Имрӯзҳо хоинони миллат бо истифода аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, тариқи барномаҳои ифротиашон дастовардҳои кишварамонро нодида гирифта, бо ин роҳ ба мардуми тоҷик ва хусусан насли наврас таъсири манфӣ расонидан кӯшиш дорад.
Ҳоло бештари хоинони миллат дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо ҳар гуна ранг пайдо мешавад ва бо ҳар гуна ранг бозӣ мекунад. Чунончӣ Муҳиддин Кабирӣ дар барномаи “Паймони миллӣ” ва ҳаммаслаконаш Муҳаммадиқболу Ҳусейн Ашуров дар барномаҳои “Хақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” бо навбат намоишкорона масъалаҳоро муғризона бозгӯ менамоянд. Дар давоми моҳҳои охир, бахусус Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслаконаш зимни баромадҳои ифротиашон доир ба масъалаи қазияи Афғонистон сухан намуда, худро “сиёсатмадор” мешуморанд. Ҳол он ки Кабирӣ ва думравонаш дар масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ собиқаи кории начандон тулонӣ доранд, умуман сиёсатмадор, таҳлилгари сиёсӣ нестанд ва ба ҳодисаву воқеаҳои бавуҷудомада дуруст баҳо дода наметавонанд.
Бо таҳлил ва воқеияту далел гуфта метавонем, ки бозиҳои пушти пардагии хоинони миллат ба ҳамагон маълум аст. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Хулоса душманони миллат – Кабирию Муҳаммадиқбол ҳак надорад, ки аз номи миллати тоҷик ҳарф занад. Мо чунин афроди маъюсро сахт накӯҳиш карда, ба онҳо лаънат мехонем!
Мардуми кишвар дар муддати 30 соли Истиқлоли давлатӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои фисқу фасоди хоинони миллат бохабаранд. Имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат- душманони миллат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд!
Д.ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ