ХАТАРИ ВОҚЕИИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Хавфу хатарҳое, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналмилалӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ таҳдид менамоянд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонанд. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Мутаассифона, бархе ҷавонони кишвари мо низ ба андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли ҷомеа дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намуда истодаашон ба назар мерасанд. Гарчанде ин нафарон ангуштшуморанд, аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо андешаҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки бо номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд. Масалан моњи майи соли 2021 панҷ нафар шањрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шањри Федератсияи Россия њуҷум намуданд ва нињоят онњо дастгир шуданд. Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки ин гурўњи ҷиноӣ дар асоси дастури Тоҷиддин Назаров, лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, ин амали номатлубро содир намудаанд ва оқибат айбдоршудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ мањрум шудаанд. Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад.
Бояд ёдовар шуд, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик бо пайрави аз ниёгони хирадмандашон, ки дар тамоми асру замонҳо чароғи раҳнамои илми башарият буданд, ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар донишомӯзӣ ва пешрафти Ватани худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва амсоли инњо ҳамеша парчамбардорӣ илму фарҳанги башарияти ҷаҳони бошанд. Пас тамоми аҳли ҷомеа ва алалхусус зиёиёнро зарур аст, ки дар роҳи барҳам задани таассуби динӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд ва нагузоранд, ки бадхоњони миллат ва умуман гуруњњои ифротӣ фазои софи ҷомеаи озоди моро бо торҳои заҳрнокашон олуда намоянд ва Ватани азизи моро ба монанди кишварҳои ҷангзада ба балоҳои азиме гирифтор намоянд.
Хулоса, дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд. Мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Бинобар ин мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.

АБДУСАМАДОВА Х.Ғ.
муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *