БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ  МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Мутаассифона, имруз, бо баробарии паҳншавии бемориҳои сироятӣ короновируси “COVID-19″  инсоният мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.  Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ , аз қабили ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Дар иртибот ба ин мисол меорем, ки яке аз хиёнаткори миллат Муҳиддини Кабирӣ мебошад, ки ӯ бо пайравонашон ба як ҳаракати ба ном «Паймони миллӣ» муттаҳид шуда, бахусус ҷавонони соддаву камтаҷрибаро  дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд.  Ва чуноне,ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон ин хоинони миллат ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори роҳбари давлат ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафашон маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Воқеан ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар чунин вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти коронавирус, ки тамоми башарият ба он муқовимат мекунад, ин хоинон, аз ҷумла  Кабирии мазҳабфурӯши хоин худро “ҳомии миллат” эътирооф кардаву аммо дар асл миллату Ватанро аз зеҳнаш дур кардаву зоҳиран бо ғаму андӯҳ, ботинан бошад бо шодиву сурур аз канор ба дарди ҳаммиллати мазлуму ҷабрдида аз хурсандӣ меболанд, чунки танҳо дар сурати аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ин хоинону душманони миллат ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш дорад..

Пӯшида нест,ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ҳар як миллату давлате ба худ мушкилотҳои иқтисодиву иҷтимоии худро дораду кишвари Тоҷикистон низ аз он истисно нест.хама мухолифони давлатҳои дигар ба ҳам омада баҳри аз вазъияти ба вуқӯъ омада баромадан ба ҳам меоянду  “ҳаммиллатон” –и мо бо номи мухолиф кори душманона карда, нуфузу мартабаи миллату давлати тоҷиконро дар арсаи сиёсӣ паст фуроварда назди хоҷаҳои хориҷиашон мехоҳанд холҳои сиёсӣ ба даст оранд. Бо ҳамин мақсадҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ пайравонаш чун Салимпур, Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо, ҳамарӯза дар сомонаҳои интернетӣ бо суханҳои бофтаву бардурӯғ фаъолиятҳои экстремистиву ифротиашонр амалӣ намуда истодаанд.

Бинобар ин  баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайрави аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзона ва раъиятпарвари миллат аз ҳар як фарди баору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб намуда, накӯкориву поквиҷдонӣ, ростқавливу ҳақиқатпарастӣ, ватандӯстӣ ва содиқонаву софдилона хизмат намудан ба миллату давлат нишон аз ҷавонмардӣ ва инсондӯстиву шарафмандист. Пас ҳар яки моро месазад, ки дар пайрави аз ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушди устувори кишварамон камари  ҳиммат баста ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти кишвар ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасаро дар хизмати содиқона ба миллату давлат ва Ватани азизу ҷоноҷонамон Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода, амалҳои хоинонаву разилонаи душманони миллату давлатамонро сахт маҳкум намуда, барои пурра решакан намудани гурӯҳҳову ташкилотҳои бо ном экстремистиву террористӣ муборизаи беамон хоҳем бурд.

 

                                      Ҷӯраев Ҷ.Б.-мудири маркази

банақшагирӣ ва машварат

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *