Семинари илмӣ-амалии кафедраи молия ва қарз

Санаи 22 октябри соли 2021 дар толори лексионии №1 бинои таълимии №3 аз тарафи кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “ТАРЗИ ДУРУСТ НАВИШТАНИ РИСОЛАИ ХАТМИ БАКАЛАВР ВА РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ОБЪЕКТҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ” барои хатмкунандагони ихтисоси марбути кафедра: молия ва қарз дар ФИБ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ гузаронида шуд.
Дар семинари илмӣ-амалӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва робитаҳои байналхалқӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А., декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М., мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карера муаллими калон Умаров Содирхон ва кулли аъзоёни кафедраи молия ва қарз бо роҳбарии мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳматова З.И., инчунин, хатмкунандагони шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси марбути кафедраи молия ва қарз иштирок намуданд. Мувофиқи барнома барои маърӯзачиёни семинар 10 дақиқа ва 5 дақиқа барои музокираҳо дода шуд. Забони семинари илмӣ-амалӣ озод буд.

Семинари илмӣ-амалиро мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. кушода эълон намуда, ба хатмкунандагони ихтисоси марбути кафедра: молия ва қарз дар ФИБ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ хоҳиш намуд, ки ба маърӯзаҳои устодони кафедра бо диққат бошанд ва дар оянда ҳангоми навиштани рисолаи хатми бакалавру ҳисобот ва дар рафти таҷрибаомӯзӣ маълумотҳои пешкаш намударо, қабул ва истифода баранд.

Мудири кафедра Раҳматова З.И. дар баромади худ қайд намуд, ки вазифаи таҷрибаомӯзии пешаздипломии хатмкунандагон дар асоси пурра азхудкунӣ ва такмил додани дониш, аз худ намудани роҳу усулҳои ҷамъоварӣ намудани натиҷаҳо ва далелҳо оид ба мавзӯи рисолаи хатми бакалавр муайян карда мешавад. Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ дар курси ниҳоӣ, яъне дар курси чаҳорум гузаронида мешавад. Ба муассисае, ки дар он таҷрибаомӯзии пешаздипломии худро донишҷӯ мегузарад, вобаста ба мавзӯи тасдиқкардашудаи рисолаи хатми донишҷӯ сафарбар карда мешавад.
Ҳамзамон мудири кафедра мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карераи донишкада муаллими калон Умаров Содирхонро бо хатмкунандагон шиносоӣ намуда, таъкид намуд, ки донишҷӯён барои гирифтани роҳхат ва рӯзномаи таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ба назди устод сафарбар карда мешаванд.

Ғайр аз ин, мудири кафедра Раҳматова З.И. ба хатмкунандагони марбути кафедра таъкид намуд, ки аз тарафи шахсан ӯ ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ назорати қатъӣ аз болои рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бурда мешавад.
Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати таҷрибаомӯзӣ кафедраи тахассусӣ ҳисобот оид ба таҷрибаомӯзӣ, рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ ва тавсифнома дар бораи донишҷӯ бо гузоштани имзо аз тарафи роҳбари таҷрибаомӯзӣ ва мӯҳри садорати факултетро қабул менамояд. Кафедраи тахассусӣ комиссияи қабули ҳисобот ва ҳимояи онро ташкил намуда, ба донишҷӯ холгузорӣ менамояд.
Мудири кафедра дар баромади худ қайд намуд, ки дар оғози таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бояд қоидаҳои дастурамали техникаи бехатариро гузаранд, бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳо ва масолеҳ шинос шаванд ва мухтасар дар бораи вазифаҳои ҳам таҷрибаомӯз ва ҳам роҳбарони онҳоро гуфта гузашт.
Дар хотимаи баромади худ муаллима қайд намуд, ки ҳангоми гузаштан аз таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ донишҷӯ маводи мавҷударо роҷеъ ба фаъолияти истеҳсолии муассисаҳо, корхона ва ташкилот ҷамъоварӣ намуда, аз онҳо зимни таҳияи рисолаи хатмаш пурра истифода баранд.
Дар навбати худ н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва қарз Ёқубова Н.Ё. оид ба мавзӯи “Таркиби рисолаи хатми бакалавр ва талабот ба таҳияи қисми назариявии он” сухан ронд. Дар баромади худ муаллима қайд намуд, ки рисолаи хатм ҷиҳати ба низом даровардан, такмилу ривоҷ додани донишҳои таҷрибавӣ ва амалӣ аз рӯи ин ё он ихтисос ва ё касби интихобнамуда барои рисоланавис муҳим мебошад. Аз тарафи кафедра талаботҳо оид ба таҳияи рисолаи хатми бакалавр, магистрӣ омода гардидаанд ва таҳияи қисми назариявии рисолаи хатми бакалавр, сохтори рисолаи хатм бо мисолу далелҳо аз тарафи муаллима фаҳмонда дода шуданд. Н.и.и., дотсент Ёқубова Н.Ё оид ба мундариҷаи рисолаи хатми бакалавр ва магистрӣ алоҳида истода гузашт ва зина ба зина ҳамаи онҳоро ба хатмкунандагон фаҳмонда дод. Дар охири сухан дотсент Ёқубова Н.Ё. оид ба вазифаҳои муҳими роҳбари илмӣ, вазифаҳои рисоланавис, гирифтани тақризи беруна, мулоҳизаи роҳбар бо замимаҳо дар намоиши худ нишон дода, муҳиммияти ҳар яки онҳоро гуфта гузашт.

Пас сухани навбатӣ ба н.и.и., муаллимаи калони кафедра Коситова У.О. таҳти мавзӯи “Тавсифи таркиб ва мазмуну мундариҷаи самти аналитикии рисолаи хатми бакалавр” дода шуд. Муаллима кӯшиш ба харҷ намуд, то ки ҳамаи маводҳои амалиро, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯ бояд дастрас намояд, дар рисолаи хатмаш истифода бурд. Дар баромади худ муаллима қайд намуд, ки тартиб додани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, гузаронидани таҳлилҳо ба сифати рисолаи хатм таъсири мусбӣ мебахшад. Ғайр аз ин, муаллима қайд намуд, ки ба ғайр аз ҷадвалҳо рисоланавис метавонад аз ҳар гуна моделирониҳои математикӣ, формулаҳо, зарибиҳо дар рисолаи хатмиаш истифода барад. Азбаски хатмкунандагони ихтисоси марбути кафедраи молия ва қарз нишондиҳандаҳои молиявӣ сарукор доранд, хуб мешуд, ки қисми таҳлилӣ ва арзёбии рисола пурқувват гардад.

Бахшида ба қисмати хулосаи рисолаи хатм, пешниҳодҳо, талаботҳои навиштани рисолаи хатм ва тарзи дуруст ба роҳ мондани адабиётҳо н.и.и., муаллимаи калони кафедра Мӯминова Н.Р. таҳти мавзӯи “Усули таҳияи нигориши техникӣ, хулосаи рисолаи хатм ва феҳристи адабиёт” бо намоишҳо баромад намуд. Мӯминова Н.Р. дар слайдҳои омодагаштаи худ оид ба хулосаи рисолаи хатм, ки хусусияти ҷамъбасткунӣ дошта, рисоланавис бевосита масъалаҳоеро, ки аз ҷониби худи ӯ матраҳ шудаанд ва дар сатҳи зарурӣ ба ҳалли онҳо муваффақ шудааст, то кадом андоза иҷро шудани онҳоро баён мекунад, гуфта гузашт.

Ғайр аз ин дар баромади худ муаллима қайд намуд, ки дурнамои таҳқиқи пурраи мавзӯъ ва татбиқи он дар амалия дар ин бахши рисола баррасӣ мегардад ва рӯйхати адабиёт пас аз анҷоми бахшҳои асосии рисолаи хатми бакалавр ва магистрӣ ҷойгир карда мешаванд. Рисоланавис адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва дигар сарчашмаҳоро аз рӯи тартиби алифбо бояд ба низом дарорад. Дар рафти навишти рисолаи хатм рисоланавис ҳатман аз Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, самтҳо ва ҳадафҳои давлатро дар рисолаҳояшон инъикос намоянд.
Дар намоиши худ муаллима оид ба талабот ба ҳаҷми рисолаи хатми бакалавр, ороишу нигоришоти техникии он гуфта гузашт ва оид ба шумораи иқтибосҳову зарурияти низоми антиплагиат маълумоти муфассал ба хатмкунандагон дастрас намуд.
Дар хотимаи семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба “ТАРЗИ ДУРУСТ НАВИШТАНИ РИСОЛАИ ХАТМИ БАКАЛАВР ВА РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ОБЪЕКТҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ” муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва робитаҳои байналхалқӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. оид ба “Хусусиятҳои хоси гузаронидани таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ дар ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ” баромад намуд. Устод Мирпочоев Д.А. ба ҳамагон оид ба мавзӯъҳои рисолаҳои хатм, магистрӣ ва вобастагии онҳо бо макони таҷрибаомӯзӣ, хусусиятҳои хоси ҳар яки онҳо сухан ронд ва таъкид намуд, ки пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати таҷрибаомӯзӣ ҳатман ҳимояи пешакиро дар назди кафедра бояд гузаранд.

Сипас сухани навбатӣ ба декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М. дода шуд. Устод дар баромади худ қайд намуд, ки рисоланавис бояд он маълумотҳои назариявӣ ва таҳлилҳое, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ ҷамъ овард, пурра дар рисолаи худ ҷойгир намояд ва маърӯзаи фишурдаи худро барои ҳимоя омода намояд.
Мудири кафедра Раҳматова З.И. қайд намуд, ки комиссияи аттестатсияи хатм ташкил карда мешавад ва якчанд нафар аъзоҳо дар он ҷо ширкат меварзанд ва аз ҳамин лиҳоз хатмкунандагон бояд омодагии хуб дида, худро дар назди комиссияи аттестатсияи хатм гум накунанд.

Умуман, семинари илмӣ-амалӣ таҳти мавзӯи “ТАРЗИ ДУРУСТ НАВИШТАНИ РИСОЛАИ ХАТМИ БАКАЛАВР ВА РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ОБЪЕКТҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ”, ки аз тарафи кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ гузаронида шуд, иқдоми нек барои хатмкунандагон буд. Ҳамаи хатмкунандагон аз баромадҳо ва намоишҳои маърӯзачиён маълумотҳои муфассалро соҳиб гаштанд ва дар оянда аз машваратҳои дастраснамудаи устодони кафедраи молия ва қарз пурра корбарӣ менамоянд.

2
1
3
4
5
6
7
8
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *