ҶАВОНОН ХУДРО АЗ ХАВФУ ХАТАРҲОИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР ЭМИН НИГОҲ ДОРАНД!

Имрӯзҳо инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои Сирия ва Ироқ шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ ба кишвари Афғонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Айни замон ДИИШ на фақат барои амнияти Афғонистон, инчунин ба ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро эҷод сохтаанд. Имрӯзҳо сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисолҳо меорем. Моҳи июли соли 2021 дар яке аз шаҳрҳои Федератсияи Русия ду нафар ҷавонони кишвари мо бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир карда шуданд. Баробари ин як нафар аъзои ДИИШ безарар гардонида, аз дигаре яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда мусодира карда шуданд. Мисоли дигар, санаи 30 ноябри соли 2021 8 нафар шаҳрвандони кишварамон бо истифодаи яроқи оташфишонӣ нисбати соҳибкорон амалҳои ғоратгарӣ содир кардаанд, ки тибқи қарори Суди вилояти Москва онҳо аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Бояд қайд кард, аз ҷониби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ 17 нафар шаҳрвандони Русия зарари модиву молиявӣ дидаан, ки маблағи умумии бо асъори рубли Русия беш аз 11,5 миллионро ташкил медиҳад. Аз ин мисолҳои амиқ ҳар як фард бояд хулосабарорӣ намояд. Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллату давлати худ иснод меоранд. Хулоса, ҷавонон набояд ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароёну гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ фирефта шаванд.
Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Баробари ин аз суханҳои Пешвои муаззами миллат, ки нисбати ҷавонон борҳо зикр намудаанд ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ҷавонон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *