ҚАҲРАМОН КИСТУ ДУШМАНИ ХАЛҚУ ВАТАН КИСТ?

 Бадбахтии ба сари инсоният омада дар шакли вируси маккори тоҷдор роҳбарияту сохтори тамоми кишварҳои дунёро имтиҳон намуда истодааст. Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ ба монанди ИМА, Британияи Кабир аз ӯҳдаи саривақт, фаврӣ дидани чораҳои баромадан аз панҷаи ин вирус баромада натавониста, эпидемияро ба пандемия табдил доданд. Кишварҳои системаи муташаккили тиббӣ дошта ба монанди Хитой ва Россия аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо талафи камтарин баромада истодаанд.

Акнун ин имтиҳони ҷиддӣ ба кишвари мо ҳам омад. Пӯшида нест, ки мо аз ҷиҳати иқтисодӣ шароити хуб надорем. Лекин ин сабаб намешавад, ки ба таҳлука афтем. Аз як тараф мо дар мубориза бар ин имтиҳон танҳо нестем. Ба мо аз кишварҳои ҷаҳон аз оғози саршавии эпидемия ёрии башардӯстона ворид шуда истодааст.

Ба монанди ёрии башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 вагон ки, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст.

Ҳукумати Федератсияи Россия яке аз аввалинҳо шуда, дасти ёрӣ дароз намуда, ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона дар шакли тестҳои муайянкунии вируси COVID-19 ва дигар воситаю таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод намуд. Тирамоҳи соли 2019 Россия ба мо 10 ҳазор тонна орд барои камбизоатон фиристода буд.

Гранти Иттиҳоди Аврупо ба маблағи 48 миллион евро (ёрии бебозгашт) ва 30 миллион евро кредит. Бонки умумиҷаҳонии рушд ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллари ИМА, ҳукумати Германия ба Тоҷикистон 1 миллион евро барои таъҷилан ҷавоб гардонидан бар зидди коронавирус ва харидани воситаҳои ҳифз ва таҷҳизоти тиббӣ ҷудо намудаанд. Ҳукумати ИМА бо воситаи агентии USAID ба Тоҷикистон ба маблағи 869 ҳазор доллар, Бонки осиёгии рушд ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ҷудо намуданд. Кӯмаки башардӯстонаи Хитой дар шакли тест барои 2 ҳазор тадқиқоти коронавирус ва миқдори зиёди воситаҳои тиббии ҳимоявӣ. Идораи швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ ва дастгирии техникии ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон воситаҳои фардии ҳимоя ва мавод ба маблағи 50 ҳазор доллар фиристод. Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ нуқтаи назоратию гузаргоҳии Кулмаро бо таҷҳизоти тиббӣ, дорувор ва кормандони тиббӣ таъмин намуд. Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон маблағи 189,5 миллион доллари ИМА барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ҷудо намуд. Чунин мисолҳо бисёранд.

Аз дигар тараф бизнесменҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва дар хориҷи кишвар будагон дар мубориза бар зидди вабои аср бетараф намебошанд. Ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатон, бекорон кумаки моддию пулӣ мерасонанд.

Дар замони мушкили пандемия ин ёриҳои ба кишвар, муассисаҳою кормандони тиб, камбизоатон расонидашуда қаҳрамонӣ мебошад. Гарчанде, ки кишвари мо бой нест, мо системаи муташаккилонаи тиббӣ дорем. Пизишкон, духтурони оддӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи оддӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст.

Яке аз сабабҳои номуташаккилии кишварҳои абарқудрати ИМА, Британияи Кабир ва амсоли онҳо дар он аст, ки онҳо 30 сол пеш аз эмкунии саросари мардуми кишварашон баҳри пешгирӣ намудани касалиҳо даст кашида будаанд. Шукри худо мекунем, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ нашудааст.

Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мо дар ин мубориза бетараф нестанд. Бо кӯмаки моддӣ, маслиҳати оқилона, муташаккилона риоя намудани тавсияҳои духтурон ва дигар мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳанд.

Лекин аз дигар тараф душманони халқу ватан, зархаридони хориҷӣ аз ин фурсати қулай истифода бурда, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии моро заҳролуд намоянд. Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд.

Ба ҳамшаҳриёнамон, алалхусус ҷавонон муроҷиат намуда, мегӯем, ки ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо бовар накунанд. Имрӯз онҳо аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд. Мо нағз медонем, ки аз сиёсатбозии чунин палидон кишвари мо ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда, қариб 160 ҳазор одамон кушта шуданд. Рушди иқтисодиёти кишвар ба даҳсолаҳо қафо партофта шуд. Магар даъвати ин палидон набуд, ки наздик 2 ҳазор ҷавонони роҳгумзадаамон дар ДИИШ беватан хору зор шуда, аз зану фарзанд ҷудо мондаанд. Ин фардони бефарҳанги оқипадар аз аввал душмани халқу ватан буданд, мемонад ва то ҳол номи тоҷикро дар ҷаҳон доғдор намуда истодаанд. Дар замони дар сари қудрат буданаш Кабирӣ беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро бо 10 гектар замини атрофаш фурӯхт. Саид Юнуси Истаравшанӣ бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо хариду фурӯши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Худи ӯ эътироф намудааст, ки бобояш босмачӣ аст ва мо кӣ будани босмачӣ ва қӣ мақсад доштани босмачиҳоро хеле хуб медонем. Барои ин шармандаҳои миллат ягон чизи муқаддас, шахси барӯманд вуҷуд надорад. Барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯиистеъмол мекунанд. На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш ба Полша аз Фаронса рафтааст, гарчанде ки байни ин кишварҳо раводид (виза) доштан зарурат надорад.

Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст?

Чӣ тавре, ки мебинед, дар замони имтиҳони ҷиддии ба сари аҳли башар омада яке қаҳрамонона мубориза мебарад, дигаре дасти ёрӣ дароз мекунад, сеюмӣ бо риояи тавсияҳои ҳатмии мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳад. Лекин душманони мо аз ин вазъияти мушкил сӯиистеъмол намуда, мардумро ба гумроҳӣ меандозанд, ба гурӯҳҳои ба ҳамдигар зид табдил медиҳанд, то ин ки ба мақсадҳои нопоки худ нил шаванд. Вақти он расидааст, ки мо дӯсту душманро аз ҳамдигар фарқ намоем, ба разилони халқу давлат ҷавоби сазовор дода тавонем.

 

Иброҳимов И.И.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *