Дар нишасти солонаи Варшава, ки бо ташаббуси САҲА давоми ду сол як маротиба баргузор мегардад, дар қатори дигар бадхоҳони миллат Илҳом Ёқубов, собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ба ҳайси Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ низ баромад намуд. Моро як нукта ба андеша водор намуд, ки ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кардааст? Аз Осиёи Марказӣ наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Сониян кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст.
Мо, устодони кафедра истиқбол аз он мекунем, ки ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати баландпояро ба ин нишаст фиристода, бо баромадҳои пурмӯҳтавои худ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки ба ин гуна нишастҳо, ки аз қадру манзалати инсон дар ҷомеа ҳимоя мекунад, намояндагони ташкилотҳои террористӣ даъват нашаванд. Махсусан дар арафаи ин нишаст сарҷамъ шудани нерӯҳои мухолифини мамлакат – Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон моро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар вақта дида бомасъули воқеъияти ҳолро ба аҳли ҷомеа расонем. Махсусан суханронии Илҳом Ёқубов, роҳбари ба ном Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ моро ба риққат овард. Ӯ дар баромадаш аз нақзи ҳуқуқҳои шахрвандон ва маҳдудият ба рӯзноманигорон сухан кард, ки хатои маҳз аст. Зеро дар кишвар ВАО ба сурати умум рушд ёфта, сол то сол теъдоди нашрияҳо ва телевизиону радиҳо меафзояд. Барои рушди касбии рӯзноманигорон имкониятҳои фарох дода шудааст. Мо суханони як нафари гурезаи тоҷикро, ки манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои давлат боло мегузорад маҳкум менамоем ва мегӯем дар Тоҷикистон ба нафарони кинаҷӯву адоватпарвар роҳ нест.
Мо, устодони кафедра, фаъолияти чунин ҳизбу анҷуманҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ барои пешрафту шукуфоии кишвар меҳнат намуда, фирефтаи афкори душманони миллат намегарданд.