Қаллобии Муҳаммадиқболи Садриддин фош гардид!

Ахиран Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд. Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда, тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад.».

Бубинед, магар ин маблағи кам аст ва дар чунин шароит ёфтани он кори осон нест. Ба ин далелу ҳуҷҷатҳои саҳеҳ дар Аврупо М. Садриддин чӣ мегуфта бошад?

Раҷабов Р.,

Қоситов О,

Ҳодибоев А.,

устодони ДИС ДДТТ

 

Филми “Хиёнат” чеҳраи воқеии хоинони

 миллати тоҷикро фош кард

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  намоиш дода шуд, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ  (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос,  аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд.

Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.

Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Мардуми тоҷик бори дигар мутмаин гаштанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо  хиёнати худ ба миллату давлати дар ҷомеа ҷойгаҳ нахоҳад ёфт.

Ҳалимов И,

Ҳомидова Д.,

Ф. Собир,

М. Карим,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *