Дар Тоҷикистони азизи мо низ нерӯҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ТЭТ ҲНИ аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гуруҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Амали намудани ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекунанд ва бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезаданд. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба сафи худ он ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври сода идеологияро қабул мекунанд, тамоюл (ба ақидаи онҳо) ба бунёди тартиботи ҷаҳонии «воқеан боадолат» бар асоси дин доранд, ашхоси тамоюлдошта ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд. Дар оқибат ҷавонони ноогоҳу аз оқибатхои аз падидаҳои номатлуб бехабар оқибати амали худро фикр накарда даст ба ҷиноят мезананд. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи мубориза ва муҳорибаи беадолатона аксар мардуми оддӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ зарар мебинанд. Алоқамандии аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтаанд.Мисоли ин гуфтаҳо, таҳти роҳбарии яке аз аъзоёни фаъоли дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаи ТЭТ ҲНИ Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович, дар таърихи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данѓара аз ҷониби роҳбари гурӯҳи муташаккил Ҳусейн Абдусамадов бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон амали аблаҳона-қатли сайёҳони хориҷӣ содир шудааст. Ин ҳодисаи нангин ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.Дар иртибот ба ин қайд кардан зарур аст, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосии рақами яки ҷаҳон ин терроризму эктремизими байналхалқӣ тамоми сайёра гардида, дар ташвишҳои зиёдро ба миён овардааст ва ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.
Дар такя бо таклифу пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳ менамояд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Зеро дар баробари Пешвои миллат мардуми тоҷик низ ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Корманди шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ Ф. Мамадҷонов