Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт

​Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва  Аскалони н.Рашт  зарари молию ҷонӣ  диданд.

Дар натиҷа манзилҳои истиқоматии деҳаҳои Кули Калон, Саричашма ва Бустони  ҷ/д Лангари Шоҳ, зарар дида, баъзеашон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтанд.

Дар ин рӯзи сахт, барои дастгирии аҳолӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба зарадидагони офати табиӣ, ба минтақаи Раштонзамин Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир, директори агентии захираҳои моли назди Ҳукумати ҶТ   Аҳмадзода Н., раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ Назарзода Р. ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташриф оварда, бо аҳолӣ вохуриҳо намуданд.

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи сахт, ки ба сари мардуми Раштонзамин афтодааст, бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд. Мардуми ҷабрдида бояд рӯҳафтода нашаванд, чунки кулли мардуми Тоҷикистон дар фикри сокинони осебдида буда, бо боварӣ гуфта метавонем, ки кӯмаки моддию маънавии худро мерасонанд.

Муаллими МТМУ №1-и н. Рашт

А. Раҳматуллоев

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт ХИСОРОРТ БАРТАРАФ МЕШАВАД

Зилзилаи субҳи имрӯз ба сари мардуми ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод омада хисороти ҷониву молӣ ба пай дошт. Дар натиҷа якчанд хонаи истиқоматии маҳалҳои аҳолинишин ва сокинони навоҳии мазкур зарари ҷониву молӣ диданад. Ба гуфтаи маенбаъ 4 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи мазкур Ҳумукумати мамлакат ва аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш андохта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ фавран ба раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин тариқи телефонӣ суҳбат доир кард ва аз вазъияти ба амал омада воқиф гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ бо роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокирзода ташкил карда шуд. Маҳматоир Зокирзода дар ҷои ҳодиса бо мардуми зарардида вохӯриҳо гузаронда, зикр кард, ки имрӯз мардуми зарардидаи ин офати табиӣ ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато вақти рух додани ҳодиса дар ноҳияи Рашт қарор дошт. Ӯ бо ҳамроҳии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран ба хонаҳои зарардидагон рафта, ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори тасаллӣ кард.

Ба ҳамаи осебдидагон ёрии тиббӣ расонда шудааст.

Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори миннатдорӣ намуда,бо эътимоди комил иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин рӯзи мушкил танҳо намонад.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Оинаи Рашт”ЗАРАРДИДАГОН ТАНҲО НАМЕМОНАНД

Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.

Раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин фавран ба Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи телефонӣ суҳбат намуда, оид ба хисороти овардаи зилзила ҳисобот манзур намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф кардани зарари он ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, раиси Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато ва дигар масъулини мақомоти дахлдори кишвар ба минтақа омаданд.

Масъулини Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонаҳои зарардидагон рафта, изҳори тасалият иброз доштанд ва барои бартараф кардани  зарари офати табиӣ, инчунин дастгирии зарардидагон то ҳол кор бурда истодаанд.

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.
Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.
Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.
Вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 4-го июля 2021 года в 18:00 часов вооружённая группа движения «Талибан» захватила без боя уезд Хохон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.

ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 гурўҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар»-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд, омадааст дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.

ХИЁНАТИ НАВИ НАҲЗАТИҲО Ё ЧАРО ОНҲО АЗ БЕҲБУДИ МУНОСИБАТҲОИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН ЧУНИН МЕТАРСАНД? ХИЁНАТИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ЧИСТ?

Ҳафтаҳои охир муҳокимаи васеи вазъияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мавзуи муҳимтарини суҳбатҳои сиёсӣ ва барномаҳои иттилоотии гурўҳҳои ба ном мухолифи давлати Тоҷикистон, махсусан пайравони боқимондаи ҳизби ифротгарою террористии наҳзат табдил шудааст. Онҳо ба тамоми қувва ва имкониятҳои худашон ва ҷалб намудани «коршиносон» кўшиш мекунанд, ки сабабу моҳияти ин тағйиротро дарк намоянд ва ё онро ба таври худашон шарҳ диҳанд.

ЗарифмоАсламшоева: “Ҳар гоҳ агар ман тасмим бигирам, ки дар Тоҷикистон муҷассама бисозам, он муҷассамаи зани ҷавон хоҳад буд”

Дар ВАО ҳар рӯз қиссаҳои илҳомбахш дар бораи тоҷикистониёне, ки ҷаҳонро тасхир мекунанд, барномасозони сатҳи олӣ, олимони ҷавон, тарроҳони боистеъдод интишор меёбанд. Ва ин насли нави ҷавон аст. Аммо дар паси онҳо аксар вақткасоне ҳастанд, ки ин ҷавононро дастгирӣ мекунанд ва онҳо насли аввали касонест, ки аллакай солҳои зиёд дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд.