БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГИИ КИШВАРҲОИ АБАРҚУДРАТ ДАР МИНТАҚА

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз бархе аз кишварҳои абарқудрати минтақа бозии пасипардагро роҳандозӣ намуда, аз ин тариқ як навъ нобовариҳоро дар миёни ҷомеаҳои шарқию ғарби тавлид карда, барои ба даст овардани манфиатҳои геополитикии худ аз ягон амали ғайриқонунӣ даст намекашанд. Бо баҳонаҳои зиёд ба кишварҳои Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва ғайра қӯшун дароварда, садҳо ҳазор одамони бегуноҳро нобуд карда, барои боигарии табии онҳоро соҳибӣ намудан кӯшиш доранд. Мисоли равшани онро мо дар кишвари ҳамсоя Афғонистон мебинем, ки мардумонаш аз офати даргириҳои тӯлонӣ солҳост ранҷ мебаранд.
Имрӯз ҳаракати «Толибон» дар Афѓонистон ҳокимиятро ба даст оварда, мувофиқи талаботҳои худ мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Баробари ин дар ин кишвар қувваҳои бадхоҳ, яъне сафи террористону экстремистон афзуда, бархе аз онҳо ба мисоли Давлати исломии Ироқу Шом, Ал-Қоида барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд.
Афғонистон имрӯз тахтаи шатранҷро мемонад, ки болои он мусобиқаи кишварҳои абарқудрати ҷаҳон идома дорад. Новобаста аз он, ки дар ин бозӣ кӣ пирӯз мешавад, сахт нигаронем, ки баҳои он боз хуни садҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ва гурезаву беватан шудани миллионҳо нафар афғони ҷафокаш хоҳад буд. Адолати таърихӣ он аст, ки дар давлатдорӣ ҳатман ҳамаи қавму миллатҳои дар мамлакат сукунатдошта дар симои намояндагони арзанда ширкат варзанд. Ҳама талошҳои ҷомеаи демократии дунявихоҳ, аз ҷумла Тоҷикистон барои таъсиси ҳукумати фарогири тоифаҳои мухталифи сиёсӣ мебошад, ки ҳаракати “Толибон” ин адолатро сарфи назар кардааст. Тамошои наворҳо аз дабистонҳои фаъолиятдоштаи Афғонистони имрӯза шаҳодат медиҳанд, ки бо пардае ҷудо кардани писарону духтарони як синф меъёри башарӣ набуда нишонаи ҷаҳолат мебошаду бас. Дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибонтабор маҳз аз ифротгароӣ далолат медиҳаду ба “шариати исломӣ” алоқамандӣ надорад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва мардуми таҳҷоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро решаҳои сершумори фарҳангиву забонӣ ва ҳоказо мепайвандад, аз ин лиҳоз тақдири онон тоҷиконро бефарқ гузошта наметавонад. Ҷоиз ба қайд аст, ки мавқеи одилона ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати дарки масъулият ва матонати миллӣ асту то ба ҳол сиёсатмадори дигаре чунин бузургӣ зоҳир накардааст. Ҳифзи сарҳадоти байнидавлатӣ ва ҷонибдории ҷабҳаҳои озодихоҳон бо сардории Аҳмад Масъуд аз заковати сиёсиву дониши таърих ва дурандешиву хирадмандӣ сарчашма мегирад, ки шоистаи дастгирӣ ва пайравии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Бояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад, ки исботи воқеии он ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми тоҷики тамаддунофар хоҳони ононанд, ки дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя низ чунин раванд ҳукмрону пойдор бошад. Дар ин ҷода омодаанд, ки бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ сиёсати хирадмандонаю дурандешона, оқилонаю одилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сидқи дил дастгирӣ намоянд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *