КОРОНАВИРУС. ТАҲДИДИ МАВҶИ ДУЮМ — ҲУШДОРИ ДИГАР БА МАРДУМИ САЙЁРА. Андешаҳои инфиродии шоир ва публисист Камол Насрулло

 

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳдиди вабои охирзамон коронавирус ҳанӯз аз сари инсоният дур нарафтааст. Балки мавҷи дуюми он, ки имрӯз аз хусуси он дар расонаҳои ҷаҳонӣ хавотирангез суханҳо мегӯянд, метавонад бештар хавфнок бошад. Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифториашон аз ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, мавҷи дуюм, хурӯҷи нави гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе кишварҳо чораҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Мо аз табиат медонем, ки мавҷи дуюм одатан хавфноктар аз мавҷи якум метавонад буд ва Худо нишон надиҳад, ки дар мавриди коронавирус ҳам ҳамин тавр бошад,  иброз медорад Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ зимни баёни мулоҳизаҳои инфиродии хеш, ки дар поён мехонед.  

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) то ин муддат дар дунё 11 миллиону 048 ҳазор нафар одам ба ин беморӣ гирифтор шудаву беш аз 713 ҳазор нафари онҳо вафот карданд ва 5,48 миллион одам шифо ёфтанд. Ин маълумоти то 5 уми июл аст.

Аз ҷиҳати гирифторӣ ба коронавирус  ШМА, ки гирифторонаш ба  2,73 миллион расидааст, дар ҷойи аввал буда, Бразилия бо 1,49 млн. дар ҷойи дуюм, Россия дар ҷойи сеюм ва Ҳиндустон ҷойи  чорум қарор доранд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистони мо теъдоди беморшудагон  ба 6168   расида, аз 3-юм ба 4-уми июл 50 ҳолати нави сироятӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин як шабонарӯз 208 ҳазору 864 нафар дар ҷаҳон гирифтори COVID -19 гардиданд.

Коронавируси нав  SARS-Cov-2 Rb, ки ангезишдиҳандаи  COVID -19 мебошад, бештар сирояткунанда мегардад, агар ба тағйирёбии мутасиягӣ рӯ ба рӯ ояд, ки суръати афзоиши онро метезонад. Аз ин хусус Энтони Фаучи – директори Донишгоҳи миллии бемориҳои алергӣ ва сироятии Амрико эълом дошт.

Дар асоси  маълумоти директори генералии Ташкилоти умумиҷонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус, дар айни замон ҳамагӣ дар дунё 141 прототипи ваксинаи коронавирус коркард мешаванд.

Аз кишварҳои муштарикулманофеъ Казоқистон аввалин кишварест, ки водор шуд ба сабаби хурӯҷи нави коронавирус ба маҳдудиятҳои зиддивирусӣ (баъди сустшавии он) бозгардад. Маҳдудиятҳои карантенӣ дар ин кишвар аз 5 июл оғоз мегарданд ва 14 рӯз идома меёбанд. Баъд метавонанд дар ҳолати зарурӣ идома дода шаванд.

Дар Россия теъдоди гирифторшудагон ба коронавируси нав ба 667 000 ҳазор (дар як шабонарӯз 6760) расид. Дар Россия  то рӯзи 2 июл  9683 нафар фавтиданд, 422,9 ҳаз. шифо ёфтанд. Дар Маскав дар як шабонарӯз 34 кас  аз ин беморӣ фавтид.

Дар Ӯзбекистони ҳамсояамон низ мавҷи дуюми пандемияи COVID -19 хурӯҷ кардааст. Теъдоди сироятёфтагон  ба 9 ҳазору 199 расид.

Дар Эрон мавҷи дуюми ин беморӣ шадидтар аз мавҷи аввал зуҳур намудааст.

Бо ин ҳама бояд огоҳ кард, ки боз ҳам роҳи асосии пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба коронавирус худмаҳдудкунӣ ва эҳтиёткорӣ аз ҷониби худи одамон мебошад. Вақте ки чораҳои худэҳтиёткунии мардум, яъне бастани ниқоб ва тоза собуншӯ кардани дасту рӯ  ва дигар чораҳо андешида шуданд, ҳолати гирифториҳо ба ин бемории хатарнок 60 фоиз кам гардид.

Ин далелҳо оварда шуданд, то дарк  шавад, ки таҳдиди хатарбори коронавирус ҳанӯз аз байн нарафтаву хатари авҷгирии мавҷи дуюми он таҳдид ба инсоният мекунад. Ҳатто кишваре чунин абарқудрат мисли Чин, ки аз пирӯзӣ ба ин беморӣ элом дошта буд, имрӯз водор аст барои  пешгирии мавҷи дуюми он чораҳои фаврӣ биандешад.

Аммо ҳадаф аз овардани мо ин ҳама далелҳоро дар баёни андешаҳои дигар аст. Банда дар ду мақолае, ки дар оғози паҳншавии ин бемори инсонкуш навишта будам, чунин арзи умед доштам, ки ин вабои охирзамон сабақе ба мардум ва кишварҳои ҷаҳон хоҳанд дод. Умед аз он буд, ки ҳукуматҳову давлатҳои дунё ва халқҳои ҷаҳон дарк мекунанд, ки имрӯз инсоният ба муқобили ҳар балои нобаҳангом, аз ҷумла коронавирус, ки то ҳол давояш ёфт нашудааст, аз як гиребон сар мебароранд. Коронавирус имтиҳоне ба инсонҳо  ва ҳушдоре ба башарият медиҳад, ки меъёр ва муносибатҳои байниҳамдигарии то имрӯз мавҷударо дигар кунанд. Дарк кунанд, ки инсоният ба ҷуз аз ба ҳам омадан, ба ҷуз аз ягонагӣ, сулҳу салоҳ дӯстиву рафоқат ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ҳимояи ҳамдигар, дарку эҳсоси сокини як хонадон будан, роҳи дигари ҳимоя ва муқовиматро алайҳи душмане, ки таҳдид ба сайёра мекунад, надорад. Дарк кунанд, вақти он омадааст, ки инсоният танҳо худаш метавонад зомини хушбахтии худаш бошад. Дарк кунанд, ки акнун инсоният на ба муқобили ҳамдигар, балки ба ҳимояи ҳамдигар ва ба муқобили таҳдидҳо ба ҷони одамизод ва хонаи ягонаи башарият Замин бояд бархезад. Силоҳ на ба муқобили ҳамдигар, балки барои ҳимояи ҳамдигар ва ягонагии инсонҳо созад. Роҳи дигар ва кафолати дигар барои наҷоти инсоният ва замин вуҷуд надорад.

Бале, ин коронавирус як имтиҳони  Табиат як ҳушдоре аз ҷониби ӯст, то ки оқибат инсоният ба  худ ояд ва аз роҳи то имрӯз хато ва базиён сипардааш бозгардад. Фардо метавонад тақдир фоҷиа ва балоҳои дигареро бар сари одамизод оварад.

Аммо бубинед, чи шуд? Чунин менамояд, ки инсоният, муттаасифона, сабақе аз ин ҳушдор набардошт. Мо нашунидем, ки ба  муносибати ин таҳдидҳо ба зоти инсон фалон кишвар дасти таҷовуз аз фалон кишвар бардоштааст; фалон гуруҳи силоҳбадаст тавба пеш овардаву силоҳашро ба замин гузоштааст; фалон кишвар муҷозоти худро аз кишвари дигар бардоштаву инҳисори иқтисодиро бекор намудааст. На! Ин ҳама муҷозотҳои инсон бар сари инсон, чуноне ки буданд, ҳастанд. Боз ҳам қабоҳату таҷовузҳои инсон аз ҷониби инсон, табиат аз ҷониби инсон идома дорад. Боз ҳам ҳамон меъёрҳои зӯрвариву тороҷи заифон, бузургманишии абарқудратон, мусобиқа дар бунёди силоҳи инсонкуш идома дорад. Боз ҳам ҳама муборизаҳо барои сармоя равона шудаанд ва меъёру идеали асосӣ ҳамин аст. Боз ҳам мусобиқаи силоҳсозиву силоҳофарӣ дар байни абарқудратҳо идома дорад.  Барои чӣ? Барои кӣ? Барои маҳви инсоният, барои боз ҳам харобтар кардани табиат, ки дар марги он марги инсоният пешбинӣ мешавад? Дареғ! Оё мавриди он нест, ки ба худ оем, ист кунем, меъёрҳо ва муносибатҳоро дигар намоем? Оё кам аст иштибоҳоте ки инсоният то имрӯз ба онҳо роҳ доду заволи худро наздиктар сохтааст?

Бубинед, чӣ қабоҳатҳое инсон ба худ раво дид. Ва аввалин иштибоҳи ӯ муносибати нохайрхоҳона ва душманона бо табиат, яъне бо модар – офаридгори худ буд. Нафси бад ва ҳирси  носер инсонҳоро то ҷойе бурд, ки нафту газро беандешаву бераҳмона аз сиришти замин ҷафида гирифтан доранд, чунон ки хуни танеро; ҷангалҳо нобуд шуданд, ҳайвонҳо фирор карданд, обҳо олудаи заҳрҳо гардиданд, ҳавои пок ғуборолуду заҳрнок шуд, замин  ва ҳатто уқёнусҳо саршори партобҳову ифлосиҳоянд. Чаро, ҳатто аз кӯҳистони мо палангу хирсу оҳу, ҳатто гургҳо фирор карданд? Чаро имрӯз дар мавзеи ҷангалҳои аз дасти инсон буридашудаи куҳистон на кабки ҳилол месарояду на кабки дарӣ ва на харгӯшаке  аз канори роҳ давон мегузарад?  Куҷо шуданд арчаҳои ҳазорсолаву зарангу бодому чаҳормағзи фарвони куҳистон? Ҳама ба коми нафси носери инсонҳо рафтанд. Зеро одамизод ҳадди эътидолро вайрон кард, таҷовуз ба ҷони табиат намуд. Оё шумо имсол мушоҳида кардед, ки дар ҳавои  Душабеи азизамон селаи гунҷшкҳо парвоз намекунанд, овои дилнавози сору булбулу андалеб шунида намешавад. Банда мушоҳида кардам, ки пашшаву хомӯшак ҳам кам шудааст. Чаро инҳо ҳама аз мо фирор карданд? Чаро табиат дигар мешавад? Оё ин ҳама ба таҷовузи табиат аз ҷониби инсон вобаста нест? Метарсам, шояд дур нест замоне, ки  аз он сӯрохии кайҳоние, ки аз фишори дуду газҳои ғализи истеҳслкардаи инсон дар замин пайдо шудан дорад, рӯзе рӯҳи ӯ низ парвоз ба ҷониби фано бигирад. Ҳамин COVID -19  ҳам маҳсули ниятҳи ғаразнок ва тамаъангезу носолими худи инсон аст.

Лаҳзаи дуюме, ки мехоҳам таваҷҷӯҳи одамонро ба он ҷалб кунам, вайрон шудан ва аз байн рафтани меъёрҳои одоби инсонӣ, дур шудан аз муқаддасоти инсонӣ, рӯ ба завол овардани маънавиёти бузургест, ки инсонро дар доираи меъёрҳои муқаддас ва таҷовузнопазир нигоҳ медошт. Меъёрҳое ҳастанд, ки дар сахттарин лаҳзаҳову фоҷиаҳои ҳастӣ инсонҳо онҳоро риоя кардаву пос медоштанд ва маҳз ба шарофати онҳо пас аз фоҷиаҳои бузург боз қомат меафрохтанд. Яке аз ин меъёрҳои муқаддас оиладорӣ, арҷгузорӣ ба волидайн, ба пирону бузургон будааст, ки ҳамеша инсонҳоро ба роҳи ростин ҳидоят менамуданд. Агар имрӯз шайтон раҳнамои инсонҳо нест, агар инсоният дар ниятҳои носолими худ раҳгум назадааст, оё бо номи ислом куштори мусулмонон чӣ маъно дорад? Даст задан ба террору инфиҷор аз ҷониби мутаассибон ва хусусан наврасонро чи гуна арзёбӣ мекунед? Ба хок яксон кардани шаҳрҳои ободу пешрафтаро чӣ хел қабул доред? Ба биёбон табдил додани гулгашту боғҳо, хонабардӯш кардани хонаводаҳои бегуноҳу осоишта ба чӣ хотир аст?

Худованд барои идомаи солимонаи насли одамӣ марду занро офаридааст ва ин қабоҳату разолати гӯшношунид, никоҳи ҳамҷинсонро, ки алайҳи амри Худованд сурат мегирад, чи гуна метавон таҳаммул кард? Ва аз ҷониби баъзе кишварҳо ва давлатдориҳо қонунӣ намудани ин падидаи шумро чӣ хел мефаҳмед? Вой бар ҳоли инсони азхудрафтву табдилёфта ба шайтон! Вой бар ҳоли инсоне, ки ҳатто дар сари давлатдорияш чунин инсонҳои зишт ҷилавдори сиёсатанд! Оё чаро дар ҷавоби зуҳуроте чунин даҳшатангез  фоҷиаҳое даҳшатбор бар сари одамизод наоянд?

Ҳанӯз ҷойе барои андеша ҳаст. Ҳанӯз мавриде барои ислоҳ ҳаст. Аммо чаро гӯшҳо кару чашмҳо нобиноянд?! Аммо чаро ақлҳову андешаҳо дар гӯри хусумату нафси бади инсонҳо фурӯ рафтаанд?! Чунон ки Мавлавии бузург гуфтааст: “Ман гунги хобдидаву олам тамом кар…”.

Гумон намекунам, ки ин хабисиҳо, ин бехудиҳову бехудоиҳо ва шайтонгариҳо дар ҷойе, ки сиришти инсонҳо аз расму таомули нек ва хубиву хайрхоҳӣ сиришта шудааст, ба вуҷуд оянд. Ҳар миллату ҳар қавмро на нерӯву тавоноии ҷангиву ҷисмонияш зинда медорад, балки маънавиёти бузургу сиришти некаш. Миллате некманишу некоину башардӯст, мисли миллати тоҷик, имрӯз ҳам дар ҳавои покизагиву озодагӣ ба сар мебарад ва ин яке аз аввалин кафолатҳои гирифтор нашудан ба балоҳои охирзамон аст. Дер расидану камтар гирифтор шудани халқи некманишамон дар оғози ин пандемия ба ин вабои охирзамонро ҳам сабаб ҳамин хайрхоҳиву некманишист, ки имрӯз ба сиёсати давлатдории тоҷикон табдил ёфтааст.  Имрӯз дар сайёраи Замин он халқе бурд мекунад, ки сиёсати миллияш сулҳ, ҳамзистии осоишта, дӯстиву муҳаббат ба инсонҳост. Яъне сиёсате, ки кишвари мо, халқи некӯманиши мо пеш гирифтааст. Аммо, мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза халқе, миллате наметавонад бе равобит, бе алоқаҳо, бе додугирифту  рафтуомад ҳаёт ба  сар барад. Ин аст, ки пандемияи  COVID -19 ба Тоҷикистони мо ҳам роҳ ёфт ва  чандин нафар азизони моро ба коми маргбораш кашид.

Ҳосили ин вабои охирзамон на танҳо марги нобаҳангоми азизони мост, чунин бемориҳои вабосиришт аз паси худ пайомадҳои мудҳише метавонанд оваранд, мисли  қаҳтиву гуруснагиву хушксолӣ, ки боз метавонанд таҳдидҳои  марговари дигарро ба ҷони одамон оранд  ва ин зуҳурот барои инсоният нав нест. Хушбахтии мо сокинони кишвар аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист таҳлукаву воҳимаҳои рӯзҳои аввалро зуд  поён фарорад ва барои пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ халқро барои  андешидани чораҳои фаврӣ   ҳидоят намояд.  Даъват чунин буд, ки бояд ҳар ваҷаб хоки замини кишвари азизамон барои кишту кор ва гирифтани ҳосили фаровон чандкарата истифода шавад. Натиҷаҳояшро мо имрӯз дида истодаем. Сиёсати дурусти давлатӣ, заҳмати халқи меҳнатдӯст ва замини файзбору пурбаракати Тоҷикистони азиз зуд подоши ин ниятҳои некро доданд. Бозору мағозаҳо аз маводи ниёзи аввал пур гаштаву нархҳо дар бозорҳо ба танзим дароварда шуданд.

Аммо ин ҳанӯз оғози кор аст ва бо назардошти зимистони дарпешбуда чораҳои зиёди фаврии дигаре бояд андешид, то ягон бӯҳрони иқтисодӣ ва маънавӣ ба сарзамини биҳиштии мо роҳ наёбад.

Ман аминам, ки ин коронавируси нобаҳангом сабақе ба мардуми мо ҳам додааст. Мардуме озодаманиш чун миллати мо, ки ҳаргиз дасти ношуста ба сари дастархон наменишинаду рӯйи ношуста ба кӯча намебарояд, аминам, подошаш раҳму саховати Кирдугор аст. Аммо мо низ сокини ҳамин Замин ва ҳамин сайёраем ва наметавонем ҷудо аз бародарони ҳамзамини худ зиндагӣ ба сар барем ва банда боз ҳам умед ба дарки воқеии ҳолу аҳволи вазъи ҷаҳон аз ҷониби башарият мебандам. Ва такрор ба такрор мегӯям, ки наҷоти инсоният аз фоҷиаҳо ва роҳи халосӣ аз балоҳои бо гуноҳи худи одамизод басаромада дар ягонагӣ, дар эҳсоси ҳамдигарфаҳмии тамоми сокинони сайёра аст. Мо сокинони сайёраи Замин бояд эҳсос кунем, ки фарзандони як хонадонем ва танҳо бо дасгирӣ ва кафолати ҳамдигар эмин аз хатарҳо ва зиндаву пойдор хоҳем буд.

Пандемияи коронавирус COVID -19 ба инсоният сабақ ва ишораҳои дигар ҳам додааст ва яке ин аст, ки дар натиҷаи аз кор мондани теъдоди бешумори корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар сайёраи Замин миқдори партовҳо хеле коҳиш ёфта, истихроҷи газҳои заҳрноку зиёновар ба ҳаво хеле кам гардиданд. Дар асоси мушоҳидаи табиатшиносон ин боиси хеле беҳтар шудани вазъи экологӣ, тозагии обу ҳаво ва нумӯи беҳтари гулу гиёҳу дарахтон гардидааст. Танҳо дар натиҷаи аз кор мондани корхонаҳои бузурги саноатии  кишварҳои абарқудрат миллионҳо тонна партовҳо ба табиат партофта нашуданд ва миллионҳо ҷонварон дар баҳру уқёнусҳои ҷаҳон  ва гӯшаҳои мухталифи табаити Сайёра наҷот ёфтанд.

Аммо аз ҷониби дигар, масъалаи дигар — мушкили маҳву нобуд кардани партовҳои нави аз муолиҷаи коронавирус монда, истифодаи ҷиҳозоти истифодашуда баъди табобат ба миён омадааст, ки ҳузури онҳо дар табиат хеле зараноку зиёновар буда, метавонад боиси пайдо шудан ва авҷи дигар гирифтани ин бемории бедаво гардад. Яъне масъалаи маҳви онҳо, ки сирояти навро бедор накунанд.

Аммо мушкилиҳо бо ин хотима намеёбанд ва дар ин саф мушкили глобалии дигар дар натиҷаи аз кор мондани корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва бекор мондани аҳолӣ, истеҳсол нашудани маводи зарурии ниёзи аввали мардум дар саросари дунё, таъмин нагардидани сокинони сайёра бо обу ғизои лозима аст, ки дар навбати худ метавонад мушкилу фоҷиаҳои дигареро ба бор орад.

Ин аст, ки инсоният имрӯз дар пешорӯи таҳдиди фоҷиаҳоест, ки аслан маҳсул ва зодаи фаъолияти худи ӯст. Ва ҳалли онро низ бояд худ ёбад.

Ва дар поён ин шеърро, ки аминам хонандаи арҷмандро ҳидоят ба роҳи дурусти наҷот менамояд, тақдими азизон мекунам.

 

ҲУШДОРИ БАШАРИЯТ

Одамизод — рондаи фирдавс!
Ашки чашми фишондаи фирдавс…

Бори дигар фитода аз тор аст,
Бар ҷазои Худо гирифтор аст.

Ин балое, ки аз қазо омад,
Бар сари одамӣ чаро омад?

Эзид аз одамӣ чаро рӯ бурд?
Рӯйи эҳсони хеш аз ӯ бурд?

Ку дигар сози он тараб акнун?
Нест подош ҷуз ғазаб акнун.

Одамизода бад пайи бад кард,
Беҳадиҳо фузун зи сарҳад  кард.

Сар кашида ба гунбади мино,
Нон зи серӣ фиканд зери мо.

Адлу инсофу ҳақ таҳи по шуд,
Кинаву ҳирсу  нафс боло шуд.

Ақли солим варо чу шуд бемор,
Кард аз ӯ фирор нангу ор.

Дур гаштем мо зи васли хеш,
Дури дур аз худу зи асли хеш.

Оҳ, бераҳму қотилу зиштем,
Мо ки як умр ҳамдигар куштем.

Сӯхт ҷангал зи нафсу ҳирс, афсӯс,
Рафт аз мо палангу хирс, афсӯс!

Мо ки бераҳм ҷонварон куштем,
Балки дар ҷони худ равон куштем.

Модари мо – Замин таҳи по шуд,
Зери партоб монду расво шуд.

Шуд табиат низору олуда,
Чун шавем аз гуноҳ полуда?!

Эй шигифто, чаҳон пур аз фан шуд,
Зан ҳама мард, мард худ зан шуд.

Ин разолат – никоҳи ҳамҷинсон!
Ин ки ҳатто намекунад ҳайвон!

Зидди амри Худо чунин рафтан!?
Беҳ бувад зинда бар замин рафтан!!!

Аз Худованд мо натарсидем,
Балки ӯро дигар намедидем.

Мо, ки ношуста даст, нон хӯрдем,
Мо, ки ношустарӯ равон бурдем.

Ғорати халқи покҷон кардем,
Бо гунаҳ ҷони худ гарон кардем.

Ризқи мардум ба ком мебурдем.
Нони худро ҳаром мехӯрдем,

Нони дуздӣ, ки заҳри ҷони мост,
Ҳирси дунё, ки ҳамравони мост.

Аз ману ту фақат ҷаҳолат рехт,
Ҳирси мо хест, хоки моро бехт.

Аз  ниҳоди ту ҳирс чун вораст,
Сад  қасам дар забони ту бишкаст.

Чун даҳонат ҳамеша во гардид,
Ғори  ҳирсу кафи   бало гардид.

Пас Худо худ ҷаҳони моро баст,
Бо ниқобаш даҳони моро баст.

Хаста шуд ӯ зи макру фанди мо,
Аз ғурури раҳо зи банди мо.

Кард моро ба хонаҳо зиндон,
Кард моро зи ҳамдигар пинҳон.

Хонаи хешро ба рӯмон баст,
Беш аз инат чӣ гӯям, эй пулмаст.

Ҳайфи мо, ҳайфи ин мусалмонӣ,
Фисқу фаҳшу риёи пинҳонӣ.

Бехудо хонаи Худо мерафт,
Баҳри рӯпӯшии риё мерафт.

Бо ҳамин ҳирсу озу бедодӣ,
Ту  Худоро фиреб медодӣ!?

Офат омад зи пушти ҳар офат,
Наҳсу қаҳтӣ ба мушти ҳар офат…

Ҷаннате, ки ҷаҳаннамаш кардӣ,
Дар ғаму ғурбату ғашаш кардӣ.

Ҳар куҷо аз пасат фасод омад,
Аз ту таърих ҳам ба дод омад.

Хоки сурии Суриё хун шуд,
Дар Ироқ амри меҳр мадфун шуд

Хоки афғон ба хуни ӯ оғушт,
Аҷнабӣ аз чӣ омад, ӯро кушт?!

Дасти террор рӯи кор омад,
Ин чӣ даҳшат, ки  инфиҷор омад.

Мулки ободро кӣ вайрон кард?
Халқи осударо кӣ сарсон кард?

Ин абарқудратон, ки хунхоранд,
Аз чӣ иблисро ҳама ёранд?

Аз чӣ бераҳму нотавонбинанд,
Аз чӣ як умр дар сари кинанд?

Бе сару ҳуш одамон рафтанд,
Хонабардӯш одамон рафтанд.

Халқ сарсону бе дару хона,
Мулки обод гашт вайрона.

Одамӣ хоки одамиро бехт,
Хуни тифлону модаронро рехт…

Ҳукми марги ҳазорҳо марҳум,
Доду войи ҳазорҳо раҳгум.

Ман чӣ гӯям, ки ҳарф бисёр аст,
Одамӣ мортар зи ҳар мор  аст…

Панди ман ҳам агар наёрад суд,
Во дареғо! Бигӯямат: падруд…

Рондагашта ту аз биҳишти яқин,
Ронда хоҳӣ шуд аз биҳишти замин.

То ҷаҳон созад аз ту худро пок,
Сабзаи тоза рӯяд аз ин хок.

Тавба кун, тоза кун ниҳонатро,
Қалбу рӯву дилу забонатро.

Лоба кун, лоба, то Худо бахшад,
Бахшад оё туро? Чаро бахшад?…

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири хал
қии Тоҷикистон,
Ходими адабии АМИТ «Ховар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *