БАҲСИ ТОҶИК БУДАН Ё НАБУДАНИ БАДАХШОНИҲОРО БАС КУНЕД!

Савганд ба тамоми муқаддасот, ки баҳси сунъии ба кадом миллат дахл доштани бадахшониҳоеро, ки забонҳояшон шарқиэронист, ба дилам задааст.
Тоҷик будани ин мардум ҳақиқатест равшантар аз оина!
Ин мардум асрҳои аср тоҷик будаанд ва дар ягон марҳалаи таърих ба тоҷик буданашон на онҳо шубҳа кардаанд, на ягон миллати дигар.

Агар дар ин бобат шубҳае ҷой медошт, дар айёми сахти табартақсими Осиёи Миёна ҳатман садо баланд мекарданд ва худро тоҷик наменавиштанд ва бузургтарин намояндаи ин халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо он ҷасорату донише, ки дошт, барои таъсис додани давлати тоҷикон ин қадар ҷонбозӣ намекард ва ҳадди ақал худро тоҷик намегуфт! Ё ҳатман аз байни халқи Шуғнон, Рӯшон, Вахон, Язгулом ва Ишкошим одамоне пайдо мешуданд, ки ин масъаларо ба миён меандохтанд. Аммо ягон ҳуҷҷат ва ҳатто ривояте дар даст надорем ё нашунидаем, ки кадом нафаре аз ин мардум худро тоҷик надонистааст ва изҳори норозигӣ карда бошад.
Помирӣ миллат нест! Он мафҳуми ҷуғрофиест, ки бо омадани русҳо аз тариқи роҳи Помир (Мурғоб) ба Бадахшон дар забони мардуми олам уфтод ва на ҳамчун мансубияти миллӣ, балки ба сифати мансубияти ҷуғрофии маскунини ин сарзамин ба кор бурда мешуд.
Як хатои бузурге, ки дар нимаи қарни 20 ҳукумати ИҶШС ба он роҳ дод, ин аст, ки Помири таърихиро соли 1932 ба муносибати 40-солагии ба деҳачаи Марғов омадани фавҷи нахустини аскарони рус ва мустақар гаштан дар сарҳади Чин, Мургаб ном ниҳоданд ва бо ҳамин номи ҳақиқиаш – Марғовро ба талаффузи худ мутобиқ карда Мургаб (баъдан тоҷикони мо онро аз русӣ ба тоҷикӣ Мурғоб тарҷума карда, ба дасти худашон вайрон) карданд ва ба ин восита номи Помирро аз байн бурда, ба даҳони як зумра ҳувиятбохтагони бесаводи маҳалгарои оянда ба воситаи маъруф гардондани ин номвожа калима гузоштанд.
Ба хотири аз байн бурдани ин баҳси нанговар пешниҳод мекунам, ки:
а) Номи маснуии ноҳияи Мурғоб ба номи таърихии он – Помир иваз карда шавад, то ин гурӯҳи худбехабари миллатситез ба таври аёнӣ бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки Помир (айни ҳол ноҳияи Мурғоб) як қисми хоки Бадахшон аст ва ба қавму миллат ҳеч рабте надорад.
б) Онҳоеро, ки миллати худро “помирӣ” меноманд ва таҳти ин ном ҳадафҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозии худ ва давлатҳои ба Тоҷикистон нодӯстро фаъолона амалӣ месозанд, барои вурудашон ба хоки Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ гардад.
в) Дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон баҳси тоҷик будан ё набудани бадахшониҳо қатъ карда шавад ва ҳар расона ё шахсе, ки ба ин баҳс даст мезанад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Бо асаби бадахшониҳо бозӣ кардан бас аст!
Дигар айбу шарм аст бо чанд нафар шӯрандозе, ки аслан кирои таваҷҷуҳ намекунанд, дар атрофи як мавзуе, ки кайҳо исбот шудааст, баҳсу мунозира барпо доштан ва ба ҳамин восита онҳоро реклама кардану дар назари мардум рақиби сазовор ба ҷилва овардан!

ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ

(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023)

Марди таърихсоз
Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.

НАҚШИ ИЛМ ВА АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,
Мақсуд аз озода шумоед, шумоед.
Деҳхудо

Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора устод Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод». Ба қавли шоире:
Рӯдакӣ низ чун дури шаҳвор
Зеби дарбори оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи амир Исмоил
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд…
Дар низоъи бақои миллият
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.
Фирдавсӣ касе буд, ки, ба қавли худаш, бо ранҷҳояш, Аҷамро, ки баъди истилои араб мурда буд, зинда намуд:
Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Аммо қабл аз эшон Яъқуби Лайс, ба қавли Носири Хусрав, аз аввалин амирони Хуросон буд, ки барои истиқлолхоҳӣ то Басра рафт ва хидмати бузургро барои миллат анҷом дод. Ҳамзамон, ӯ назарияи «он чи ман андар наёбам, чаро бояд гуфт»-ро ба миён гузошт ва бад-ин тартиб истиқлоли адабии забон ва адабиёти миллати моро асос гузошт ва бунёнгузорӣ намуд. Воқеан, Носири Хусрав ба қавли муҳаққиқи фаронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст оварда хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста буданд ва султаи қавми араб онҳоро дучори инҳитот кард». Ин абёти Носири Хусрав, ки аз худшиносии шоир ба мо мужда медиҳанд, на танҳо аҳамияти таърихӣ доранд, балки барои боло бурдани худогоҳии миллии миллати мо кӯмаки бешоиба менамоянд:
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу Сомон.
***
Он, к-ӯ ба Ҳиндувон шуд, яъне, ки ғозиям,
Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.
***
Ман аз пок фарзанди озодагонам,
Нагуфтам, ки Шопур бани Ардашерам.
Хоқонӣ агарчи дар даврони зафъи рӯҳи миллӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, аммо осораш саршор аз афкори миллӣ аст. Ӯ шоири шуубӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, осораш дар парвариши рӯҳи миллии шаҳрвандон нақши барозанада метавонад дошта бошад. Ашъоре аз ин даст:
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?
***
Чароғи Каён кушта шуд, кош ман
Ба маргаш чароғи сухан куштаме.
***
Мулки Аҷам чу туъмаи туркони аъҷамист,
Оқил куҷо бисоти таманно барафканад?
Тан гарчи суву этмак аз эшон талаб кунад,
Кай меҳри шаҳ ба Отсизу Буғро барафканад.
***
Чу ин ҷо маънии Қуръон надонам,
Равам он ҷо, ки Обисто бихонам.
***
Магзор мулки Ораше дар дасти муште оташе,
Хуш нест гарди нохушӣ бар рӯйи зебо рехта.
Мутаасифона, баъди ба адабиёт ворид шудани тасаввуф, алалхусус ҳуҷуми муғул ба кишвари мо, рӯҳи миллӣ заиф мешавад, яъне бозтоби он дар илму адабиёт камранг мегардад, қариб ба сифр мерасад. Аммо, мо ба ҳар ҳол, хол-хол дар осори адибон ва олимон ба афкор ва ашъоре рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо андеша ва рӯҳи миллӣ тарғиб мешаванд. Ба ин намунаҳо аз Мавлоно таваҷҷуҳ фармоед, ки онҳо имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд ва дар тарбияи ифтихор ва худшиносии миллии мо метавонанд нақши муҳим бибозанд:
Форсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,
Ишқро худ сад забони дигар аст.
Бӯйи он дилбар чу паррон мешавад,
Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад.
* * *
Балхиям ман, балхиям ман, балхиям,
Шӯр орад оламе аз талхиям.
***
Наъраи ҳою ҳӯйи ман, аз дари Рум то ба Балх,
Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман.
***
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан.
Албатта, мо дар осори Хоҷу, Ҳофиз, Соҳиби Шерозӣ, Биноӣ, Урфӣ, Толиби Омулӣ, Нозими Ҳиротӣ ва бархе аз дигарон низ ба андешаву афкори миллӣ, ватандӯстона рӯ ба рӯ мешавем, ки мутолиаи онҳо дар таҳкими рӯҳи миллии ҳамватанон нақши шоиста мебозанд. Ба сифати мисол шеъри поёни Хоҷуро мегирем, ки аз рӯҳи миллӣ бархӯрдор буда, бар зидди бартарияти қавмҷӯёнаи аъроб нигаронида шудааст:
Буд Ҳабиби Аҷамӣ дар намоз,
Шуд Ҳасани Басри-ш аз дар фароз.
Дид, ки ал-ҳамд ба ал-ҳамд хонд,
Рахши қироат ба иборат наронд.
Гуфт: «намоз аз паси ин чун тавон»,
К-ин аҷамӣ ҳаст шикастазабон?
Дур шуду кард ба танҳо намоз,
З-он ки кунад хос зи ом эътироз.
Дид ҳамон шаб чу фурӯ шуд ба хоб,
К-омадӣ аз ҳазрати иззат хитоб,
К-эй Ҳасан, ар ҳусни иборат турост,
Сиҳҳати ният зи иборат ҷудост.
Тири фазилат шудат акнун зи шаст,
Ёфта будиву бидодӣ зи даст.
Ғарра чӣ бошӣ ба ибороти хеш,
Ношуда кашшофи ишороти хеш.
Гар ту ҷудогона накардӣ намоз,
Кардаӣ тооти ту будӣ ба соз.
Дил чу дуруст аст, забонро биҳил,
Номи забон аз чӣ бари пеши дил.
Тӯтии хушхон, ки забон номи ӯст,
Шаккари ширини баён коми ӯст.
Айб макун, гар шиканад дар сухан,
Бад набувад, тӯтии шаккаршикан…
Аммо олимону адибони мо асосан аз аввали асри гузашта имкон ёфтанд, ки дар бораи миллати хеш сухан бигӯянд, рӯ ба худогоҳии миллӣ биёранд. Устод Айни қаҳрамони ин майдон аст. Нахустин асарҳои назмиву насрии устод, аз ҷумла «Марши ҳуррият» ва қиссаи «Одина», дар ташвиқу тарғиби рӯҳи миллӣ, бедорӣ, худогоҳии мардум нақши бузург бозидаанд:
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид,
Муждагонӣ диҳед, эй асирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
Дигар, маҳз устод Айнӣ аввалин бор тоҷикситоиро дар шеър бунёд гузошт ва ҷаҳониёнро аз сирру асрору фарҳангу тамаддуни воло, зеҳни софу дарроки тоҷикон воқиф сохт ва барои адибони дигар ҳамчун намунаи ибрат хидмат кард:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик.
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода,
Забони маърифатпардози тоҷик.
Маҳз дар ҳамин давра илм ва адабиёти соф миллии мо поягузорӣ шуд. Бинобар ин, олимону адабони ҳамзабони мо, ки ҳанӯз дар асорати бегонагон қарор доштанд, илму адабиёти моро на танҳо ба сифати сармашқ пазируфтанд, балки ба ташвиқу тарғиби он пардохтанд. Аз ҷумла, донишманди эронӣ Саид Нафисӣ дар ин боб гуфта: «Барои мо махсусан роҳи республикаҳои Осиёи Миёна, ки таърихан ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба шукуфоии маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯзанд. Асарҳои нависандагони намоёни тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо, дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ, намунаи сазоворест». Бинобар ин, метавон гуфт, ки тамоми осори олимону адибони мо, аз ҷумла устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Деҳотӣ, Улуғзода, Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммад Осимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб ва дигарон намунаи олии хидмат ба миллату кишвар ва мавқеи дурусти онҳо маҳсуб мешавад. Дар ин замина асарҳое чун «Намунаи адабиёти тоҷик», «Ёддоштҳо», «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод Айнӣ, «Тоҷикон», «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан»-и Бобоҷон Ғафуров, «Сарои тамаддун», «Тоҷикистон шуд мунаввар», «Коваи оҳангар», «Кремл», «Меҳан, эй меҳан», «Бандагӣ даркор нест»-и Лоҳутӣ, «Писари Ватан», «Ҷони ширин», «Асри ман», «Ватан», «Дӯстонро гум макун»-и Турсунзода, «Субҳи ҷавонии мо», «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ»-и Улуғзода, «Духтари оташ», «Зоғҳои бадмур»-и Икромӣ, «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил, «Вафо»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев, «Фикрҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик»-и Холиқ Мирзозода, «Қишлоқи тиллоӣ»-и Миршакар, «Ишқи Ватан»-и Ҳабиб Юсуфӣ, «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик»-и Абдулғанӣ Мирзоев, «Одам-уш-шуарро Рӯдакӣ»-и Афсаҳзод, «Суруши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзоев, «366-паҳлу»-и Ғаффор Мирзо, «Каримбой дар хонаи Худо»-и Аҳмадҷони Ҳамдӣ, «Ситорае дар тирашаб»-и Расул Ҳодизода ва ғайра аз шоҳкориҳои илму адаби мо маҳсуб мешаванд, ки дар асри гузашта эҷод шудаанд. Мо дар ҳамаи ин асарҳо ба ин ё он навъ дахолати адибонро ба ҳаёти халқ ва тақдири кишвар бармало боздид менамоем. Ҳамаи ин осор дар рӯҳияи баланди ватандӯстона, хидмат ба миллат, тарғиби арзишҳои миллӣ, ваҳдату якпорчагии шаҳрвандони кишвар, таъмини амнияту сулҳу осоиш навишта шудаанд. Бинобар ин, дар парвариши рӯҳи миллии шаҳрвандон, ба вижа ҷавонон, ки ояндаи миллат ва кишваранд, нақши муҳим мебозанд. Ногуфта намонад, ки имрӯз низ олимону адибони мо дар эҷоди осоре, ки рӯҳ ва андешаи миллиро тарғиб мекунанд, муваффақиятҳои назаррас доранд. Аммо, мутаассифона, на ҳамаи аҳли илму адаб дар ин самт кӯшо мебошанд. Бисёре аз онҳо як навъ бетарафӣ ва бетафовутӣ нисбат ба тақдири миллат ва кишвар зоҳир менамоянд. Ба сифати як навъ тамошобин ба ҳаводиси рӯзгор назар меандозанд. Аз имкониятҳои истиқлол самаранок ва ба фоидаи миллату кишвар истифода наменамоянд, кор намегиранд, баръакс, аз озодиҳои истиқлол сӯистифода мекунанд. Осоре эҷод менамоянд, ки бар зарари манфиатҳои миллат ва кишвар мебошанд. Албатта, ин амали онҳо як навъ аз гумроҳӣ ва мавқеи нодурусти онҳо ба ҳаёт ва тақдири миллату кишвар хабар медиҳанд. Эшон як навъ масъулиятгурезӣ менамоянд. Ҳол он ки вазифаи аҳли қалам дахолат ба зиндагӣ, хизмат ба халқ ва кишвар ба ҳисоб меравад. Шоир беҳуда нагуфтааст, ки:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.
Зеро:
Дар халқ, буруни халқ будан ғалат аст,
Суҳбат бо зиндагист, бо мурдан нест.
Ҳамин аст, ки бархе аз аҳли қалам ҳануз ҳам саргарми истифода аз образу устураҳои динӣ, мазҳабӣ, арабӣ, мисли Сулаймон, Ҳоруту Морут, Юсуфу Зулайхо ва ғайра мебошанд. Ирфону тасаввуф, шӯру ваҷду ҳолу бехудию тақдирпарастӣ ва фарҳанги бегонаро тарғиб месозанд. Гурӯҳи дигар ба шаҷараноманависӣ, олимону адибонро муллою эшону сайидзода сохтан ва муаррифӣ кардан машғуланд. Саввум, аз босмачиҳо қаҳрамон месозанд, чаҳорум, осори олимону адибони асри гузашта ва дастовардҳои миллати моро дар он замон, яъне асри ХХ инкор менамоянд, як навъ эпидемияи (вабои) гузаштаситезӣ, нигилизм (инкор), таҳрифи воқеиятро дар фазои илм ва адаби мо паҳн ва эҷод менамоянд, ки натанҳо боиси нигаронии аҳли илму адаб, балки давлат ҳам шудаанд. Онҳо гӯё намедонанд, ки мо маҳз дар натиҷаи заҳмату ҷонфидоии пешиниён, ба вижа фарзандони бузурги миллат, ба ин рӯзи фирӯз, яъне истиқлол расидем. Беҳуда шоир ба мо ҳушдор надодааст:
Ҳама аз кӯшиши пешиниён аст,
Агар осоише акнун ту дорӣ.
Бадбахтона, бархе аз нависандагон, ба ҷойи «Маҳмуди торобинома», «Мавлавинома», «Биноинома», «Яъқубилайснома», «Сосоннома», «Сомоннома», «Картнома», «Сарбадорнома», «Соҳибишерозинома», «Каюмарснома», «Ҳушангнома», «Урфинома», «Айнинома», «Лоҳутинома», «Турсунзоданома» ва ғайра навиштан имрӯз низ «Искандарнома» менависанд. Масалан, Сорбон «Достони писари Худо» («Искандарнома»)-ро менависад. Ҷумъа Одина низ дар поёни асри гузашта романи «Искандари Мақдунӣ»-ро эҷод менамояд, ки нотамом мемонад. Воқеан, Карим Мусо дар ин бора, яъне орзуи навиштани эпопеяи «Искандари Макдунӣ»-ро аз ҷониби Ҷумъа Одина чунин ба қалам медиҳад: «Китоби нотамоми Ҷумъа Одина «Искандари Мақдунӣ» баъди падруди муаллифаш бо зиндагӣ дар шумораҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд, ки маро дар ҳайрат гузошт. Зеро ба гуфти худаш, ки доир ба ин ҷаҳонгир асаре навиштан дар майнааш мечархидааст, фурсати зиёде нагузашта буд. Вай ин корро бо ҳама моҷароҳҳои вобаста ба романи «Гузашти айём» мутародиф пеш мебурдааст. Вале сар карду ба поён расонида натавонист. Ҳол он ки, ба гуфти Убайд Раҷаб, дар ҳамон китоби ёддоштии «Дӯш будам ҳамнишин», Ҷума Одина «Эпопеяи Искандари Макдуниро» нияти дар панч китоб ба поён расонидан доштааст…». Ба қавли устод Лоиқ:
Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардаӣ ту!
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.
Гузашта аз ин, Саттор Турсун дар романи «Се рӯзи як баҳор», Мирзо Насриддин (Саидзода) дар романи «Оташ дар хонаи қадим» (дар ду ҷилд), Урун Куҳзод дар романҳои «Бандии озод», «Тақвими роҳгум», Аброри Зоҳир дар романҳои «Муқовимат», «Бозгашт», Баҳром Фирӯз дар романи «Ғафлатзадагон» босмачиёнро ба сифати қаҳрамон интихоб намуда онҳоро ватандӯст муаррифӣ менамоянд. Мо дар китобҳои «таҳқиқӣ»-и «Ҷонпайванд»-и Мирзо Шукурзода, «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср»-и Абдухолиқи Набавӣ, «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ»-и Рустами Ваҳҳобзода, «Тоҷикони Мовароуннаҳр»-и Абдуқодир Холиқзода, «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ»-и Шакурӣ, «Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ»-и Наргис Аслонзода ва дар даҳҳо асарҳои дигар ба нақди носолим, нигилизм (инкор), сиёҳкунӣ, таҳрифкорӣ, босмачиситоӣ, динситоӣ, амирситоӣ, айниситезӣ, турсунзодаситезӣ, худситезӣ, паст задани забони тоҷикӣ ва ғайра низ рӯ ба рӯ мешавем. Ба қавли Калими Кошонӣ:
Раҳнамоёни замони мо ҳама раҳ мезананд,
З-он миён гар росте дидем, асои кӯр буд.
Дар ҳақиқат, ин олимон ва адибон ба ҷойи раҳнамоӣ, нишон додани хатарҳо, таҳдидҳо, ки имрӯз кишвару миллати мо ба онҳо рӯ ба рӯянд, ба ин гуна мавзӯъҳои барои миллат ва кишвар зиёнрасон даст зада ва мезананд, яъне як навъ раҳзанӣ менамоянд. Ҳол он ки мо дар як вазъияти ҳассос, нозук ва хатарнок барои миллату кишвар қарор дорем. Вазифаи олимону адибон нишон додан ва муҷассам сохтани ҳамин хатарҳо ва таҳдидҳо мебошад. Воқеан, хатаршиносӣ, таҳдидшиносӣ чист? Хатаршиносӣ илм аст, мисли адабиётшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ, китобшиносӣ, ҷомеашиносӣ, мактабшиносӣ, руҳшиносӣ, рӯзномашиносӣ ва ғайра. Албатта ин мафҳумҳо, ба вижа мафҳуми хатаршиносӣ дар кишвари мо хеле ҷавон аст. Акунун ба забонҳо ҷорӣ ва сорӣ мешавад. Он илмест, ки дар бораи таҳдидҳо сухан мегӯяд, ҳушдор медиҳад. Аз неруҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ, алалхусус минтақавию ҷаҳонӣ, террористҳо, экстремистҳо, гурӯҳҳои радикалӣ, хабар медихад, то кишвар ва миллат барои дифоъ омодагӣ бигирад, хатару таҳдидҳоро пешгирӣ намояд. Мутаассифона, касоне, ниҳоде, мутахассисоне, ки ба маънии васеъ ва тангаш ба ин масъала машғул бошанд, давлатро, ҷомеаро, халқро огоҳ намоянд, ҳануз дар байни олимону адибони мо падид наёмадаанд. Ба ин маънӣ, хатаршиносӣ ҳанӯз расмият пайдо накардааст. Лиҳозо, имрӯз зарур аст, ки он хатарҳое, ки ба миллат ва кишвар таҳдид мекунанд, ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Албатта, мо хатарҳои табииро дар ин маврид истисно менамоем. Ҳадафи мо нишон додани хатарҳои сиёсӣ ва динию мазҳабиянд, ки нажоду миллат ва кишварҳои пурнуфусу пурнуфузи олам аз рӯи барномаҳои махсус амалӣ мекунанд ва кардан мехоҳанд. Хусусан барои мо имрӯз ба шиддат динзада шудани кишвар, минтақа ва олам, қудратҷӯӣ, бартариятҷӯӣ, аз ҷумла қударати нажодӣ, миллӣ, эпидемияи (вабои) гузаштаситезӣ, нигилизм (инкори дастовардхои миллату кишвар дар асри гузашта), бегонаситоӣ, босмачиситоӣ, бетафовутӣ, бетарафӣ, бемасъулиятӣ, дурӯӣ, чандрӯӣ, тамошогарӣ, беҳувиятӣ, яъне манкуртӣ, бехотирагӣ ва ғайра аз ҳар лиҳоз нигаронкунандаанд. Аммо, неоусмонизм (навусмонизм) аз ҳама хатарнок мебошад, ки натанҳо ба ояндаи нажоду миллати мо, балки ба нажоду миллатҳои дигари ҷаҳон низ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, имрӯз ин докторинаи нажодию фашистӣ на фақат мо, балки ҷаҳониёнро низ нигарон сохтааст. Бояд онро пешгирӣ ва хунсо кард. Аммо ин мавзӯи дигар аст ва баррасии алоҳидаро тақозо менамояд. Воқеан, олимону адибон имрӯз вазифадоранд, ки дирӯзи миллат, имрӯзу фардои онро аз рӯи виҷдон, мунсифона таҳқиқ намоянд ва ба риштаи тасвир бикашанд, танҳо бо бадеият, ороишу пероиш саргарм нашаванд. Ояндаи миллат, бақои кишвар ва хатарҳои мавҷударо бишиносанд, ошкор намоянд ва ба хонанда хабар бидиҳанд, чунки ба қавли нависандаи маъруф Тургенев, «давраҳое ҳастанд, ки адабиёт наметавонад танҳо бадеиёт бошад, зеро манфиатҳое ҳастанд, ки аз манфиатҳои бадеӣ болотаранд. Лаҳзаи худшиносӣ ва танқид, чунонки дар ҳаёти шахсони алоҳида зарур аст, дар зиндагонии халқ низ зарурат дорад». Аз ин хотир, олимону адибон бояд дирӯзшинос, имрӯзшинос ва ояндашинос бошанд. Ҳаргиз ба бехабарӣ, бетафовутӣ, ғафлат роҳ надиҳанд, яъне ояндабин бошанд, зеро, ба қавли Низомулмулк, «ғафлат давлатро бибарад» ва ба андешаи Ҷон Голсуорси, «агар аз оянда наандешед, оянда нахоҳед дошт». Беҳуда шоир нагуфтааст:
Маро аз ғафлати худ бар сар ин бедод меояд,
Набошад сайд агар ғофил, чӣ аз сайёд меояд?
Рӯи ҳамин асос, мо бояд дар бораи ояндаи Тоҷикистон биандешем, хатарҳое, ки пешорӯи миллат ва кишвар аст, ошкор ва кашф намоем. Зеро Тоҷикистон ҳатто нимҷазира нест, балки, ба қавли олимону адибон ҷазира аст, дони танҳост дар осиёи замона, мисли оҳуест раманда дар миёни кишварҳо:
Халқи тоҷик дар Осиёи Миёна-
Дони танҳо дар осиёи замона.
Лоиқ
Дар харита мисоли оҳуест
Тоҷикистон миёни кишварҳо.
Ай Худо, доми душманаш баркан,
Ай Худо, тири душманаш бишкан!
Гулназар
Дар ҳақиқат, ин ҳолати миллат ва кишвари моро ҳатто ҳамзабонони мо мушоҳида кардаанду изҳори нигаронӣ намудаанд. Парвиз Нотили Хонларӣ гӯяд: «Тоҷикистон монанди ҷазирае миёни кишварҳои «дигарзабон» мондааст, агарчи он кишварҳои дигар ҳам ба забону адабиёт ва фарҳанги эронӣ бегона нестанд ва миёни эшон форсигӯй ва форсидон мондааст. Аммо тоҷик ба маънии форс ва форсизабон аст ва мардуми ин кишвар ин маъниро хуб медонанд. Як шоири ҷавони тоҷик шеъре дорад, ки мазмуни он дилбастагӣ ба забони дарӣ аст ва ман дар форсӣ шеъре дигар чунин пуршӯр дар баёни ин алоқа ба забони форсӣ (дарӣ-тоҷикӣ) суроғ надорам. Ин шеъри шурангезро дар ҳамин шумораи «Сухан» зери унвони «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» мехонед». Дигар, Худованд доми душманонро, ки гирди мо танидаанд, намеканад, тире, ки сӯи мо рост кардаанд, намешиканад, зеро ӯ, ба қавли маъруф, оламро офарид, аммо дар он дахле надорад. Дигар, ӯ ба мо беҳтарин неъмат-ақлу хирадро арзонӣ доштааст, то худамонро, Ватанамонро аз хатарҳо эмин бидорем. Бинобар ин, ҷуз мову шумо каси дигаре доми душманонро канда ва тири онҳоро шикаста наметавонад. Лиҳозо, мо бояд ватандӯсту ҷонфидо бошем ва маргро аз зиндагӣ авлотар донем. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба номи накӯ гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
Фирдавсӣ
Гар бибояд мурд, боре хезу дар майдон бимир,
Марг дар майдон беҳ аз марге, ки андар бистар аст.
Маликушшуаро Баҳор
Бо як сухан, фақат мову шумо нигаҳбони ин миллат ва Ватан ҳастем. Фақат моем, ки бо ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда, ин Ватанро аз бадхоҳон дифоъ мекунем ва дар роҳи он агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамоем:
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад,
Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад?
Мо бояд на танҳо аз ҷасортаи миллӣ, балки ғурури миллӣ низ бархӯрдор бошем ва дар ҳар ҳолату шароит обрӯй ва иззату шарафи иноснии худро ҳифз намоем. Гузашта аз ин, мо бояд дар ҳамин гуна руҳ, яъне бархӯрдорӣ аз ғурури миллӣ ва инсонӣ таълиму тарбия ёбем, то битавонем дар мушкилтарин ҳолатҳо, пешомадҳои ногувору ногаҳонӣ, ғайримунтазир, сахтиҳои модиву маънавӣ, сиёсию иқтисодӣ ва ғайра, иззату обрӯю шарафи инсонию миллии хешро нигаҳ дорем, дур аз хиёнату ноҷавонмардӣ қарор бигирем ва ба қавли Мавлоно, косаи дӯғи хешро аз ангубини бегонагон авлотар донем ва озодиро ба бандагӣ савдо нанамоем:
Гар косаи дӯғи хеш бошад пешам
В-аллаҳ, ки з-ангубини кас н-андешам.
В-ар бебаргӣ ба марг молад гӯшам,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшам.
Аз сӯи дигар, мо набояд имрӯз дар хоксорию тавозӯъ, нармию мадоро, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ ба хӯю хислати зотии мо табдил ёфтааст, ифроту тафрит намоем, зеро ҳамин хоксорию нармии аз ҳад зиёди мо буд, ки боиси сарафкандагию хорию зории мо гардид ва мо ба таври бояду шояд натавонистем аз манфиатҳои миллию инсонии худ дифоъ намоем ва аз ҷойгоҳе, ки шоистаи миллати мост, бархӯрдор гардем. Ҳамин сифату хислати мо, яъне нармхӯии аз андоза беҳади мо буд, ки мо ҳама чизро аз даст додем, душманони худро обрӯю манзалату давлату сарвату саодат бахшидем, аммо худро хору зору бемиқдор сохтем. Имрӯз замоне расидааст, ки мо дар ин қаламрав ҳадди эътидолро риоя намоем, то битавонем иззату нафси худро нигаҳ бидорем, бозичаи дасти дигарон нашавем. Ин хитоб ва андарзҳо, ки аз қаъри асрҳо ба мо ҳушдору сало медиҳанд, имрӯз низ метавонанд ба масобаи раҳнамо бароямон хидмат намоянд. Бинобар ин, мо бояд онҳоро ҳифз намоем ва ҳамвора пешорӯи худ дошта бошем:
Як ҳамлаю як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ.
Мавлавӣ.
Нармӣ зи ҳад мабар, ки чун дандони мор рехт,
Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнааш.
Соиб
Таназзул обро аз нармхӯист,
Баландӣ куҳро аз сахтрӯист.
Нозим
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.
Бедил

Лиҳозо, мо барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар дирӯзшиносӣ, имрӯзшиносӣ, ояндашиносӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ таманно менамоем, зеро, ба қавли П.А. Столипин, «қавми маҳрум аз худшиносии миллӣ, мисли поруест, ки бар рӯи он қавмҳои дигар рушду нумув хоҳанд кард». Аз ин рӯ, аз забони Мавлоно мегӯем:
Ман бандаи он қавм, ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд.
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд.

Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос

Сарчашмаҳои маблағгузории Ҳаракати Толибон (2001-2021)

Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.
Соли 2001 пас аз вуруди неруҳои хориҷӣ бо сарварии ИМА ба хоки Афғонистон, ҳаракати Толибон аз сари қудрат дур карда шуда, қисми зиёди ин гурӯҳ дар Покистон паноҳ бурданд. Дар ин давра, Толибон барои барқарор кардани қудрати худ ба захираҳои молиявӣ ниёз доштанд.
Вазифаҳои асосии Толибон дар аввали солҳои 2000-ум мустаҳкам кардани неруҳо ва инчунин баргардонидани мавқеи қаблии худ дар Афғонистон буд.
Тадриҷан пас аз соли 2001, толибони боқимонда дубора аз нав ба гурӯҳ-гурӯҳкунӣ ва барқароршавӣ даст заданд. Бино ба гузоришҳо, роҳбари руҳонии ҳаракат мулло Умар бо муовинони худ тамос гирифта, ба онҳо дастур додааст, ки ҷангиёни худро ташкил кунанд, даъватшавандагонро аз мадрасаҳои Покистон бигиранд, махфигоҳи силоҳ пайдо намоянд ва маблағ ҷамъ созанд. Қочоқчиёни маводи мухаддир аз аввалинҳо шуда, барои толибон маблағ ҷудо карданд.
Тибқи баъзе арзёбиҳо, даромад аз маводи мухаддир метавонад аз 20 то 40% тамоми даромади толибонро дар миёнаи солҳои 2001 ва 2014 ташкил диҳад. Тиҷорати маводи мухаддир ба як сарчашмаи сердаромад табдил ёфт, ки ба оғози барқарорсозии Толибон пас аз дур кардани ҳаракат аз сари қудрат дар соли 2001 мусоидат кард.
Бо вуҷуди он ки соли 2003 толибон ҳанӯз неруҳои худро (инчунин нуфузи худро дар Афғонистон) пурра барқарор накарда, хуб муташаккил набуданд, тавонистанд назорати истеҳсоли маводи мухаддирро дар як қатор минтақаҳои ҷануби кишвар ба роҳ монанд. Дар ин давра аз ҳисоби даромади молиявӣ аз савдои маводи мухаддир «Шуро-и-Кветта» (мақоми асосии ҳарбӣ-сиёсии толибон, ки дар қаламрави Покистон фаъолият мекард) тавонист назоратро аз болои толибон, ки суст шуда буд, ташкил кунад.
Сарчашмаи дигари молиявӣ, ба ғайр аз тиҷорати маводи мухаддир, даромади андоз аз деҳқонон буд. Солҳои 2000-ум толибон пинҳонӣ андозҳои афюнро аз деҳқонон дар қаламравҳои таҳти назорати худ ҷамъоварӣ мекарданд. Онҳо ҳанӯз солҳои 1990-ум ба чунин ҷамъоварии андоз шурӯъ карда буданд. Дар минтақаҳое, ки қувваи ошкорои бартаридошта вуҷуд надошт, давра ба давра байни фармондеҳони толибон, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва мансабдорон бархӯрдҳо ба амал меомаданд, ки онҳо низ аз тиҷорати маводи мухаддир даромади ғайриқонунӣ ба даст меоварданд. Дар ин давра байни қувваҳои гуногун барои назорати тиҷорати маводи мухаддир рақобати шадид сурат гирифт. Маркази ягонае набуд, ки истеҳсоли маводи мухаддирро дар кишвар комилан дар дасти худ нигоҳ дорад. Дар навбати худ, вазъи кунунӣ ҳам ба ноором шудани вазъ дар минтақаҳои алоҳидаи Афғонистон ва ҳам ба паст шудани нуфузи ҳокимияти марказӣ мусоидат кард.
Барои ба даст овардани даромади устувор аз маводи мухаддир, толибон ҳамчун ҳимоятгари деҳқонони парваришгари кӯкнори афюн баромад карданд. Ҷамъоварии анъанавии даромади маводи мухаддир дар солҳои 2000-ум ба таври зерин ба назар мерасид (тавре ки қаблан қайд карда шуд, нақшаи ҷамъоварии андоз аз деҳқонон аз солҳои 1990-ум бетағйир боқӣ мондааст):

1) Фармондеҳони Толибон аз деҳқонони парваришгари кӯкнор андози «ушр» ҷамъоварӣ мекарданд, ки ба 10% арзиши зироат баробар буд;
2) Барои зиёд кардани даромади худ, ҷангиёни толибон аксар вақт дар майдонҳои кишти кӯкнор дар вақти ғунучини ҳосил кор мекарданд (аз тамоми раванди истеҳсоли маводи мухаддир, ҷамъоварии афюни хом сердаромад ва инчунин меҳнатталаб аст);
3) Тоҷирони хурде, ки афюни хомро аз деҳқонон мехариданд, низ ба толибон андоз месупориданд. Ба ғайр аз ин, ронандагоне, ки ба интиқоли маводи мухаддир машғул буданд, ба толибон барои ҳар кило афюни хом ё маводи мухаддири тайёре, ки аз Афғонистон қочоқ мегардид, тарифи транзитӣ пардохт мекарданд;
4) Толибон инчунин барои ҳифзи озмоишгоҳҳои маводи мухаддир, ки героинро аз афюни хом истеҳсол мекарданд, маблағ мегирифтанд;
5) Сарчашмаи муҳимтарини даромад барои толибон аз маводи мухаддир пардохтҳои мунтазами ташкилотҳои калони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир буд. Ин пардохтҳо мустақиман ба «Шуро-и-Кветта» ворид мешуданд, ки дар он роҳбарони толибон, ки дар шаҳр ё дар наздикии шаҳри Кветтаи Покистон, маркази маъмурии вилояти Балуҷистон, зиндагӣ мекарданд, шомил буданд.
Аз гуфтаҳои боло маълум аст, ки тиҷорати маводи мухаддир барои толибон сарчашмаи муҳими маблағгузории онҳо буд. Дар айни замон, хусусияти муҳими он қобилияти ба даст овардани даромад дар муддати хеле кӯтоҳ буд, ки ба толибон дар аввали солҳои 2000-ум имкон дод, даъвоҳои худро дар бораи таъсир дар Афғонистон баён кунанд.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ дар зиёд шудани даромади толибон аз тиҷорати маводи мухаддир нақши назаррас доштанд. Пеш аз ҳама, хатсайрҳои асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон тавассути қаламрави онҳо мегузаштанд. Ҳамзамон, тавассути ҳамин кишварҳо интиқоли ғайриқонунии маблағ тавассути системаи ҳавола (системаи ғайрирасмии интиқоли маблағҳо ва арзишҳо дар асоси мубодилаи талабот ва уҳдадориҳо байни брокерҳо) анҷом дода мешуд.
Мувофиқи маълумоти Институти EastWest, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба марказҳои асосии муомилот барои «ҷараёнҳои молиявии марбут ба истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии афюнҳои Афғонистон» табдил ёфтанд. Дар ҳамин кишварҳо раванди расмигардонии пул низ ба амал меомад. Баъдан, аз ин ҷо пул ба қочоқчиёни маводи мухаддир ба Афғонистон дубора баргардонида мешуд.
Наздик ба соли 2014, диверсификатсияи сарчашмаҳои маблағгузории толибон ба таври возеҳ пайгирӣ карда шуд. Маълум буд, ки дар таъмини молиявии фаъолияти худ онҳо кӯшиш мекарданд, ки на ба як манбаи даромад такя кунанд, балки тавонанд захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ба даст оранд. Онҳо шароит фароҳам оварданд, ки дар он аз як намуди даромад маҳрум шуда, ба намуди дигар такя кардан мумкин буд. Вазъияте, ки толибон метавонистанд комилан бидуни маблағ бошанд, ба ин васила ба ҳадди ақали эҳтимолият коҳиш ёфт.
Дар солҳои 2000-ум Толибон аз рӯи хусусияти амалҳояшон бештар ба мафия шабоҳат доштанд (масалан, тамаъҷӯӣ аз тиҷорат ба яке аз сарчашмаҳои даромади ҳаракат табдил ёфт). Дар ин давра толибон мисли солҳои 1990-ум ба таври возеҳ ташкил нашуда буданд. Метавон гуфт, ки онҳо дар муқоиса ба ташкилоти ягонаи мутамарказ, бештар ба ҷамъомади гурӯҳҳои алоҳидаи «ғоратгар» шабоҳат доштанд ва ҳар яке аз ин гурӯҳҳо бо дараҷаҳои гуногуни мустақилият дар Афғонистон фаъолият мекарданд ва дар Покистон ақибгоҳ доштанд.
Тибқи маълумоти як қатор муҳаққиқони ғарбӣ, ба ғайр аз ҷамъоварии андоз аз афюн аз деҳқонон ва тиҷорати маводи мухаддир, толибон инчунин аз соҳибони тиҷорати хурди маҳаллӣ 10% «андоз» (ушр) ҷамъоварӣ мекардаанд.
Як қатор фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ҳамчун сарчашмаи маблағгузорӣ барои толибон амал мекарданд. Тибқи иттилои манбаъҳо (масалан, FATF, Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявӣ барои мубориза бо расмигардонии (шустушӯи) пул), ҳар як намуди даромад дар буҷети толибон барои таъмини вазифаҳои мушаххас хидмат мекард. Ҳамин тавр, даромадҳое, ки аз андозбандии иқтисоди маҳаллӣ ба даст меомаданд, барои гузаронидани амалиётҳои маҳаллӣ хизмат мекарданд ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо ба роҳбарияти олии ҳаракат равона мегардиданд. Қисми даромади аз тиҷорати маводи мухаддир ба даст омада, инчунин ҳиссаи маблағи аз фоида ҷудошуда аз ширкатҳои сохтмонӣ ва нақлиётӣ, операторони алоқаи мобилӣ, ширкатҳои истихроҷи маъдан ва лоиҳаҳои кумак ва рушд ба комиссияи молиявии Толибон ворид мешуданд (Ҳаракати Толибон аллакай сохтори возеҳе дошт, ки дар солҳои 2010-ум «вазоратҳо» – и гуногунро дар бар мегирифт). Комиссияи молия зери назорати роҳбарияти олии ҳаракат қарор дошт. Намудҳои гуногуни хайрияҳо, асосан аз кишварҳои арабӣ, бевосита ба роҳбарияти олии толибон дода шуданд. Тибқи маълумоти СММ, миёнаи солҳои 2011 ва 2012 буҷети толибон 400 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, ки сеяки он аз ҳисоби тиҷорати маводи мухаддир ба даст омадааст. Албатта, ҳиссаи назаррасро дар буҷети толибон манбаъҳои дохилии маблағгузорӣ ташкил медод. Ба ғайр аз тиҷорати маводи мухаддир, ба онҳо андозҳои гуногуни ғайриқонунии деҳқонон ва тиҷорат, боҷҳои нақлиётӣ, рэкет ва ҳама намудҳои тамаъҷӯӣ дохил мешуданд.
Дар давраи пас аз соли 2015, коркарди афюни хом ба маҳсулоти тайёр таҳти назорати пурраи толибон гузашт. Акнун даромади толибон аз маводи мухаддир аз андозҳое, ки онҳо барои афюн аз деҳқонон ҷамъоварӣ мекарданд, аз лабораторияҳое, ки героин истеҳсол мекарданд ва аз андозҳое, ки тоҷирон барои интиқоли маводи мухаддир аз кишвар пардохт менамуданд, иборат буд. Ҳамин тариқ, пас аз соли 2015 толибон тавонистанд тамоми соҳаҳои тиҷорати маводи мухаддирро дар Афғонистон зери назорат қарор диҳанд.
Толибон инчунин диверсификатсияи манбаъҳои даромади худро идома доданд. Ҳамин тавр, аз ронандагон барои истифодаи шоҳроҳҳо дар минтақаҳои таҳти назорати толибон боҷи нақлиётӣ ситонида мешуд. Онҳо инчунин аз аҳолӣ ситонидани «ушр» ва «закот»-ро идома доданд. Чунин андозситонӣ то 160 миллион доллари ИМА дар як сол даромад овард.
Зикр кардан муҳим аст, ки арзёбии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар бораи даромади толибон асосан даромад аз афюни хом ва андозҳоро дар бар мегирифт. Ҳисоботи дигар ташкилотҳои байналмилалӣ (масалан, RAND corporation) аллакай даромадро дар маҷмӯъ аз тамоми саноати маводи мухаддир баррасӣ карданд. Интиқоли афюни хоми коркардшуда ба ҳероин ба бозорҳои ниҳоӣ ва инчунин раванди баъд аз шустушӯи пул даромади бештар меоварданд.
Истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир тамоми солҳои қаблӣ барои толибон манбаи хеле сердаромад боқӣ монд. Бо фарохгардонии қаламрави таҳти назорати толибон дар солҳои охир, сатҳи даромади онҳо аз савдои маводи мухаддир ва инчунин ҷамъоварии боҷҳои нақлиётӣ низ афзоиш ёфт. Ғайр аз ин, онҳо қариб дар ҳама соҳаҳои минтақаҳои таҳти назорати худ фаъолона андоз меситонданд.
Миёнаи солҳои 2015 ва 2021 толибон манбаъҳои маблағгузории худро тавсеа доданд. Бо васеъшавии қаламрави таҳти назорати ҳаракат, минтақаи тамаъҷӯӣ аз тиҷорати қонунӣ низ васеъ гардид. Бисёре аз ширкатҳои истихроҷи маъдан, ҳам корхонаҳои хурд ва ҳам ширкатҳои бузург, маҷбур шуданд, ки ба толибон маблағ пардохт кунанд, то тавонанд тиҷорати худро идома диҳанд.
Ғайр аз ин, толибон аз донорҳои хусусӣ дар саросари ҷаҳон гирифтани хайрияҳои пинҳонии молиявиро идома доданд. Қисми зиёди ин хайрияҳо аз созмонҳои хайрия ва фондҳои хусусии воқеъ дар кишварҳои Халиҷи Форс – аз минтақае буданд, ки толибон дар солҳои 90-ум робитаҳои зич доштанд.
Ин хайрияҳо метавонистанд дар як сол аз 150 то 200 миллион долларро ташкил диҳанд. Тибқи иттилои ҳукумати ИМА, ин созмонҳои хайрия ба рӯйхати гурӯҳҳои маблағгузории терроризм шомиланд. Дар байни онҳо бунёдҳои Арабистони Саудӣ ва АМА ҷойи махсусро ишғол мекунанд. Онҳо ҳаҷми бештари хайрияҳоро ба толибон ташкил медиҳанд.
Дар байни бунёдҳои Арабистони Саудӣ инҳоро бояд қайд кард: Al-Haramain foundation («Ал-Ҳарамайн», созмони мамнӯъ дар Россия). Al-Haramain Islamic foundation дар Индонезия ва Сомалӣ низ намояндагиҳои худро дорад. Ин бунёд ва созмонҳои вобаста ба он қаблан дар Босния фаъолият мекарданд. Соли 2015 онҳо аллакай дар Покистон ва Афғонистон фаъол шуданд. Тибқи иттилои СММ, аввалҳои соли 2022 фаъолияти ин бунёд дар Нигерия ва кӯли Чад мушоҳида гардид. Ташкилоти болозикр дар солҳои охир ба сифати маблағгузори ҳаракати Толибон низ зикр мешавад. Хайрияҳо ба толибон аз Покистон низ ворид мешуданд.
Таъсиси назорат аз болои қисми зиёди қаламрав барои толибон имкониятҳои нави даромад фароҳам овард. Яке аз онҳо – даромад аз қӯруқшикании (шикори ғайриқонунии) дуғдоғ (мурғи калони даштии гардандароз, паррандаи калон ва нодире, ки ба Китоби сурх дохил карда шуда, дар шикори варзишӣ қадр карда мешавад) барои шайхҳои саудӣ ва аморат буд. Солҳои охир толибон тавонистанд манбаъҳои маблағгузории худро ба таври муассир диверсификатсия кунанд ва фаъолияти мусаллаҳонаи худро бо маблағгузории устувор таъмин намоянд. Дар натиҷа, онҳо аз як ё ду сарчашмаи маблағгузорӣ вобаста набуданд.
Дар бораи ҳаҷми даромадҳои толибон то давраи дубора ба қудрат расидан, маълумоти зиёде дар сарчашмаҳои озод мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна, бо назардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, даромади онҳо дар солҳои охир аз 300 миллион то ба 1,6 миллиард доллар дар як сол мерасад. Манбаъҳо инчунин қайд мекунанд, ки дар соли 2020 толибон тавонистанд аз тиҷорати маводи мухаддир тақрибан 460 миллион доллар ба даст оранд, ки на танҳо андозҳои ҷамъоваришуда, балки равандҳои минбаъдаи истеҳсол, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва расмикунонӣ (шустушӯи) пулҳои бо ин роҳ ба даст овардашударо дар бар мегирифт.
Тавре қаблан зикр гардид, ба афзоиши даромад васеъшавии қаламрави таҳти назорати толибон, бахусус таъсиси назорат аз болои минтақаҳое, ки дар Афғонистон истеҳсоли зиёди маводи мухаддир мутамарказ шудааст (масалан: вилояти Ҳилманд, ки такягоҳи толибон ҳисобида мешавад) мусоидат намуд.
Тибқи маълумоти як қатор марказҳои таҳлилии байналмилалӣ, солҳои 2019-2020 буҷети толибон тақрибан 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки он фарогири даромад на танҳо аз истеҳсоли маводи мухаддир, балки аз сарчашмаҳои қаблан зикршуда низ мебошад.

***
Ҳаракати Толибон ҳамеша бо он фарқ мекард, ки амнияти молиявии худро ҷиҳати мубориза барои қудрат хуб ташаккул додааст. Ҳамзамон, рушди иқтисодиёти давлат ва сиёсати иқтисодӣ ҳам дар солҳои 1990 ва ҳам пас аз 15 августи соли 2021 нуқтаи заъфи онҳо ба ҳисоб мерафт.
Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, тамоми сарчашмаҳои маблағгузории Толибонро дар давоми бист сол метавон ба дохилӣ ва хориҷӣ тақсим кард. Сарчашмаҳои дохилии даромад, пеш аз ҳама, даромадҳои гуногуни андоз (аз ҷумла онҳое, ки ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд), даромад аз тиҷорати маводи мухаддир, ҳама намудҳои тамаъҷӯиро дар бар мегиранд. Ба манбаъҳои берунаи маблағгузорӣ воридоти гуногуни пулӣ, аз ҷумла хайрияҳо аз бунёдҳои хориҷӣ дохил мешаванд.
Агар мо манбаъҳои маблағгузориро аз рӯи аҳамият арзёбӣ кунем, пас бешубҳа, яке аз захираҳои муҳим барои толибон тиҷорати маводи мухаддир мебошад. Маҳз ҳангоми бори аввал дар сари қудрат будани ҳаракат дар солҳои 1990-ум дар Афғонистон тиҷорати маводи мухаддир ба таври қатъӣ ба саноати пурраи ғайриқонунӣ ба роҳ монда шуд.

Олга Евгенйевна Митрофаненкова,

номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

Муқаддима
Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.
Нуқтаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.
Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)
Чунин хулоса бо далелҳои эътимодбахш тасдиқ карда мешавад: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт» (Ҳамон ҷо. – С.4).
Аз муҳимтарин масъалаҳои дигаре, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд, вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад. Мавзуи баҳси мо ҳамин ҷанбаҳоро дар бар мегирад.

Эҳёи манзалати хирад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба мақоми Сарвари давлат, ба масъалаи рушди илм, мактаб ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул – гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.
Агар ба қавли таърихнависон, асри Х – замони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст. Чунин амал, бо мантиқи сухани Отто фон Бисмарк, ки ҳангоми муколамааш ба халқ гуфта буд: «Мо нисбати падарони худ беҳтар кӯшиш ва натиҷабардорӣ хоҳем кард!», ҳамоҳангӣ мекунад.
Ин дастовардҳо дар Паём возеҳ тафсир гаштаанд.
Муҳимтарин таъйиноти давлат ва давлатдорӣ таъмини амният (1) ва сиёсати иҷтимоӣ (2) мебошад. Сабаб ва натиҷаи ин ду ҷузъиёти бо ҳам дар алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагӣ ва муайянкунандагӣ буда, дар Паём инъикос меёбад: «дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард» (Ҳамон ҷо. – С.5).
Беҳтарин инъикоси далелнокии хулосаҳои мантиқӣ рақамҳо ҳисобида мешаванд. Исбот кардан, асоснок намудан тавассути аёният, нишон додани натиҷаҳои фаъолият бозгӯкунандаи ҳақиқат мебошанд. Дар Паём ин усул эътимодбахш баён мегардад: «Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст» (Ҳамон ҷо. – С.5).
Аз дигар лиҳоз, далелнокии мантиқӣ он аст, ки худи ҳақиқати воқеӣ хосияти дарки мустақилро касб мекунад. Тасдиқи он ба сарфи вақт ва кӯшиши маҳз ниёз надорад. Ба забони одӣ, инфрасохтори соҳаи маориф зина ба зина, бо ташаббуси Роҳбари давлат сохта ва дар истифодаи муаллимон, наврасон, ҷавонон, падару модарон қарор дода шудааст. Яъне ин натиҷаҳо ба ҳамагон маълуманд.
Чунин дастовардҳо дар роҳи рост, худ ба худ ба даст намеоянд.
Худи таърих ҳам дар асл падидае нест, ки аз он амал рӯяд. «Таърих ҳеҷ коре намекунад. Вай ягон хел бойигарии беохир надорад». Он «дар ягон ҷабҳа мубориза намебарад!». На «таърих», маҳз инсон, инсони воқеӣ, зинда – ана ҳамин аст, ки ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад. Ҳамаи чизро дорад. «Таърих» ягон шахси алоҳида нест, ки инсон аз он ҳамчун восита барои амалӣ кардани мақсадҳои худ истифода намояд. Таърих ғайр аз фаъолияте, ки одам дар он мақсади худро амалӣ мекунад, чизи дигаре нест». (Иқтибос аз асари В.А. Малинин «Философия революционного народничества». –М.: Наука, 1972. – С.211). Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад. Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури олам сохт. Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат қисмати муҳимми ин маъруфият маҳсуб мегардад.
Ҳамзамон, мантиқ ва усули сиёсати Роҳбари давлат, аз ҷумла, дар самти маърифати умумимиллӣ, ба андешаи мо, бар чор унсур асос ёфтааст – ваҳдати миллӣ (1); ҷаҳду кӯшиши хастагинопазир барои рушду тараққии миллӣ (2); ояндабинӣ (3) ва навовариву навгонӣ (4).
Ҳамагон шоҳиди онанд, ки муносибати Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф хосияти энсиклопедӣ дорад. Бурду бохт ва тақдири имрӯзу фардои давлатро, пеш аз ҳама, дар сатҳ, сифат ва самараи фаъолияти соҳаи маориф медонад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ – оғоз аз мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ, деҳқонон, коргарон, олимон, кормандони соҳаҳои эҷодӣ, аъзои ҳукумат бо сарфи қимматарин арзиш – вақт, батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист.
Он нуктаро таъкид бояд кард, ки яке аз мавзуъҳои марказии муҳокимаронии Сарвари давлат, таъкид кардани нақши илм, дониш, мактаб, маориф, касбият ва тахассусмандӣ дар ҳаёти имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.

Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих

Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд.
Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад? Ҳатто намояндагони аз лиҳози таҷрибаи зиндагӣ варзида ва соҳибмаълумоти он тамоюл ба фарҳангу ҷаҳонбиние доранд, ки аз рӯи моҳият, таъйиноти сиёсӣ ва идеологӣ наметавонанд, ба ормонҳои давлатдории миллӣ созгор бошанд. Дар ин ҷода бо ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ, ки барои ҳимояи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар хориҷи мамлакат ҷон медиҳанд, ҳамақидатии бунёдӣ ба намоиш мегузоранд. Агар он гурӯҳ (ҷавонон) хонахез ба «ҷиҳод» раванд, ин гурӯҳ (зиёиёни миллӣ – «мағзи миллат») дар ҷабҳаи саҷда пешсафанд.
Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст. Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ – таърихӣ дарк ва тавассути маърифатикунонӣ чораандешӣ кард.
Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол аст.
Худи муносибати ҷаҳонбинии илмӣ (муайянкунандагӣ, воқеӣ, назарияи дар таҷрибаи зиндагӣ тасдиқгардида, заминӣ) ва масъалаи ташаккули вазъи руҳӣ (сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ) фақат дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ ба тарзи механикӣ, дар ҳолати бетавофутӣ, ғайримақсаднок арзи вуҷуд мекард. Вассалом.
Падидаи давлат, хосияти синфӣ, ҳизбӣ, динӣ, гурӯҳӣ, ба таври истисноӣ, фардӣ дорад. Аммо дар ҳар ҳолат аз паси ин зуҳуроти иҷтимоӣ миллате меистад. Бо ҳамин имконот миллатҳое, ки аз пуштибонии ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, ба хотири субот ва давомнокии ҳамин ҳокимият ақида, ҷаҳонбинӣ ва идеяҳоеро истеҳсол ва дар ақлҳои табааи (раият, фуқаро, банда, мутеъ, фармонбардор, зердаст, хидматгор. Русско-таджикский словарь. –М.: Русский язык, 1985. – С.753) худ мекоранд ва парвариш медиҳанд, ки манфиати миллати ҳокимро ҳимоя мекунад. На ангезаи бештар аз онро.
Таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ақидаи ғуломӣ умри низоми ғуломдориро дароз мекунад. Мутаассифона, мо дар ҳаёти рӯзмарра ин ҳолати асрҳо тамдидёфтаи фоҷеазоро мебинем. Аммо «вақте расад, ғулом дарк кунад, ки ӯ воқеан ғулом аст, ӯ дигар ғулом нест» (А. Шопенгауэр). Моҳияти пайравӣ ва саҷдагорӣ ба фарҳанги бегонаро ҳикмат ҳамин аст. Аммо озод шудан аз ғуломии ақидатӣ ва ҷаҳонбинӣ, аз лиҳози илмӣ дарк кардани сабабҳои худи бандагӣ аст. Ин вазифаи таърихии ҳокимият, омӯзгор ва омӯзанда мебошад.
Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ – ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест.
Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки:

Кова, ки донад задан бар сари Заҳҳок путк,
Кай шавадаш пойбанд кӯраву сандону дам.
(Хоқонӣ)

Мутаассифона, ин ҳолат, батадриҷ, ҷомеаро ба мушкилоти ислоҳнопазир мебарад. Ва кор агар ин асту вазъ ину фикру пеша ин, шояд қавм як замон аз паҳлуи таҳлили таҷрибаи таърихи фоҷеабораш гузарад. Ба атроф нигарад. Вориди андеша гардад, то теша аз решаи хеш баргирад.
Нуқтаи ниҳоии буҳрони ақидатии аввали солҳои навадум пуштибонӣ аз назарияи босмачигарӣ ва хомӯшии ризоятмандонаи «мағзи миллат» – зиёиён буд. Ҳамагӣ бо гузашти чанд моҳ, ҷомеаи тоҷик аз назария ба амалияи он – ҷиҳодгароӣ рӯ ба рӯ гашт.
Акси садои ҷаҳонбинии зиддимиллӣ дар шаклҳои гуногун имрӯз ҳамчун шабаҳ баръало ба чашм мехӯрад. Ва ба гӯшҳо мерасад.
Яъне масъалаи ба алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фарогирии ҷавонони солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, зери таъсири ақидаҳои муллоҳои ифротӣ мондани онҳо, ҳамчун камбуди бузурги давлат ва давлатдории он замон бояд ба инобат гирифта шавад.
Мусаллам аст, ки агар ҳар як нафар аз эҷодиёти адибону олимони классик ва муосири тоҷик дар доираи муҳтавои барномаи таълимии давр баҳравар мегашт, ҷараёни тарбия вазифаи асосии худ – муътақидкунониро иҷро карда метавонист, назарияҳои зиддимиллӣ аз захираҳои эҳтимолии қувваҳои ҳаракатдиҳандаи худ маҳрум мегашт.

Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ

Таваҷҷуҳи фавқулодаи Пешвои миллат нисбат ба фаъолият, сифат, самараи мактаб ва маориф ҷанбаи бунёдӣ – таърихӣ дорад.
Бузургтарин олимони ҳама давру замон асос гузоштан ва ҳифз кардани сохти давлатдориро берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холӣ ва амали бебунёд ҳисобидаанд.
Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл, яке аз саромадони фалсафаи объективии олам Аристотел таъкид кардааст: «Қонунгузор мебояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Маҳз дар давлатҳое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад» (Аристотель. Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010. –С.535).
Файласуфи Юнони Қадим, бидуни дудилагӣ, гаштаву баргашта, хотиррасон мекунад, ки барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ, муҳтавои тарбия, умуман, сиёсати ҳукумат дар соҳаи таълиму тарбия бояд таҳти назорати қатъӣ ва корбарии давлат бошанд.
Ӯ бо дилсӯзии маҳз таъкид месозад: «Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат намояд. Сифатҳои ба худ хоси ҳар як сохти давлатдорӣ, асосан, барои ҳифзи ҳамон сохти давлатдорӣ хизмат мекунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 535).
Дар идомаи сухан Аристотел таълиму тарбияро ҷанин, асос, ибтидо, сабабгори тавлид ва шаклгирии муҳтавои сохти давлатдорӣ мешуморад: «Тарбия аз оғоз бунёнгузори сохти давлатдорӣ аст» ва чун устоди бузурги одамизод хотиррасон мекунад: «Ҳама вақт сифати нек шакли хуби сохти давлатдориро таъмин менамояд» (Ҳамон ҷо. –С.536).
Фаромӯш кардан ба фоидаи ояндасозӣ нахоҳад буд, ки як сабаб дар як ҳолат, дар як шароит ва дар як вазъ натиҷаи якхела ба бор меорад.
Фақат дар ҳар ҳолат баҳонаҳо гуногун мешаванд.
Аммо ин муҳим нест. Ба ғайр аз ин, байни сабаб (1), натиҷа (2), шароити мувофиқ (3) алоқаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Сабаб бошад, барои он шароит омода гардад, натиҷа ба зуҳуроти бебозгашт мубаддал мешавад.
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони солҳои навадум ҳодисаи осмонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Анчари дар ҳамин сарзамин рӯидаи хосияти заҳҳокигирифта буд.
Роҳбарон ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи зиддимилӣ дастпарварда ва маҳсули ҳамон мактабҳои аз назорати давлат ва сиёсати давлатдорӣ дурмонда буданд.
Тасдиқи чунин натиҷаи сабабӣ кашфиёт нест. Аз «умри Хизр дарозтар ва аз мулки Искандар фаротар» (таъбири Ҳофиз) аст.
Вобаста ба ин бори дигар муроҷиат шавад ба китоби «Сиёсат»-и Арасту, ки мегӯяд: «Ба хотири он ки давлат, дар маҷмуъ, ҳамагӣ як мақсадро мадди назар дорад, мусаллам аст, ки барои ҳама т а р б и я и я г о н а ва я к х е л а лозим аст. Ва ғамхориву муносибат ба чунин тарбия мебояд к о р и у м у м ӣ бошад, н а ш а х с ӣ, мисли он ки дар ҳоли ҳозир ҳар касе чунин хаёл дорад ва он чизе, ки ба сари ӯ меояд» (Ҳамон ҷо. – С. 536).
Аристотел назарияи худро дар доираи категорияи «манфиат»- и давлатдорӣ, ки асоси онро а м н и я т, р у ш д ва т а р а қ қ и ё т ташкил мекунад, чунин шарҳ медиҳад: «Чизе, ки манфиати умумӣ (давлатмеҳварӣ – С.Я.) дорад, мебояд дар доираи фаъолияти дастаҷамъӣ ҳаллу фасл гардад» (Ҳамон ҷо. – С. 539).
Ба ибораи дигар, худи тарбия ҳамчун мафҳуми системавӣ амалест, ки барои ташаккули шахсият, дар асоси арзишҳои руҳӣ ва маънавию ахлоқӣ, барои таъмини манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, дар замири одамон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ хизмат намуда, аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб мегардад.
Давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ наметавонад ва ҳуқуқ ҳам надорад, ки дидаву дониста ва бошуурона, дар дохили ҷомеа нисбат ба падидаҳои аз лиҳози тарбия номуваффақ, ки имкон дорад дар ояндаи наздик ва дур ба сохти конститутсионӣ, суботи мамлакат хатар эҷод кунанд, бетараф бошад.
Чунин талабот фарогири ҳама қишрҳои ҷомеа аст. Он чунин масъулияти бузургро бар дӯши падару модар, мактабҳои миёнаву олӣ, масъулони соҳаи дин, хулоса, кулли ҷомеа мегузорад. Муколамаи байни одамон мебояд дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ба мақсадҳои рушди миллӣ созгор бошад.
Оё гуфтан мумкин аст, ки ин хулосаи нав ё фавқулода аст?
Албатта, не.
Аристотел дар ин маврид нуқтаҳои принсипиалӣ, ба андешаи мо, махсусан муҳимро таъкид месозад, ки онҳоро ҳамчун сармашқи фаъолият ба назар нагирифтан мумкин нест: «Набояд фикр кард, ки ҳар шаҳрванд худ ба худ аст. Не, ин тавр нест. Ҳамаи шаҳрвандҳо м а н с у б ба д а в л ат мебошанд. Барои он ки ҳар кадоми онҳо як ҷ у з ъ и д а в л а т ҳастанд. Ва ғамхории ҳар кадом бояд парастории ҳамаро дар назар дошта бошад» (Ҳамон ҷо. – С.536).

Шароити воқеии фаъолият

Паём барои ҷомеа ҳамчун сарчашмаи маълумоти аслӣ мебошад. Вақте одамон дар бораи соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ донишҳои ҳамсон ба воқеият пайдо мекунанд, сарфаҳм рафтан ба моҳияти масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки ҳукумати мамлакат барои ҳаллу фасли он тамоми неру ва имконоти худро сарф кардааст, осон мегардад.
Боиси эътироф, эҳтиром ва қадршиносист, ки матни Паём дар чаҳорчӯбаи талаботи илмӣ, бо назардошти таҳаввулот ва дигаргунии мавзӯъ омода гардида, нуқтаҳои аслии он бо истифода аз методи муқоисавӣ – таърихӣ асоснок карда шудаанд: «Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта, ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С.5).
Тоҷикистон бо вуҷуди буҳрони сангини таҳмилӣ, имконоти ниҳоят маҳдуди захираҳои сӯзишворӣ ва мушкилоти геполитикӣ ба чунин дастоварди бузург ноил гардида бошад ҳам, дар арзёбӣ ва хулосабарории кори анҷомшуда, усул ва корбарии хирдамандонаи Роҳбари давлат – ҳеҷ вақт қаноат накардан ба натиҷаҳои фаъолият мушоҳида мегардад: «Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд» (Ҳамон ҷо. –С.5).
Яъне нақшаҳои бузург ҳоло дар пешанд.
Ҳукумати мамлакат мекӯшад, ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият – бойигарии маънавӣ, покизагии ахлоқ ва инкишофи ҷисмонӣ, ки бунёди он дар шароити таҳсилоти миёна гузошта мешавад, минбаъд ҳам таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Инсон – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ

Агар одам аснои ба дунё омадан мафҳум ва падидаи биологӣ бошад, мартабаи «инсон», «шахс», «шахсият» қисмат ва маҳсули ҷомеаи инсониву муҳити иҷтимоӣ аст. Тибқи хулосаи олимони маъруф «…моҳияти инсон истилоҳи мавҳум, номуайян нест, ки ба як шахс мансуб бошад. Воқеан, одам маҷмуи кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ аст».
Одам офаридаи чисмонӣ, маводи олии табиат аст. Хосияти анатомифизиологӣ ва қонунмандиҳои биологиро дар худ таҷассум мекунад. Ҳамзамон бо ин, табиат дар шаклгирии муҳтавои ҷаҳонбинии сиёсӣ ва иҷтимоии инсон нақш дошта наметавонад. Аммо на танҳо забон, шеваи гуфтор, ҷаҳонбинӣ, муносибат ба олами ҳастӣ – муҳити атроф, балки аз «чорпоӣ» ба ду по истода роҳ гаштанро ҳам одам аз одам меомӯзад.
Аз тарафи дигар набояд гумон кард, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ зуҳуроти аз инсон дур ва ҷудогонаанд. Баръакс. Худи муносибатҳои ҷамъиятӣ моҳият, мағз андар мағзи инсонро ташкил мекунанд.
Натиҷаи муносибати худи одамон дар асоси фаъолияти дастаҷамъӣ (ҳамкорӣ, муомила, муошират, табодули афкор, ҳамраъйӣ,) шакл мегирад. Маҳз дар аснои муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои дарк (сарфаҳм рафтан, фаҳмидан)-и олами атроф (табиат, ҷамъият, давлат, тамаддун, фарҳанг, дин ва ғ.) ба вуҷуд меояд.
Ҷаҳонбиниҳо, идеяҳо, ормонҳо, нияту мақсадҳои ақидатӣ ба инсонҳо зарурати гурӯҳбандии иҷтимоиро дар ҳар шакл ҳидоят мекунанд. Асос мегузоранд.
Пас ин терорристҳо, ифротгароён, худкушҳо – диишиҳо, ансоруллоҳиҳои наҳзатӣ, салафиҳо, таҳририҳо, унсурҳои зиддимиллӣ кай? Дар кадом ҳолат? Аз куҷо пайдо шуданд?
Надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Ва ин ҷараён шиддат гирифта истодааст.
Дар назария ва амалияи таъмини вазъи амнияти давлат, ҳам дар дараҷаи миллӣ ва ҳам байналмилалӣ, се мафҳум ҳамчун истилоҳи қолабӣ (формула) истифода мешаванд: рақиб (1); мақсад ва ниятҳои рақиб (2); қувва ва воситаҳои таъмини амнияти давлати миллӣ (3).
Таҳлилгар, масъул ва тасмимгир мизон ва таносуби ин се ченакро мебояд пайваста пайгир бошанд. Дар муддати 24 соат.
Аммо «амният» мафҳуми фардӣ, идоравӣ, соҳавӣ, махсускунонида ва маҳдуд нест. Таъмини амнияти давлат мафҳуми занҷиравӣ аст. Низоми ягонаи дар меъёрҳои конститутсионӣ муайяншуда мебошад. Он фаъолияти маҷмуи дастгоҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар занҷир ҳалқаи сусттарин оқибат мешиканад. Ва занҷир таъйиноти худро аз даст медиҳад.
Агар аз рӯйи назарияи воқеият, ҳамчун категорияи мантиқ назар кунем – бадтарин ҳақиқат беҳтар аз беҳтарин раҳгумзаданҳост. Яъне системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, ки қисмати асосии онро мактаб ва маорифи умумӣ ташкил мекунад, дар муқобили идеологияи геополитикии ноором сохтан ва шикаст додани давлатҳои миллӣ, номутаносиб будани худро дар амал, дар таҷриба нишон дода истодааст.
Албатта, ҷанг ҳамчун истилоҳ мафҳуми сиёсӣ, ифодакунандаи мақсад ва ҷараёнҳои сиёсӣ барои тағйир додани вазъ ва андозаи истифодабарии манфиатҳост. Ҳамчунон, ҷанг ягона воситаест, ки сифат ва самаранокии системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва идеологии як давлат дар он имтиҳон карда мешавад. Набудани ҷанг сулҳ аст. Аммо вазъи минтақа ва ҷаҳон, ки Тоҷикистон ҷузъи он аст, ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад.
Агар вазъияти маънавӣ – идеологии насли ҷавон дар чаҳорчӯбаи мафҳумҳои баёншуда тафсир гардад, ба манфиати суботи пойдори давлатдорӣ арзёбӣ кардани он мушкил мешавад.
Фаъолияти мактаб, маориф – кӯшишҳои ташаккули ҷаҳонбинии мардум, махсусан ҷавонон, мебояд ба он нуқтае равон карда шавад, ки маҳз худи инсон, дониш, хирад, ақл ва фаросати ӯ омили хушбахтии ӯст. Халқҳои пешқадами олам, ки имрӯз мусулмонҳо пойбанд ва вобастаи онҳо ҳастанд, барои худ афсона, тасаввуроти ғайриодӣ намебофанд. Саҷда ба донишу хирад мекунанд. Ба умеди фазилат ва донишҳои заминӣ ҳастанд. Ба гуфти Абуалӣ Сино, агар ба чароғ равған ҷон бахшад, ба инсон илм.
Инсоне, ки ба илму хиради одамӣ бовар дорад ва ба он такя мекунад, барои худ ва ҷомеа муфид, ҳадди ақал, безарар аст.

Ҳолат, муносибат, вазъият

Тавре таъкид гардид, мактаб муҳимтарин ҳалқа дар занҷири ташаккули ҷаҳонбинии давлатдории миллӣ мебошад. Он муҳтаво ва тарзи фаъолияти шуури ҷамъиятиро асос мегузорад (1), наврасон ва ҷавононро барои шинохти олам, фаъолияти амалӣ – шакли ҳастии ҷомеа ва қонунҳои амалкарди он омода месозад (2).
Аз эҳтимол дур аст, ки бакамолрасии инсон ҳамчунин давраро дар зарфияти синнусолӣ, бори дигар пайдо мекарда бошад. Ин масъулияти бузург дар Паём, тавассути рақамҳо дар тағйироту қиёс хотиррасон мегардад: «Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод». (Ҳамон ҷо. –С.5).
Сиёсати Роҳбари давлат дар созмондиҳии шароити таълимӣ ин воқеиятро ҳам ба назар гирифтааст. Ва дар шумора, суръат ва сифати бунёди боргоҳҳои маърифатӣ, бидуни шак, Тоҷикистон дар минтақа аз ҷумлаи беҳтаринҳост.
Ба тарзи дигар, ҳукумат вазифаи худро барои муҳайё сохтани имконоти воқеии тарбияи насли наврас ва ҷавонон иҷро мекунад.
Аммо таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки сифати кори мактаби имрӯза, дониши хонандагон, мутаносибии маърифатнокии шогирдон бо зарфияти синну сол ва дараҷаи таҳсил, бо шароити ҳақиқие, ки барои муаллимону талабагон омода гардидааст, дар мувофиқати пурра нест.
Аслан, сухан на танҳо дар бораи донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ меравад. Ин масъала ниёз ба баҳси алоҳида дорад.
Мавриди назар маълумот, тасаввурот, дарки мавзӯъ дар бораи маҷмуи ҷаҳонбинӣ оид ба таърихи миллат, фарҳанг, тамаддун, адабиёт, меъёрҳои грамматикии забони модарӣ, ҳуқуқ, умуман, фанҳои гуманитарӣ дар доираи барномаи мактабӣ аст. Маҳз ҳамин донистанҳо мавқеи шаҳрвандии насли наврас, ҷавононро нисбат ба мафҳумҳои Миллат, Ватан, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллӣ муайян месозанд. Ҷаҳонбинии ояндагони ҷомеаро ба зиндагии шоиста мутобиқ ва мувофиқ мекунонанд.
Ин камбуди ҷиддӣ, ки мавриди ишора қарор гирифт, ҳатто дар рафти таълим дар курсҳои болоии мактабҳои олӣ, ки акнун омодагии донишҷӯ ба сифати мутахассис мебояд шинохта шавад, баръало мушоҳида мегардад. Охир, «мактаб қувваи бузургро мемонад, ки он тақдири халқҳо ва давлатҳоро дар асоси фанҳо ва принсипҳое, ки дар системаи таълими мактабӣ ҳамчун таҳкурсӣ таъйин шудааст, муайян мекунад» (Д.И. Менделеев. Сочинения. Т.1. – М, 1934. – С.153).
Таваҷҷуҳ карда шавад ба ибораҳои «дар асоси фанҳо ва принсипҳо (1) (асос, қонун, усул, бунёд, шарт. Русско-таджикский словарь. –М.: Русский язык, 1985. – С.854) дар системаи таълими мактабӣ (2)».
Принсип, аз ҷумла, дар соҳаи маориф ҳам, талаботи моддаи 1, боби 1–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин асос, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ коркард ва роҳандозӣ шудаанд. Маҳз аз рӯи талаботи мазкур барномаи таълимӣ коркард ва китобҳои дарсӣ навишта мешаванд. Яъне муҳтаво ва ҷараёни таълиму тарбия аз поин то боло, сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти молии инфрасохтори муассисаи таълимӣ, алоқамандии ногусастаниро бо масъалаҳои бунёдӣ ва суботи давлатдорӣ пайваст мекунад. Се ҷузъиёт – қонун (1) – барнома (2) – китоби дарсӣ (3) танзимгари муҳимми фаъолияти мактаби миллӣ мебошанд. Ба талаботи рӯзмарраи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ – маънавии давлатдории миллӣ мувофиқат доштани мантиқи таълиму тарбияро ҳамчун талаботи бунёдии манфиатҳои миллӣ тасдиқ менамояд.
Китоби дарсӣ офарандаи инсон аст.
Мутаассифона, замони истиқлол, то ба ҳол, натавонист насли нави муаллифони барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро ба майдони эҷоди илмӣ ворид созад. Онҳоро дар байни устодон, шогирдон, маорифпарварон, падару модарон, аҳли ҷомеа муаррифӣ кунад. Муассир ва соҳибэҳтиром гардонад. Номварӣ, шуҳрат ва манзалати муаллифони китобҳои то ибтидои солҳои навадумро барқарор намояд. Аз лиҳози илмӣ ба дилҳо бишинонад. Гузашта аз он, баъзан китобҳои дарсӣ аз рӯйи мазмун ва мундариҷа, аз маводи таълимии хурофотӣ ва бегонапарастии муллоҳои бесалоҳият (шояд баръакс) фарқ намекунанд. Баъзе олимоне ҳам, ки дар замони шуравӣ то андозае соҳибэҳтиром буданд, бо навиштани китобҳои дарсӣ, дар замони истиқлолият ҷойгоҳи худро, амалан ва бори дигар дар ботлоқи фурсатҷӯёнаи ҷаҳонбинии асримиёнагӣ ва хурофотӣ нишон доданд.
Мушкил он аст, ки тасаввуроти ғайриилмӣ ва бардурӯғ ақлҳоро дар муҳосира ва сарбастагӣ нигоҳ медоранд. Суиистифодаи наврасону ҷавононро, аз ҷониби унсурҳои зиддимилӣ, осон мегардонанд.
Бидуни шак, ин ҳолат аз бемасъулиятии мансабдорони соҳаи илму маорифи мамлакат шаҳодат медиҳад, ки тӯли солҳо, такрор ба такрор, худро дар ҳамин мавқеъ ва дар дараҷаи ҳамин гуна муносибат нишон медиҳанд.
Аз лиҳози дигар, таълифи чунин китобҳои дарсӣ аз камбуди маънавиёт ва руҳияи миллии муаллифоне, ки ба ҳар роҳу восита чунин ҳуқуқро пайдо мекунанд, гувоҳӣ медиҳад.
Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки инсон соҳиби ду нутқ аст: маънавӣ, хаёлӣ, дар шакли хомӯшӣ, вақте инсон дар муколама бо худаш танҳо мемонад (1). Ва берунӣ, зоҳирӣ, шифоҳӣ (2). Нутқи дохилии инсон афзалтар аз нутқи шифоҳӣ аст. Он худ ба худ, якка ба якка аст. Ҳисоботи Ақл, Адл, Инсоф ва Виҷдон дар назди худи Инсон. Ҳофиз ба ҳамин муҷодала ишора карда мегӯяд:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад, ҳамеша дар дили мост.

Маликушшуаро Баҳори Хуросонӣ (1886 – 1951) «Шоҳнома»-и Фирдавсиро беш аз сад маротиба мутолиа мекунад. Гаштаву баргашта ба шоҳкории як ҳамватани худ, ки дар замони ҳокимияти мустабиди бегонагон, ҷон дар хатар, умри азизи худро ба шаъну шони миллати тоҷику форс бахшидааст, сари таъзим фуруд меорад. Аз ҳоли ҳамватанони замони худ, ки умре ба чоплусӣ ва бегонапарастӣ машғул буданд, дилаш заҳ мекашад. Ва бе қаламу қоғаз, ба дуриҳои дур менигарад. Худ ба худ, бадоҳатан ба Фирдавсӣ муроҷиат карда, мегӯяд:
Туро сано кунаму бас, ки з-ин дағал мардум,
Ҳаме надонам як тан, ки мустаҳиқи саност.
Дареғ, ки аз паси умр хизмати ватанӣ,
Надид чашмам як ҷузв аз он чӣ дил мехост.
Зи пухтакории ағёру хомтабъии қавм,
Чунон бисӯхт димоғам, ки дуд аз он бархост.

Барқасди хурофотпарастони замони худ мефармояд:

«Шоҳнома» ҳаст беиғроқ Қуръони Аҷам,
Рутбаи донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарист.

Ва андешаи худро ҷавонмардона хулоса мекунад:

Ба сад нишон, ҳунар андеша карда Фирдавсӣ,
Наузиббилаҳ, пайғамбар аст, агар на Худост.

Муҳиммияти сухани Фирдавсиро барои ҳама давру замон ва то абад бар зидди андешаи ғуломӣ таъкид месозад:

Эй ҳакими номӣ, эй Фирдавсии сеҳрофарин,
Эй бар ҳар фан дар сухан чун марди як фан устод,
Шӯру эҳёи Ватан гар дар дили покат набуд,
Рафта буд аз турктозӣ ҳастии Эрон ба бод.

Аз ин лиҳоз, вақте сухан дар бораи тарбия ва таълим меравад, маънои омӯхтан, омӯзонидан, роҳнамоӣ, сарварӣ, ғамхорӣ ва ҳимоя кардани ҳамватанро дорад. Чунин ҷараён мебояд тамоми ҳаёти инсонро фарогир бошад. Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст.
Дар навиштани китобҳои дарсӣ дар соҳаҳои забон ва адабиёти тоҷик, солҳост, ки вазъият ба нафъи манфиати илмӣ ҳалли худро намеёбад. Дар ин самт мақсаднокӣ, ба талаботи сохти давлатдорӣ пурра мувофиқат кунонидани мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ ва албатта, масъулиятнокӣ ва иродатмандии миллӣ камтар ба чашм мерасад. Аммо ҳаррӯза кӯдакону наврасон маҳз аз ҳамин мавод дарс мегиранд.
Магар дар сӣ сол категорияҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, услубӣ, таркиб ва захираи луғавии забони тоҷикӣ ниҳоятдараҷа тағйир ёфтанд? Муносибат ба мазмун ва муҳтавои эҷодиёти инсонпарваронаи адибони классикӣ таҳаввулот пайдо кард?
Дуруст. Давра ба давра дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргунӣ ба амал меояд. Ин тағйирот мебояд дар асоси усулият дар ҳар соҳа инъикос ёбад.
Модоме ки дарки мутахассис, фарзияи беҳтар ва хубтар аз пешинаро пайдо карда наметавонад, магар зарурат барои шикастани он чизе, ки солҳо омода гашта, дар амалия тасдиқи илмӣ пайдо кардааст, ба талаботи ҷаҳонбинӣ, бо андак кӯшиш, мутобиқ кунондани он имкон дорад, нобуд кардани чунин ганҷина ба мақсад мувофиқ аст?
Бошад имрӯз олиме, ки дар сатҳи китобҳои дарсии барои мактаби миёна навиштаи донишмандони маъруф – устод Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳамид Бақозода, Ҳилол Каримов, Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Абдусалом Деҳотӣ, Воҳид Асрорӣ, Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Носирҷон Маъсумӣ, Юрий Бобоев ва бисёр дигарон аз нигоҳи назариявӣ, методологӣ, далелнокии таърихӣ, муносибати системавӣ, сохторӣ, функсионалӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, мантиқӣ, дар асоси ҷаҳонбинии пешқадам ва созанда асар офарида тавонад? Дар сурати ҷавоби мусбат, мақолаву асарҳои онон бояд намуна бошанд.
Ба андешаи инҷониб, зарур аст, ки китобҳои дарсии нобиғаҳои маъруфро ҳамчун асос, бунёд ба ҳисоб гирифта, бо онҳо «шогирдӣ ва ҳаммуаллифӣ» кард.
Китоби дарсӣ навиштан дар илми тоҷик, анъанаи беш аз садсола дорад. Дар ин ҷода бояд чунон саҳм гузошт, ки мисли муаллифони номдори пешин «ангушт газидане ба ёрон монад» (Абусаиди Абдулхайр, асри XI), на таассуфу афсӯс.
Маҳз мутобиқкунонии манфиатҳои ҳар шахс ба манфиатҳои умумимиллӣ эҳсоси бузурги ҳамраъйии ватанпарваронаро эҷод мекунад. Мардумони содаро аз ҳолати бешууронаи пойбандӣ ба он зуҳуроте, ки ба манфиати миллат ва Ватани ӯ нестанд, бозмедорад, берун меорад.

Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ

Вақте сухан дар бораи манфиатҳои миллӣ меравад, бидуни шак, таъмини амнияти миллӣ аз лиҳози сиёсӣ – ҳудудӣ, рушди посухгӯ ба ниёзҳои иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, сатҳу сифати маънавиёт ва ҷаҳонбинии миллии мувофиқ ба таъмини давлатдории миллӣ, пешбинӣ, сари вақт ошкор ва хунсо кардани таҳдидҳои ба амнияти миллӣ хатарзо дар назар дошта мешавад.
Дар ҳар сурат таъмини амният ва инкишофи давлат бидуни хосияти меҳварӣ пайдо кардани ҷаҳонбинии миллӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Намунаҳои он дар нооромиҳои баъзе кишварҳои минтақа тасдиқи ин гуфтаҳост.
Албатта, фарҳанг зинаи аввали расидан ба манзалати тамаддунии миллат аст. Ва ҷузъи таркибии он маҳсуб мегардад.
Фақат беҳтарин, устувортарин, машҳуртарин намунаҳои фарҳангӣ метавонанд вориди манзалати тамаддунӣ гарданд.
Ҳангоми омӯзиши гузаштаи халқу миллатҳо мафҳумҳои антропологӣ ва таърихӣ мутаносибан истифода мешаванд. Антропология дараҷаи ҷараёни мутобиқ гардидани халқҳоро ба шароити муайяни муҳити табиӣ ва маданӣ меомӯзад. Таърих бошад, доира ва мавзуи васеи таҳқиқот дорад. Миллатҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки аз чаҳорчӯбаи мутобиқшавии одӣ ба табиату ҷамъият пештар рафтаанд.
Тоҷикон миллати худкифо ва соҳибтамаддун ҳастанд. Ҳанӯз ду ҳазор сол қабл, ба ҳоли халқе, ки «зи шири шутур хӯрдану сусмор, тахти каёнӣ орзу кардан»-ашро хандида, бо ғурур ба истеҳзо кашидаанд.
Мавзуи омӯзиши таърих халқҳоеанд, ки соҳиби орзуву ормон ва нақшаҳои ояндасоз мебошанд. Ва амалӣ кардани онҳо фарҳангу хиради ин мардумонро боз ҳам сайқал мебахшад. Зиндагии инсонро ба беҳбудӣ ва сулҳу оромӣ раҳнамун мекунад.
Умуман, тасаввурот ва нияту мақсадҳое, ки метавонанд як чизи идеалиро ба фоидаи пешрафти ҳаёти воқеӣ амалӣ гардонанд, барои таърих муҳим мебошанд.
Ормонҳое, ки амният ва рушду тараққии миллатро дар шароити рақобатҳои глобалӣ таъмин месозанд, обрӯву манзалати онро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин менамоянд, метавонанд, як шакли эътиқод ва боварӣ гарданд.
Дар бисёре аз динҳои миллӣ мақсадгузорӣ барои пешрафти миллат ва кӯшиши амалӣ кардани он як чизи одӣ, муқаррарӣ мисли нафаскашӣ, гардиши хун ва табодули моддаҳо дар организми инсон аст.
Ҳамзамон бо ин, ба роҳибон ва муридон тавсия дода мешавад, ки таҳлилгар бошанд. Омӯзанд, муайян созанд, ки чӣ чизе дар тӯли таърих сабаби пешравӣ ва ё баръакс, боиси қафомонии миллати онҳо дар рақобат бо намояндагони халқҳо ва дину оинҳои дигар шудааст? Тавсеаи илму маърифат дар эътиқодоти ин динҳои миллӣ муайянкунандаи дараҷаи наздикшавии диндорон ба эътиқодоти Осмонӣ ҳисобида мешавад.
Аз ин рӯ, мо наметавонем ба андешаи баъзе олимон, ки рушду тараққӣ, ҷаҳонбинии давлати миллиро зуҳуроти мухтор ва эътиқодоти диниро ҷудо аз он мешуморанд, розӣ шавем.
Истиқлолияти давлати миллӣ мафҳуми муқаддас аст. Тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар давлати мустақил ҳуқуқи ҳузур доранд. Аммо онҳо бояд дар доираи эътироф ва дастгирии манфиатҳои миллӣ, ҳамчун мафҳуми мустақили этникӣ – фарҳангӣ, ҳудудию сиёсӣ, шинохт ва ҳифзи арзишҳои аслии тамаддуни миллӣ, эҳсоси дурусти таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ ба ин ниҳодҳову арзишҳо, таъмини шароити воқеии нигоҳдорӣ ва рушди пояҳои тамаддунӣ амал кунанд.
Бояд ба инобат гирифт, ки давлати миллӣ ҳамчун организми зинда дар фазо, ҳама вақт таъйиноти гузаштан аз монеаҳоеро дорад. Чунин мушкилот ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналхалқӣ бешуурона ва аксари вақт бошуурона барои ин ниҳод эҷод мешаванд. Идеяҳои устувори давлатии миллӣ ва субъектҳои пешбарандандаи он, бояд ҳаммароми ин муассисаи умумимиллӣ – давлат бошанд.
Ходимони дин, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, оромиву осудагӣ, имкони риояи кулли рукнҳои таъйиншудаи ибодатиро доранд. Аз беҳтарин шароит ва имконоти василавӣ бархӯрдоранд. Зарур аст, ки онҳо дар сафи пеши тарғибгарони манфиатҳои миллӣ – ҳамчун омили муҳимми шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ бошанд. Дар ин роҳ масъулияти бузурги ватандорӣ эҳсос намоянд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар саргаҳи имондорӣ гузоранд. Бо ягон баҳона, шиор, назария ва ҷаҳонбинӣ, зери шубҳа мондани манфиатҳои миллӣ – амнияти миллӣ ва рушди давлатдорӣ, аз ҷаҳолат беш нест.
Ҳодисаҳои атроф – дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан, дар панҷ соли ахир, бори дигар ҳақиқатеро исбот кард: миллатҳои зирак динро пеш оварда, намояндагони миллатҳои хурду бузургро сарҷамъ ва дар якҷоягӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб мекунанд. Чун ба мақсад расиданд, дар тақсими ҳокимият на аз рӯйи мазҳаб, тариқату шариат, балки аз диди манфиатҳои этникӣ ва миллӣ амал мекунанд.
Содагии мазҳабӣ, қавмӣ, этникӣ, миллӣ ва ҳизбӣ набояд ба ҳазорсолаҳо идома ёбад. Умқи фикрронӣ ва тавони арзёбӣ дар илму дониш аст:

Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо ӯ фиреби замона хӯрад.
(Фирдавсӣ)

Хулоса

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда барои рушди миллат дар самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат мебошад.
Дар он камолоти инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии бар пояҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ бунёдгардида, худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, бозпаснигарӣ ва ояндабинӣ бо содабаёнӣ ва ифодаҳои рӯшану фасеҳ ифода гардидаанд.
Паём, ки мисли ҳамешагӣ, бо суханҳои озоду муколамавӣ сайқал ёфтааст, сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои ҷовидмақоми тоҷикон аст.
Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо, мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф – хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад.
Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.
Кори Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, муассисаҳои марбути тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба шароити «мубориза барои ҳаёт» посухгӯ, баробарвазн ба вазъ буда, фаъолияти онон на ба ҳисоботдиҳӣ, балки ба натиҷагирӣ равона гардад.
Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад.
Таълим ва тарбия – муътақидгардонӣ ба ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносиии миллист. Вагарна сарфи беҳудаи вақт аст.
Дар маҷмуи ақидаҳои олам, ки миллатро ба истиқлол, ваҳдат, субот, оромӣ ва осудагӣ ҳидоят мекунанд ва рушди мамлакатро таъмин месозанд, идеяи давлати миллӣ, албатта, дар ҷойи аввал мебошад. Ин нуктаи ҳаётан муҳим дар таълимоти Пешвои миллат нақши муайянкунандагӣ дорад.
Консепсияи давлати миллӣ – маҷмуи ҷаҳонбинӣ ва амалҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар асоси арзишҳои миллӣ – таърихӣ ва умумибашарӣ бунёд ёфтаанд. Ин таҷрибаи дар амал тасдиқгардидаи миллатҳои пешқадами дунё, собиқаи, ҳадди ақал, чорсадсола дорад.
Ворид гаштан ба татбиқи консепсияи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа, аз ҷумла, ходимони дин мебошад.
Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтакбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд.
Китоб дар ҳар шакле – назмӣ, насрӣ, илмӣ руҳ, тинат, сифати шахсият ва муаррифгари табиати муаллиф аст. Аз дидгоҳи масъулиятшиносонаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ (1868-1917), ки дар ҳаққи Аблқосими Фирдавсӣ гуфтааст, нависандаи китоб офаридгори қаҳрамонҳо ва созандаи руҳи инсонҳост:

Гар намезад сухан суханвари Тус,
Куҷо будӣ Кайқубоду Кайковус?

Агар мардум, аъзои ҷомеа дар муқобили эҳсосот ва андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ ҳувияти миллӣ пайдо накунад, ба таърихи гузаштаи хеш, эътиқод ва эҳтироми фавқулода нагузорад, маҳз бар давлатдории миллӣ афзалият набахшад, оқибат бозичаи дасти бегонагон хоҳад гашт.
Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.
Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд.
Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз ёфт. Донишу маърифат асоси пойдории давлати навин эълон гардид.
Ҳамин тариқ, ҷавҳари Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф аз тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизу фидокори Ватани мо – Тоҷикистони азиз иборат аст.

С. Ятимов, профессор

Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва ҷомеа», №1 (31), соли 2023

ИФРОТГАРОӢ ЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБ

ИФРОТГАРОӢ ЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБ

Аз рӯзе, ки мо Истиқлолият ба даст овардем, дар ҷумҳуриамон як қатор қонунҳои соҳавие қабул гардиданд, ки ин ё он соҳаи ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ”, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳад.
Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул карда шуд, ки мақсад аз қабули он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Вобаста ба чигунагии амалҳои худ, ифротгароӣ ба намудҳои гуногун ҷудо мешавад. Ифротгароии динӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ ва идеологӣ. Имрӯзҳо ифротгароии динӣ ба худ маънии васеъ пайдо кардааст. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми асри XX рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-Қоида” ва “Ҳизб-ут-таҳрир” мушоҳида карда метавонем. Дар Ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад.
Мо, миллати тоҷик, дар ҳар шакле, ки набошад, ифротгароиро қабул надорем ва онро шадидан маҳкум менамоем. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза чӣ амалҳои ифротгароӣ ва чӣ амалҳои террористӣ зуҳуроти номатлуб мебошанд. Ифротгароиву терроризм, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мегардонад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI амали бо номи “Терроризм” қувват гирифт.
Таърихи пайдоиши мафҳуми терроризм ба соли 1792 рост меояд. Террор ба забони муосир дар давраи инқилоби Фаронса бо кӯшиши жирондистҳо ва якобинчиён ворид шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: “Бигзор, террор масъалаи рӯз бошад”.
Мутахассисон шаклҳои зуҳури терроризмро ба намудҳои гуногун ҷудо мекунанд. Терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯйи хислати иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ ҷудо мекунанд.
Мутаассифона, рӯз то рӯз амалҳои террористӣ дар ҷаҳон зиёд гашта истодаанд. Масалан, аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфтааст ва аз соли 1980 то соли 1986 ин шумора ду баробар афзудааст. Тибқи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.
Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки даҳҳо абармардони таърих ҳангоми рух додани амалҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар мисоли он мо гуфта метавонем, ки сарвазири Ҳиндустон – Индира Гандӣ 31 октябри соли 1984 аз дасти террористони сикх ба қатл расонида шуд. Солҳои 1990-1993 созмони террористии “Палангони озодибахши Талим Илама” дар Шри-Ланка қатли якчанд шахсияти сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон – Раҷив Гандӣ (1991), президенти Шри-Ланка Ранасингх Премадас (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи давлатию низомиро ба қатл расонидаанд. 9 сентябри соли 2001 фарзанди фарзонаи миллати афғон, вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд зери ҳамлаи террористӣ қарор гирифта, аз тарафи ду нафар наворбардори араб, ҳангоми мусоҳиба додан ба қатл расонида шуд. Аз ҳама амалиёти террористии даҳшатнок дар рӯйи ҷаҳон 11 сентябри соли 2001 дар ИМА рух дода буд. Дар ин рӯз ҳавопаймоҳои мусофирбари “Боинг”, ки аз тарафи террористон гирифта шуда буданд, ба бинои дугоники Маркази савдои ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва бинои Вазорати мудофиаи Амрико (Пентагон) зада шуданд. Дар натиҷа, қариб 3000 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуд. Ин амали террористӣ ба иқтисодиёти ИМА зиёда аз 120 млрд. доллар хисорот ворид сохт. Ба ин амали террористӣ созмони “Ал-Қоида” бо сарварии Усома бен Ладен гунаҳкор дониста шуд. Усома бен Ладен бошад, аз тарафи Амрико террористи рақами як эълон карда шуд. Пас аз ин амали террористӣ дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ суханҳои зиёде меравад, ки ин андешаҳо комилан ғалат мебошад. Ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.
Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1990 инҷониб чандин амалҳои террористӣ анҷом дода шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 гурӯҳи трансмиллии террористӣ дастгир ва сарнагун карда шуданд. Ин гурӯҳҳои террористӣ дар маҷмӯъ, беш аз 3000 ҷиноят, аз он ҷумла 170 амали террористӣ содир намудаанд.
Дар ҳар давраи таърихӣ симоҳои манфие пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба давлату миллати хеш зарар расонанд. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза аксари ин гуна шахсиятҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе ҷавонҳои ҷоҳилу нодони имрӯза бо ақидаи оне, ки бар зидди ноадолатиҳои замона мубориза мебарем, силоҳ ба даст гирифта, зери шиори ба ном ҷиҳод, мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Онҳо ин амалҳои номатлуби худро аз номи дин ба анҷом мерасонанд. Дар ҳоле ки дар дини мубини ислом хушунату даъво қатъиян манъ аст. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонон бо роҳи фиреб, бо ваъдаҳои хушку холӣ, ба давлатҳои ҷангзада барои амалҳои номатлуби террористӣ ҷалб мегарданд.
Террористон аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятиро валангор намуда, занону кӯдаконро ба асорат мебаранд, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро нобуд мекунанд ва даҳҳо амалҳои номатлуби дигарро ба сомон мерасонанд. Оё сохтани муассисаҳои таълимӣ беадолатӣ аст? Оё бунёд намудани иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ беадолатӣ аст? Оё таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба занону духтарон, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст беадолатӣ аст?
Террористон, ҳатто масҷидҳову ятимхонаҳоро низ метарконанд. Дар ҳоле, ки масҷид дар дини ислом ҷои муқаддас барои парастишу ибодат аст. Дар дини мубини ислом, ғамхорӣ намудан ба ятимон кори савоб ва аҷри бузурге ба ҳисоб меравад. Ҳатто сари ятимеро сила кардан худ савоб мебошад. Пас хулосае ба миён меояд, ки инҳо на мусулмонанду на ободкунандаи дини мубини ислом. Инҳо ҷиҳодро барои мақсади нопок ва амалҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд. Террористон танҳо як мақсад доранд, ин ҳам бошад, ба даст овардани маблағ ва боигарӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, аз он давлатҳое ба шумор меравад, ки зидди ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад. Имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абармарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид карда мешавад, ки хонанд ва аз амалҳои террористию ифротгароӣ дур бошанд.
Хулоса, мо ҷавонон, дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза бояд дарк намоем, ки ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста баҳри омӯхтани илм талош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи зуҳуроти манфии ҷомеа намегардад.

Шодмонҷон НУРУЛЛОЗОДА,
донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24-уми июли соли равон, тибқи мувофиқаи қаблии раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Оқсойи ноҳияи Боткен, сокинони шаҳри Исфара ба тоза намудани мавзеи Куммазори маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шурӯъ намуданд.

ТОЛИБОНИ АФҒОНИСТОНӢ ХАТАР НАДОРАНД, ДУШМАНИ МИЛЛАТ НАҲЗАТИҲОЯНД

Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июли соли равон 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Кизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт

​Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва  Аскалони н.Рашт  зарари молию ҷонӣ  диданд.

Дар натиҷа манзилҳои истиқоматии деҳаҳои Кули Калон, Саричашма ва Бустони  ҷ/д Лангари Шоҳ, зарар дида, баъзеашон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтанд.

Дар ин рӯзи сахт, барои дастгирии аҳолӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба зарадидагони офати табиӣ, ба минтақаи Раштонзамин Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир, директори агентии захираҳои моли назди Ҳукумати ҶТ   Аҳмадзода Н., раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ Назарзода Р. ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташриф оварда, бо аҳолӣ вохуриҳо намуданд.

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи сахт, ки ба сари мардуми Раштонзамин афтодааст, бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд. Мардуми ҷабрдида бояд рӯҳафтода нашаванд, чунки кулли мардуми Тоҷикистон дар фикри сокинони осебдида буда, бо боварӣ гуфта метавонем, ки кӯмаки моддию маънавии худро мерасонанд.

Муаллими МТМУ №1-и н. Рашт

А. Раҳматуллоев