ДАСИСАВУ ИҒВОГАРИҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ

Нисбати баромадҳои дасисаву иғвогаронаи ифротии роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ хулосабарорӣ карда қайд мекунем, ки ҳанӯз ҳам бо ҳар роҳу восита худро мусичаи бегуноҳ нишон додан кӯшиш дорад. Имрӯз барои хоинони миллат – Кабирию думравонаш ягона роҳ барои фаъолият дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада, тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд.
Хоинони миллат медонанд, ки имрӯз аксариати мардуми кишвар, махсусан муҳоҷирону ҷавонони даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хиёнаткор набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намоем ва кишвари муқаддаси хешро ба мамлакати ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *