Изҳороти кафедари забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбат ба андешаҳои носолими яке аз аъзои ҲНИ Илҳом Ёқубов

Мо, устодони кафедра, имрўз ба муҳимтарин масоиле, аз қабили ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ, ки тавассути ҳизбу гурўҳҳо ва созмону иттиҳодияҳо фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ибрози ақида менамоем. Воқеан, боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро  маблағгузорӣ гардида, ба сафи худ ҷавонони зудбовар ва хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доштаро ба содир намудани амалҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Шаҳрвандони мо берун аз марзи ҷумҳурӣ иқомат доранд, ки ба шаҳрванд гуфтани онҳо шарм медорем, бо вуҷуди ин ҷиҳати баланд бардоштани обрўю эътибори сатҳи байналмилалии кишварамон боз такрор ба такрор таъкидан нисбати афроди гумроҳшудагон сухан мегўем.

Масалан, яке аз аъзои ТЭТ ҲНИ, хоса Ёқубов Илҳом, ки домони аврупоӣ-Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад.

Чунин хоинону гурезагон ва имонфурўшон ба монанди И.Ёқубов дар Аврупо иқомат дошта, нисбати ислоҳоти Тоҷикистон оид ба технологияи муосири асри 21, фаъолияти рўзноманигорӣ, адолати судӣ баҳогузорӣ менамояд. Худи ў чӣ будани моҳияти илму технология, рўзноманигорӣ ва адолати судиро дуруст дарк накарда, сухан мегўяд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикистонро ба иттиҳоди  навтаъсиси худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Тоҷикистонро имрўз кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷўҳ доранд. На бо хоинону ватанфурўшон. Илҳом Ёқубов худро “адолатпарвару озодандеш” мешуморад, бояд андеша кунад…  Кист ў? Ва кадом амалҳои некашро халқи тоҷик медонад ва дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷии хориҷиашон боз кадом ашхос ўро мешиносанд? Агар Ёқубов Илҳом ватандӯсту адолатпарвар бошад, марҳамат, сангари ватандорӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузорад. Аммо, номбурда чунин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надорад ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории М. Кабирӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.

Дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақидаи Ёқубов И. дар он зоҳир мегардад, ки ў бо супориши М. Кабирӣ ва ҳоҷагони ҳориҷиаш мехоҳад зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳ зиддияту нифоқу кина барангезад. Набояд фаромўш кард, ки имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардидаанд. Аз ин рў, тақозои онро дорем, ки бе иттиҳоди навтаъсис ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Аз ҳар гуна хизбу иттиҳоди навтаъсис алҳол Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пешниҳоду маслиҳатҳояшон ниёз надорад. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи  амалии онҳоро таъмин намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд  ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *