Ҷавонони худшинос зидди терроризму экстремизм мебошанд!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015 бори дигар нишон доданд, ки бадхоҳони давлату миллат бо дастгирии баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ – мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмон бо дасти худи онҳо мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо суҳулат барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Мо, аҳли ҷомеа бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро анҷом диҳем. Имрӯз мо, бахусус ҷавонон бояд ба омӯхтани илму аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, ба пешрафту тараққиёти Ватани хеш дар якҷоягию ҳамбастагӣ ҳиссаи арзанда гузорем.

 

Гулшан Эшбоева

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *