Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ оид ба Анҷумани “Паймони миллӣ” ва ҳадафаҳои ғаразноки М. Кабирӣ

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи таҳлилии Додоҷони Атовулло бо номи “Каванда” ба нашр расид, ки дар он кирдорҳои хиёнаткоронаи раиси Анҷумани “Паймони миллии Тоҷикистон”, раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ фош карда мешавад. Бо сархатҳои хеле ҷолиб муаллиф дар бораи рафтори ношоистаи М. Кабирӣ ёдовар шуда, ӯро маҳкум бар он менамояд, ки як ҳизби сиёсии бонуфуз ва собиқадорро пора-пора кард, садҳо нафар маҳз бо айби ӯ зиндонӣ шуданду зану фарзандонашон ятиму бепарастор монданд.

Мо хуб медонем, ки қариб як соли охир дар рафтору гуфтори М. Кабирӣ дигаргуниҳо эҳсос мешавад. Ба назар мерасад, ки артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон рижессёри дигаре пайдо кардааст. Ва номи ин режессёр ҳам маълум шуд.

Дадоҷони Атовуллоҳ дар пароканда шудани Анҷумани нируҳои созанда, ки ӯ раҳбарӣ мекард, ҲНИ ва раисаш Муҳддин Кабириро айбдор мекунад. Мавҷи нави танқидҳои  Д. Атовуллоҳ аз ҲНИ ва Кабириро баъзеҳо барои андохтани ҷудоӣ аз Шарофиддин Гадоев истифода кардаанд. Кабирӣ мехоҳад тамоми  мухолифинро дар зери чатри ҲНИ ҷамъ биорад, яъне Кабирӣ мехоҳад пешво бошад. Кабирӣ  мехоҳад  як оппозитсияи муосир ва демократӣ руйи  кор  биояд ва ҳама дар гирди  ӯ ҷамъ шаванд.

 Агар Кабирӣ  сиёсатмадор мебуд, стратег мебуд, як ҳизби калонро ба ин ҳол намеафканд. Сабаби зиндон шудан  ва муҳоҷир шудани ҳазорон тарафдоронаш намегашт. Дар Наҳзат бисёр шахсони калидаяш аз рафтору кирдори Кабирӣ бо танг омадаанд. Шояд онҳо ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Яке аз онҳо Аёмиддин Сатторов мебошад, ки дар як филми мустанад ҳама фикру мулоҳизотошро баён дошт.

Аз ин рӯ, Кабирӣ мехоҳад барои худаш як “запасной аэродром” бунёд бикунад. Журналистону эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони кор ноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ биёварад ва терроризми (оппозитсияи)  нав созад, ки унвонаш бо номи “ Ислом” набошад ва худ Пешво бишавад.

Албатта, дар чунин як шароити бисёр вазнини ҷаҳонишавӣ ва муборизаи абарқудратҳо мо бояд ҳушёру зиркаии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу осоиштагии Ватан бирасем ва нагузорем, ки душманону бадхоҳни миллат даст ба амалҳои ношоиста зада, ба обрӯву нуфузи кишвар латма ворид созанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *