ДАР ОМӮЗИШИ ПАЁМ

Санаи 19-уми январи соли 2022 дар Донишкада тибқи нақшаи вохӯрии ҳайати Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи тиблиғотӣ бо устодон ва донишҷӯён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрӣ Мирпоччоева М.Қ. – мушовири калони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Каримов Р.А. – мудири кафедраи хадамоти гумрукии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Мирпочоев Д.А. – муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири дастоварду дурнамои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Сипас, маърӯзачиён аз нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ёдовар шуда, ҳозиринро барои саҳм гузоштан ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *