ТТЭ ҲНИ – ПАДИДАИ ХАФНОКИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Яке аз падидаҳои ниҳоят хавфноки ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд аз оғози фаъолияти ин зуҳуроти номатлуб муқовимати худро ҷиҳати пешгирии он нишон дода, муборизаи беамонро ба роҳ мондааст. Воқеан, экстремизм ва терроризм дар меҳвари гирудорҳои сиёсии ҷаҳон қарор дошта, хатари бузургеро дар пай дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсӣ буд. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва вақт довар аст. Воқеан, рӯз аз рӯз чеҳраи хиёнаткоронаи ҳизбу равияҳо аён шуда, ҷиноятҳои содирнамудашон бо далелҳои раднашаванда исбот шуда истодааст. Маслан ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ- ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои содирнамудааш тасдиқу ва ҳатто собиқ аъзоёнаш ба гуноҳи худ иқрор шуданд, ки мо онро дар филмҳои ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Хиёнат» мушоҳида намудем. Хулоса, мо бори дигар боварии комил пайдо намудем, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва аъзоёни он вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир намудаанд, амиқан тасдиқи худро ёфт. Ҳатто аз ҷониби собиқ узви ТТЭ ҲНИ Сатторов Айёмидин, хешовандони М.Кабирӣ, аз ҷумла, додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов бо мисолҳои амиқ нақшаҳои пинҳонӣ ва амалҳои содирнамудаи наҳзатиёнро мушаххасан баён карданд. Онҳо дар ҷараёни суханрониашон ошкоро бе ягон фишороварӣ қайд карданд, ки  солҳои тӯлонӣ то имрӯз роҳбари собиқ  ҳизби наҳзатиён М.Кабирӣ ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин карда, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекард. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти собиқ ҲНИ дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа фиристодаанд ва дар натиҷа аксарияти онҳо қурбонии чунин ташкилотҳои террористӣ гардидаанд. Ва ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд.

Имрӯз ҷавонон бояд ба пуррагӣ дарк намоянд, ки корҳои ношоистаи ТЭТ ҲНИ, ки ба воситаи собиқ аъзоёне, ки дар боло зикр шуданд рӯшан гардид, ояндаи Тоҷикистон ва халқу миллати маърифатпарвари он бо чунин рафторҳо зери суол қарор мегирад. Имрӯз наҳзатиён дар Аврупо қарор гирифта, аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки ТТЭ ҲНИ – падидаи ҷомеаи имрӯза аст. Аз ин чиҳат мо, нақшаву барномаҳои пинҳоии хоинони ватанро, ки ҳастии халқу миллатро бо як пули сиёҳ мефурӯшанд, маҳкум менамоем.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротии наҳзатиён наҳоҳанд шуд.

Хулоса, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм муттаҳидшавии тамоми давлатҳои ҷаҳон тақозои замон аст ва дар якҷоягӣ бар зидди сарчашмаҳои он муборизаи беамон бояд бурд.

                                            

                                                 Баҳодуров Ҳ.И., дотсенти кафедраи

                                                 молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *