БЕШАРАФӢ АЗ РОҲГУМЗАДАГИСТ

Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии  хоинони миллат бо санаду далел ва мисолҳои зиёде борҳо навиштаем. Ин навбат оид ба рафтору гуфтори хиёнаткор Муҳаммадиқболи Садриддин на чандон дури  назар андӯхта, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Намедонам хонандаи закӣ чӣ андеша дорад, лекин барои ман сухани шахсе, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надорад ва ҳатто бо падари худ ҷангиву қаҳрӣ буд ва ана ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз худро мусалмони рақами як тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини Ислом ва озодандешу мубориз мешуморад. Дар асл Муҳаммадиқбол  раҳгумзадаи бешарафе ҳаст, ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд. Аз рӯи далелҳои мавҷуда ва ахбори сомонаҳои иҷтимоӣ падари Муҳаммадиқбол – Қаландар Садриддинзода, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом буд ва ячейкаи онро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард ва моҳи марти соли 2019, дар Полша аз дунё гузашт. Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд,ки Муҳаммадиқбол дар вақт дар Олмон бо визаи шенген зиндагӣ мекард ва ҳуқуқи роҳат ба тамоми кишварҳои Аврупо сафар карданро дошт. Аммо ба ҷанозаи падараш наомад ва сабабаш бо падари худ дар қаҳру ҷанг қарор доштанаш буд.

Мо дар мақолаи хеш бештар калимаи бешарфиро нисбати Муҳаммадиқбол раво дидем. Зеро бешарафии Муҳаммадиқбол аз ҷониби кумондонҳои ифротии Афғонистон, бахусус афроде бо номи кумондон Fулом  бо далелҳои раднашаванда дар филми ҳуҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешрафӣ” баён шуда, тасдиқи худро ёфтааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки ин роҳгумзадаи бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло барои амалҳои  навбатиаш  дар назди хоҷагонаш  чӣ сарфу харҷ мешавад ҳисобот медиҳад. Алҳол Муҳаммадиқбол бо ҳамкории роҳбари  ТТЭ ҲНИ Кабирӣ бо навбат  баромадҳо ташкил ва баргузор менамояд. Масалан дар давоми моҳи сентябри соли равон тариқи барномаи ифротиаш Муҳаммадиқбол баромад намуда, оид ба масоили интихоботи роҳбари кишвар ва вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои носолими худро иброз намуд. Инчунин зимни баромадаш доир ба масаъалаи вазъи сиёсии имрузаи  кишвари ҳамсояамон Афғонистон сухан карда, ҷунбиши радикалии Толибонро ҷонибдорӣ намуд ва бо васила мехоҳад, ки гуруҳи мазкур пуштибонӣ намояд.

Ба хоинони миллат таъкид менамоем, ки аз минбарҳо нисбати масоили сиёсати дохилаву берунаи кишвари ҳамсоя садо баланд накунанд. Мо вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистонро медонем ва дарк мекунем. Баробари ин хотиррасон  менамоем, вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои охир дар ин кишвари ҳамсояамон ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст. Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Афғонистон раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Кишвари мо ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Хулоса имрӯз ҳадафҳои хиёнаткоронаи Муҳаммадиқболи бешараф ва умуман хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рӯ, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!

 

                                                    Д.ШАРИПОВ,

                                                    устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *