ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ АСР

Мо андешаҳои хешро доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон густариш пайдо кардааст, ибрози андеша менамоем. Дар робита ба ин масоил Сарвари кишвар зимни баромадҳояшон, аз ҷумла дар Паёми навбатиашон таъкид карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Баробари ин қайд карданд, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад. Изҳори нигаронӣ ва пешниҳодҳои саривақтии Сарвари кишвар доир ба вазъи Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ собит менамояд, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.
Баробари ин бояд зикр кард, ки баҳри иҷрои қонунгузорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекард, ки дар асоси он аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шуданд. Инчунин дар соли 2021 боз Стратегияи нав таҳти “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” қабул карда шуд, ки масъалаҳои васеъро оид ба бартараф намудани ин муаммоҳоро дарбар мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” бошад, соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд. Дар давоми шаш соли охир ба қонунҳои самти масъалаи мазкур 10 маротиба ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Дар робита ба ин суол ба миён омаданаш мумкин аст, ки барои чӣ ҳар як фарди ҷомеа бояд аз талаботҳои чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд. Ин сабабҳои худро доранд. Яке аз сабабҳои асосие, ки дар солҳои охир боиси тезу тунд шудани вазъияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дар ин замина содир гаштани чунин ҷиноятҳо мебошанд. Аз ҷумла:
-солҳои аввали давраи соҳибистиқлолӣ оммавӣ ва ғайриқонунӣ ҷалб гаштани ҷавонон ба донишкадаҳо ва ё мактабҳои динӣ дар ҳудуди ҷумҳуриҳои исломӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, дар он ҷо беназорат ғайр аз таълимоти динӣ ба таълимоти ҳарбӣ фаро гирифтани онҳо ва фавран тариқи падару модар ва мақомотҳои дахлдор то ба охир ба ҷумҳурӣ барнагардонидани онҳо;
-бештар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шудани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғону ҷавонон, бесаводии динӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ;
-дар бархе давлатҳои ба мо маълум пайдо гаштани баъзе гуруҳҳои хусуматдоштаи яроқнок, бо номи “лагерҳои мухолиф”;
-кӯшиши тезу тунд намудани вазъият дар муассисаҳои ислоҳӣ, дар ин замина аз байн бурдани рақибон ва нафарони талаби роҳбарони мухолифро дастгирӣ накарда;
-муддати тӯлонӣ дар ҳудудҳои кишвар пайдо шудани ячейкаҳои мавқуфбуда;
-дар дасти ноболиғону ҷавонон бештар будани воситаҳои техникӣ аз ҷумла, смартфонҳо, телефонҳо ва ғайра, истифодаи васеъ ва бемаҳдуду беназорат аз чунин воситаҳо, дохил шудан ба сайтҳои ғайриқонунӣ истифодашавандаи ҳамин воситаҳои техникӣ, ки сарпарастони гуруҳҳои мазкур доимо онро истифода менамоянд, мебошанд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, тахминан 80 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё нафароне мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия ба ин давлатҳо рафтаанд ва ё дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайрниқонунии диниро касб кардаанд.
Дар робита ба ин мисол меорем. Яъне дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар қайд кардан ҷоиз аст, ки соли 2011 айбдоршавандае дастгир карда шуд, ки худ дар чунин мактабҳои ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сабақи ғайриқонунии динӣ гирифта, бозпас гашта, дар кӯчаи Кайҳоннавардони ин шаҳр аз фарзандони ноболиғи сокинони ин маҳал як гуруҳ барои омӯзиши ғайриқонунии динӣ ташкил карда, дар рафти омӯзиш ба ноболиғон ба воситаи асбобҳои гуногун зарарҳои ҷисмонӣ мерасонид, ки дастгир карда, ба ҷазо маҳкум карда шуд. Дар рафти тафтишот аз ӯ муайян карда шуд, ки ҳангоми омӯзиши ғайриқонуниии динӣ дар кишвари ҳамсоя нисбаташ чунин усули асримиёнагӣ истифода карда мешудааст вай бошад, барои ҳамин аз ноболиғон қасд гирифтааст.
Баробари ин боз як мисол меорем, ки моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурўҳи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, ин амали номатлубро содир намудаанд.Нияҳоят ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
То ба имрӯз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти қариб 20 ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва созмонҳо ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: Ҳизби наҳзати ислом, Гурӯҳи 24, Ал-Қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Ансоруллоҳ, Салафия ва ғайра мебошанд.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо мо бояд фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоем.Ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, бар зидди зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав муборизаи беамон барем.

ИБОДУЛЛОЕВА Ф.Д.,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *