоягӣ бо Муҳаммадбоқир якчанд ҷиноятҳо содир намудааст. Ин далел аст ва ҳоҷат ба баён нест. Аз ин далелу аён шудани ҷиноятҳои содирнамудааш Муҳаммадбоқиор ва ҳаммаслаконаш то ҳол ба хулосае набароварда, санаи 4 марти соли равон тариқи шабакаи интернетӣ, радиои “Озодӣ” ҳар гуна овозаҳоро паҳн намуд ва бо ин васила чун амалу гуфторҳои қаблиаш мехоҳад вазъияти Вилояти Мухтори Куқистони Бадахшонро норомтару ноамтар созад. Зимни суханрониҳои беасосаш, гуё Мухаммадбокир барои гуфтушунид бо мақомоти дахлдор розӯ нашудааст ва оқибат ӯро ярадор намуданд. Вале аз ҷониби намояндаи ваколатдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин суханҳо инкор карда шудааст. Бояд қайд кард, ки ин баҳонаи навбатии Муҳаммадбоқир аст. Бинобар ин набояд ба дасисаву найрангҳои ин ҷинояткор ҳимоят шавад. Баробари ин, метавон қайд кард, ки ҳушёриву далерии мақомотҳои дахлдор ва ҷавонмардии онҳо ва мардуми сулҳпарвар аз ҳадафҳои нопоки ин афроди ҷиноятпеша бохабар шудаан ва пеши роҳи ин афрод ва умуман гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро гирифта, нисбати онҳо тибқи конунҳои амалкунандаи кишвар чораҳои муассир ҳоҳанд андешид, ки мо ба ин боварии комил дорем!
Ба маълумоти ҷиноятпеша, бахусус ба Муҳаммадбоқир расонадием, ки сокинони Бадахшон аз ҳама гурӯҳҳои ҷинояткор, тоҷирони нашъаманд ва ғайраҳо безор ҳастанд. Маълум аст, ки Муҳаммадбоқир ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. . Сад ҳайфи шири сафеди модар ба ин гуна номардон, ки ба чунин ҷиноятҳои нобахшиданӣ даст мезананд. Алалхусус лату кӯб намудани як омузгор. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад!
Бо дарназардошти масоили матраҳгардида ба хулосае омада қайд кардан зарур аст, ки имрӯз мардумони бофарҳанги ВМКБ ва умуман кишвари соҳибистиқлоламон воқеияти ҳолро дуруст дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надоданд ва барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем.
Дар фарҷоми андешаи хеш мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол баробари сокинони фаъол ва аҳли зиёи кишвар амалҳои ғайриқонунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, бахусус афроди ҷиноятпеша Муҳаммадбоқирро қотеъона маҳкум менамоем. Ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар ҷумҳурӣ нисбат ба шахсони гунаҳкору ҷиноятпеша, дар асоси қонунҳои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *