Алҳазар аз дасисабозии хоинони миллат,  Алҳазар Анҷумани озодандешони тоҷик!

Кулли кормандону устодон ва роҳбарияти ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик» -ро       маҳкум менамоянд.

Чи хеле, ки медонед Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дар вазъияти бисёр ногувору сахте қарор дошт. Вале мардуми шарафманди ватани азизамон нагузоштанд, ки сабабгорони ин вазъият ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Фарзанди фарзонаи миллат каҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарварониашон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Гурӯҳи мухолифинро даъват намуда, ба хотири якпорчагии миллат гуноҳҳои онҳоро бахшида, ба онҳо бовар карда баъзе аз корҳои баланди давлатиро ба онҳо супориданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хоинони миллат шукргузории бахшиши Пешвои миллатро ба ҷо наоварда даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, вале хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасида шармандавор шикаст хурданд ва ба хориҷа фирор намуданд. Онҳо дар хориҷа машғули таъсис додани гуруҳҳои мухолифини кишвар шуданд, ки ин боиси нигаронии кулли мардуми шарифи Тоҷикистон шудааст. Таъсисдиҳандаи ин гурӯҳҳо роҳбари фирории ҲНИТ ва «гурӯҳи 24» мебошад.

Ин ҷо чанд нуқта хеле ҷолиб аст, ки аслу насаби аксарияти муассисони ин созмони ҳамчун тоҷик зери суол буда, дар зиёӣ набудани онҳо аслан шубҳае нест. Ин созмони навтаъсиси “озодандешон”, ки худ тавқи ғуломӣ дар гардан доранд, аслан ба мафҳуми озодӣ ва озодандешӣ сарфаҳм намераванд.

Ҳамчунон, ки мо аз шабакаҳои интернети маълумот пайдо намудем дар Амстердам маркази Ҳоланд, гуё гурӯҳе бо номи «ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро» таъсис доданд. Муассисони ин гурӯҳ Мавҷуда Соҳибназарова, Шарофиддин Гадоев ва Анвар Қувватов мебошанд. Таъсиси ин гурӯҳи нохалаф дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ қабл дар Аврупо гурӯҳи дигари мухолифин бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис дода шуд, ки  таъсисдиҳандагони он душманони халқу миллат собиқ гурӯҳҳои ҲНИТ Алим Шерзамонов, Темур Варки, Саидюнуси истаравшани ва Ҳакими Раҳимпур мебошанд. Аввал ба ҷавоби таъсисдиҳандаи озодандешони тоҷик гуфтанӣ ҳастем, ки озодандешие, ки дар Тоҷикистон ҳаст шояд, ки дар дигар ҷой набошад. Шумоён озодандешон нестед, шумоён нисбати кулли мардуми Тоҷикистон ғараз доред. Мехоҳед боз мардумро фиреб диҳед, боз мехоҳед дар байни мардум фитна эчод кунед хайф бар шумо садқаи ин Ватан шавед нону намаки ин сарзамин кӯратон кунад. Шумо иштибоҳ мекунед, мардуми шарифи Тоҷикистон хуб ҳақиқатро дарк намудаанд. Мардум аз сирату кофияи шумоён безор аст. Мардум аз сухану харфи шумоён безор шудааст.

Мехоҳем ба таъсисдиҳандагони «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «гурӯҳи 24» ҷавоби худро расонем, ки мо ниёз ба ислоҳоти шумо надорем шумоён низ чехраи вокеии худро ошкор кардед. Шумоён гурӯҳҳое ҳастед, мехоҳед байни мардум як низоъ ба вуҷуд ояд, лекин инро хуб донед, ки имрӯз ё фардо он бадиҳо ба худатон бармегарданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз хуб медонанд ки дилсӯзи ин Ватан асту  ки душманаш ва дигар ба гурӯҳҳои фитнаангез, мисли шумоён ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, бовар надоранд. Инчунин ба мардуми азизи Тоҷикистон хотиррасон мекунам, ки ба ҷавонон фаҳмонида шавад, ки ҳушёриву зирракиро аз даст надиҳанд, ин Ватани азизро муқаддас донанд. Нагузоранд дигар пои номубораки ин хоинону душманони миллат ба Ватан расад. Ҳама шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон соат ба соату рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст, ҳатто давлатҳои хориҷа ҳавасманди бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро доранд. Ин ҳам бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд қадрдонӣ кунем ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз софдилона хизмат кунем.

Ҷавонони Тоҷикистон, аз он ҷумла донишҷўёни ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо аз пайи ободкорию гул –гул шукуфонии сарзамини биҳиштосоянд. Вақти холигии худро ба шинонидану сабзонидани дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ мегузаронанд. Онҳо вақт надоранд, ки вақти қимматашонро сарфи сафсатаҳою ҳарзаҳои Шумо, аҳриманҳо, кунанд.

Мо кулли кормандону устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд хуб медонем, ки ин «Анҷуманҳо»-и ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷўянд. Оби уқёнусу кўлҳо наметавонанд, гарду ғубору қураи дилҳои сиёҳи онҳоро бишўянд.

Ҳазорҳо пардаю девори Чин ҳатто наметавонанд, мақсадҳои нопоки Шуморо пўшида бидорад. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

Ассистенти кафедраи

математекаи олӣ ва

технологияи инноватсионӣ  П. Назаров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *