Изҳороти шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварати ДИС ДДТТ нисбати  баромади дағалу бемантиқи хоини кишвар М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Мо кормандони шуъба  шоҳиди он гардидем, ки санаи 04 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир” яке аз хоини кишвар Муҳаммадиқболи Садриддин худро боз “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуда, нисбати фаъолияти роҳбарияти кишвар, раисони вилоятҳо ва сиёсатии кадрии давлату ҳуқумат ғайбату тӯҳмати беасос намуд. Баробари ин сабти чорабиниҳои фарҳангӣ-адабиро намоиш дода, бо шарҳу эзоҳи ифротӣ масъалаи либоспӯшии ҷавонондухтаронро бо таври худ аз ҷиҳати сиёсӣ баҳо дода, барои пӯшидани сатру ҳиҷоб даъват намуда, бо ин восита худро дар байни занон ҳамчун «ғамхор» нишон дод. Аммо мардум аллакай аз ҳилаю найранги Муҳаммадиқбол хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ӯ эътибори ҷиддие  намедиҳанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бояд донад, ки занони бошарафи тоҷик дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳоло низ бо либосҳои миллӣ, бо руймол ба кор мераванд ва аз ҷониби ягон роҳбари корхона ё шахси масъул далели аз сар гирифтани руймоли коргарзан ба қайд гирифта нашудааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки гузаштагони мо ҳаргиз либоси сиёҳу кабуд ё хокистариро хуш надоштанд, онҳо ин гуна рангҳоро дар либос фақат рӯзҳои сӯгворӣ мепӯшиданд, бо дидани занони сиёҳпӯш зуд фаҳмида мешуд, ки ин хонум сӯгвор аст ва ҳамдардӣ мекарданд. Албатта имкони ёдоварӣ аз таърихи фарҳанги либоспӯшиву зебоипарастии мардуми тоҷик дар имкони ин изҳорот буда, мо бояд аз таърихи фарҳанги миллати худ бештар бидонем, ки заминаи имрӯзу фардои мост.

Инчунин Муҳамдиқболи Садриддини бешараф  зимни суханрониаш дар бораи номгузории шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоти деҳотҳо сухан намуд, ки он ягон асосе надорад. Масалан эрод гирифт, ки Дарбанд ба Нуробод номгузорӣ шудааст. Хонандаи закӣ хуб дарк мекунад, маънои калимаҳои Дарбанду Нурободро!. Бояд хотиррасон кард, ки бо назардошти пешниҳод ва ҳоҳиши шаҳрвандон ва тибқи қарори дахлдори комиссияи босалоҳият номи ҷамоати деҳот ва шаҳру ноҳияҳо ивазу тағйир дода мешаванд.

Муҳаммадиқбол дар фарҷоми намоиши сохтакораноааш ба суолу ашхоси ному насаб ва симою суханрониашон ғайриоддӣ аст посух дода, баробари ин ба як кӯдаки 3-соларо ба сиёсати худ ҷалб намуд..Дар ҷараёни суолу ҷавоб кӯдаки 3 сола посух дод, ки дар хонаашон барқ нест, яъне маҳдудияти барқ мавҷуд аст. Ҳол он, ки дар кишварамон маҳдудияти барқ аз интиҳои соли 2016 аз байн рафтааст. Тасаввур кунед кӯдак 3 сола чиро медонад?! Ба ҷои кӯдакро тасаллӣ додан, баръакс ҷои зист ва мӯҳоҷири меҳнати қарор доштани падарашро пурсон шуда, оқибат кӯдакро ба ҳолати ногувор монд, гарчанде ин намоиш (спектател) бошад ҳам.

Инчунин дар рафти баромадаш дастовардҳои беназири Тоҷикистонро нодида гирифт. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки воқеан рӯз аз рӯз симои шаҳру ноҳияҳои кишвар дигаргун шуда, ба он ҳусни зебоӣ замима мегардад. Имрӯз, ки миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонҳои НБО-и “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтӯда-2”, Шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, нақбҳои «Истиқлол» ва “Шаҳристон”, роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ифтихор дорад.

Бо нардошти масъалаи матраҳгардида дар фарҷоми изҳороти хеш  ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, баракс сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро тарафдорӣ мекунем.Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоҳем намуд!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *