АҚЛИ СОЛИМРО ГУМРОҲ НАМУДАН ИН ҶИНОЯТ АСТ!

Осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан хиёнат ба Ватан ва ҷиноят аст. Зеро дар назди таърих, ки 30 сол ин мӯҳлати на он қадар зиёд аст ва 10 соли онро ҷанги шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, бунёди давлати демократӣ на ба ҳаммаи халқҳои сайёра муяссар гардидааст, ин пеш аз ҳама бо талошҳои халқи тоҷик ба миён омадааст, ки ин такя ба хиради олии мардум аст.

Ҳарчанд, ки мардуми тоҷик имрӯз аз илми муосир огаҳи дораду бо азхудкунии илми ниёгон ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва мавқеъи созгорро соҳиб гашта истодаанд, шахсони бо ном гӯё ватандӯсту муаммоҳои мавҷударо аз нуқтаи назари худ бо ивғонагезӣ ҳал менамоянд, бояд донанд, ки роҳи каҷ онҳоро ба мақсад намерасонад ва баръакс худро ба давлатҳои бегона хору зор ва умри додаи худовандро бо пайвандон дар машаққат мегузаронанд.

Дар барномаи“Минбари муҳоҷир ”, ки санаи 4 августи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ Муҳаммадиқболи Садриддин баромад намуд, бори дигар собит менамояд, ки ӯ худ на танҳо хоҳиши пойдории сулҳ, балки ҳаракатҳои ғайриқонунии худро анҷом дода истодааст ва бо суханҳои беасос мардумро гумроҳ мекунад.

Ҳар як инсон дар ҳаёти кӯтоҳи худ бо амале, барои ҷомеа нафъи худро гузорад, ки ин пеш аз ҳама гӯшаеро обод кунад, дарахтеро парвариш кунад, фарзандро тарбия намуда, илму ҳунар омӯзонад. Вале, хоинони миллат дар амалҳои худ ягон кореро, ки ба манфиати ҷомеа ҳаст нишон дода наметавонанд, чунки далелҳои воқеи надоранд, ба ғайр аз иҷрои супоришҳои хоҷагон, ки муфт мабалағгузорӣ мекунанд.

Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд.

Ҳамватанони азиз !

Ба Шумо муроҷиат намуда пурсонам, ки имрӯз барои худ ва ҷомеъа чӣ кореро анҷом додед ва чӣ ниятҳои нек доред. Ва ин саволро аз хоинони миллат низ пурсон шавед. Он гоҳ ҳақиқати ҳолро мефаҳмед, ки амали ивғоангезанда ҳеҷ гоҳ нияти нек надорад ва шояд дар фиреби хоҷагони хориҷӣ афтодаанду пушаймон бошанд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

БОБОЕВ Б.Ё.,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва

таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *