Андешаҳои иғвоангези Илҳом Ёқубовро маҳкум менамоем!

Аз нуқтаи назари Илҳом Ёқубов, ки Тоҷикистони соҳибистиклолро беасос ва бо нишондоди хоҷагони хориҷиаш мавриди танқид қарор додааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо гӯё озодии сухан, баёнот, ақида, ВАО-и озод ва дастрасӣ ба иттилоот вуҷуд надоранд. Ҳол он ки ин гуна ҳуқуқҳои асосӣ дар қонунҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон арзи вуҷуд мекунанд.
Вай таъкид менамояд, ки гӯё дар Тоҷикистон ислоҳот суст давом мекунад, ҳанӯз усулҳои шӯравии корбарӣ идома доранд. Ҳоло ҳам дар ин ҷо гӯё журналистони худӣ ва хориҷӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Аз ҷумла қайд мекунад, ки соли 2018 қазияи ҷиноӣ ба муқобили журналист, сарвари дастаи КВН Хайрулло Мирсаидов, ки соле пеш барои таҳқири мансабдори давлатӣ маҳкум шуда буд, дар ҷомеа як андоза ғулғула ангехт. Гӯё мақомот ба ҷои маҳкум намудани шахсияти мансабдор аз рӯи хабарҳои бардурӯғ журналистро гунаҳгор карда бошад. Ва ниҳоят бо таъсири аҳли ҷамоатчигии байналмилалӣ прокуратура маҷбур шудааст, ин қазияро мавқуф гузорад.
Бо назардошти мавқеи ин иғвогар журналист Исмоилов, ки ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Аштро гӯё беасос танқид кардааст, ба муддати 11 сол паси панҷара рафтааст, ҳол он ки зиёни ба ҷомеа расонидаи вай ҳамагӣ камтар аз 50 доллари ИМА-ро ташкил менамудааст. Чунин сафсатабаёниҳо дар ҳар як баромади ин шахси иғвоангез ҷой доранд.
Боз як далели дигар, ки И. Ёқубов онро паҳн намудааст, ин аст, ки сармуҳаррири нашрияи ҳизбии мухолифин Сайфуллозода маҳз барои ташвиқи терроризму экстремизм ва хатарҳои динӣ гӯё беасос 16 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Аз нуқтаи назари ӯ соли 2018 гӯё 5 нафар барои таҳқири президент маҳкум гардидаанд.
Ҳамин тариқ, шахси иғвогар Илҳом Ёқубов барои дар ҷомеаи озоду демократии мо ба журналистон гӯё муносибати ғаразнок доштани мансабдорон хостааст дар тамоми дунё як навъ ғулғула ангезад, вале, хушбахтона, чунин иғвоангезиҳо барои ӯ чандон обрӯву эътибор оварда натавонистанд.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *