М. САДРИДДИН МИСЛИ РӮБОҲ МАККОР АСТ!

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ ивротӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин  истифода мебаранд. Чунончӣ яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо даъвоҳои пучу бемаънӣ боз дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, барои роҳандозӣ кардани ҳамаи нақшахои палидонаи худ аз хеҷ кори сиёҳашон даст накшиданаш бори дигар ба назар расид. Муҳаммадиқбол дар аксари баромадҳояш ҳамчун “уламои дин” худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ карда, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд ва ҳатто аз бешарафиаш шармаш намеояд. Агар ҳар шахс гуфтору рафтори Муҳаммадиқболро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намояд, ў монанди амали зишту бадкинаи рӯбоҳи маккор  аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавонон ҳамчун ояндагони миллат аз ин мунофиқон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

НЕЪМАТОВ М.А.,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *