Ислом дини муқаддас  ва ҳидоятгар ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ аст.

 

Экстремизм ва терроризм дар дунёи имрӯза мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати ногувор ва ноороми оварда расонанд.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самараноки кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Мавзӯи мазкурро таҳлил намуда, ба масъалаи дигар рӯ ба рӯ мегардем, ки имрӯзҳо дар доираи матбуоти даврии Ғарб, ба таври васеъ дар мавриди бо ҳам шарик будани дини ислом ва амалиёти экстремистӣ-террористӣ менависанд. Инчунин, сурат гирифтани ҳолат, аслан амали тарғиботи ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо аз дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст.

Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.

Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Тухсанбоева Хуршеда Маҳмудовна

корманди китобхонаи электоронӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *