AKHBOR.COM СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИИ ИҒВОАНГЕЗ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи инноватсионӣ масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои муҳими рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вале ба ин нигоҳ накарда, сомонаи интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») бо воситаҳои сомонаҳои худ бо роҳи паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои, ки  хусусияти террористию экстремистӣ доранд, ба амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод  мекунанд.

Бояд қайд кард, ки сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ба ташкилотҳои террористӣ-экстремисти хизмат мекунанд. Ин сомонаҳои интернетӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат  ташвиқ менамоянд.

Ёдовар мекунем, ки ташкилоти террористи экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо қарори Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015  ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гаштааст ва ин ҳизб бо ҳар гуна роҳу воситаҳо мехоҳад, ки сулҳу субот ва амнияти кишвари моро ноором созад.

Мо бояд аз хотир фаромӯш накунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Имрӯз мардуми мо сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро дарк карда, дар бобати таҳдид ба амният ва сулҳу суботи кишвар набояд хомӯш бошанд. Ва маҳз, бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, яъне ҳизби террористиву экстремистии наҳзат, ин ҷанги бародаркуш сар зад.

Дар ин бобат, файласуфи  Юнони Қадим Демокрит таъкид карда буд: (460-370) “Корҳои давлатиро назар ба дигар корҳо аз ҳама афзалу муҳим бояд донист. Ҳар кас бояд кӯшиш намояд, ки пеш аз ҳама давлат рушд ёбад, обод гардад, манфиати умум ва давлатро нисбат ба манфиат, шараф, обрӯю эътибори худ боло гузорад. Ин амал дастгирии бузург барои давлат аст, зеро давлате, ки бо роҳи дуруст меравад, такягоҳи бузург аст. Ҳама чиз маҳз ба ҳамин вобаста дорад, яъне вақте ки давлат обод мегардад, ҳама обод мешаванд, вақте ки давлат нобуд мегардад, ҳама нобуд мешаванд”.

Ҳамин тариқ, Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020 оид ба баста шудани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком»дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» хизмат мекунанд амрӣ воқеист. Зеро, ҳамаи ин тадбирҳо, барои таъмини амният, сулҳ ва суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамзамон, пешгирӣ кардан аз ҳар гуна  амалиётҳои террористию экстремистӣ аст.

Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф. Ҷ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *