Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба навиштаҳои иғвоангези Муҳаммадиқболи Садриддин ва бадгӯиҳои носавоби ӯ

Дар ин рӯзҳое, ки ҷаҳонро бемории ҳамагир, яъне вабо фаро гирифтааст, ҳамагон мекӯшанд, бо кӯмаку дастгирии ҳамдигарӣ садди роҳи сироятёбии бештари сокинонро гиранд. Чуноне мушоҳида менамоем, ҳамагон дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз паҳлӯи ҳам мардумро бо андешаву афкори руҳбахшу ҷонфизо таскин бахшида, таъкид менамоянд, ки ба таҳлука дода нашуда, худ ва дигаронро бо риояи қоидаҳои гигиенӣ аз бемории сироятӣ ҳимоят намоянд.

Мо, устодони ДИС ДДТТ ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба масъалае, ки имрӯз якчанд ашхосони бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд, ҷалб намоем. Чунончӣ, рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба таҷлили Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ навиштаҳои иғвоангез ва бардурӯғу пур аз тӯҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд.

Мутаассифона, ба ҷои дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи ҳамватанон қарор доштан, иддае аз хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дар хориҷ аз кишвар зери парасториву ҳифозати хоҷагони хориҷии хеш ҳамарӯза бар муқобили тинҷиву осудагии Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми шарифи кишвар садо баланд карда мехоҳанд ба оромиву субот дар мамлакат халал ворид созанд. Аз ҷумла дар лаҳзаҳое, ки мардуми шарифу ваҳдатшиори ноҳияи Мастчоҳ бо илҳом ва қалби саршори меҳру муҳаббат ба истиқболи сазовори солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳия бо дасту дили пок ва азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ ҷаҳду талош варзида истодаанд. Борҳо мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Мастчоҳ собит намудаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ба кишвари пешрафтатар табдил додани Тоҷикистони азизамон бо азму иродаи матин самҳгузорӣ намуда, ҳиссаи босазои хешро дар ин ҷода гузошта истодаанд.

Бо неруву тавон ва ғайрату азми дучанд дар ин рӯзҳо мардуми саодатманди тоҷик ва бахусус сокинони ноҳияи Мастчоҳ баҳри пешрафту шукуфоӣ камари ҳиммат бастаанд.

Тафриқаи навбатӣ ва фитнаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин бори дигар шаҳодати он аст, ки ин хоинону гумроҳон, ҳеҷ гоҳ аз фитнаву дасисабозии худ даст намекашанд ва бо сафсатаву дасисабозиҳо мехоҳанд тухми бадию ҷангу ҷидолро парвариш диҳанд ва кишварро ба гирдоби бало печонанд. Аммо онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид, зеро мардуми тоҷик ба ин фитнагрон дигар аслан боварӣ надоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *